Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

0:5. Боз як шикасти сахти "Равшан". Ин бор аз "Ал-Сувайқ" (ВИДЕО)


Бозии "Равшан" ва "Ал Сувайқ"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:23 0:00

Навори бозии "Равшан" ва "Ал Сувайқ"

“Равшан”-и Кӯлоб", ки амалан бо ҳайати дувумаш ба дидори "Ал-Сувайқ"-и Уммон рафт ва аз дарвозааш 5 тӯби беҷавобро сар дод ва аз дастаи меҳмонон шикаст хурд.

Ин бозии даври панҷуми Ҷоми АФК-2014 дар гурӯҳи «А» миёни дастаҳои «Равшан» ва «Ал-Сувайқ» дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ соати 15.00 баргузор шуд.

Ба ин бозӣ гурӯҳи ҳакамон аз Мянмар бо раҳбарии Чо Вини 40-сола, довари ФИФА, хидмат мекунанд. Мое Аунг ва Зейн Хан ёварони сардовар мебошанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба дӯши Азиз Осимов аз Узбакистон аст. Ҷаясурия Де Силва аз Шри-Ланка комиссари ин бозӣ таъин шудааст.

Дар дақиқаи 24-уми бози Муҳаммад Солеҳ, футболбози "Ал-Сувайқ", ба дарвозаи "Равшан" гол зад ва ҳисобро кушод.

Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоб 0-1 ба анҷом расид, аммо дар нимаи дувум меҳмонон 4 туби дигар ба дарвозаи "Равшан" ворид карданд, ки ҳисоб 0-5 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт.

Аҳволи бади "Равшан"

Қаҳрамони ду соли охири футболи Тоҷикистон - "Равшан"-и Кӯлоб дар ҳоле ба бозии имрӯза меравад, ки дар арафаи мавсими имсола бе спонсор монд ва ба мушкилоти сахти молӣ гирифтор шуда, аксари бозигарони дастаи асосиашро аз даст дод. Ахиран Дилшод Шарифов, менеҷери "Равшан" ҳам аз ин мақом истеъфо дод, аз ҷумла ба ҳамин далели кӯтоҳии молии ин тими футбол.

Дилшод Шарифов рӯзи 9 апрел дар нишасти хабарии пеш аз бозӣ бо "Ал-Сувайқ" гуфт: «Ман дастаро аз ҷиҳати молӣ таъмин карда натавонистам, бинобар ин аризаи истеъфо навиштаам. Минбаъд чунин вазъ тоқатнофарсо аст. Бозӣ бо «Ал Сувайқ» охирин бозиест, ки ман ба ҳайси менеҷери бошгоҳ иштирок мекунам.» Шарифов дар ҳар сурат, изҳори умед кард, ки дастаи "Равшан" комилан пароканда нахоҳад шуд, балки ҳадди ақал бо дастаи ҷавононаш дар чемпионати имсолаи лигаи олии футболи Тоҷикистон бозӣ хоҳад кард.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи лигаи олии Тоҷикистон имсол як ҳафта дертар - рӯзи 12 апрел шурӯъ мешавад. Иллати пули чемпионатро супурда натавонистани 4 даста, аз ҷуумла "Равшан" буд. Рӯзи 8 апрел масъулони Федеросиюни футболи Тоҷикистон хабар доданд, ки ду даста - "Равшан"-и Кӯлоб ва "Энергетик"-и Душанбе ҳанӯз пули ширкаташонро насупурдаанд.
Зайнуллоҳ Соҳибов - бародари Муҳаммадзоҳир Соҳибов- ҳангоми ба "Равшан" супурдани Ҷоми қаҳрамони футболи Тоҷикистон
Зайнуллоҳ Соҳибов - бародари Муҳаммадзоҳир Соҳибов- ҳангоми ба "Равшан" супурдани Ҷоми қаҳрамони футболи Тоҷикистон
"Равшан"-и Кӯлоб нахустин қадамҳояшро ба сӯи қаҳрамонии футболи миллӣ дар соли 2009 таҳти спонсории соҳибкори маҳаллӣ Сафармард Рустамов, мулаққаб ба "Кабуд", оғоз кард. Баъди дар соли 2011 маҳкум ба зиндон шудани Рустамов бо ҷурми дашном додани довар дар бозии "Равшан" бо рақиби асосиаш - тими "Истиқлол"-и писари раисиҷумҳур Рустами Эмомалӣ - сарпарастии "Равшан"-ро бо амри президент Эмомалӣ Раҳмон ширкатҳои тиҷории марбут ба домоди ӯ Муҳаммадзоҳир Соҳибов бар ӯҳда гирифтанд. Аммо имсол ин ширкатҳо аз идомаи таъмини молии "Равшан" даст кашиданд ва дар натиҷа аксари бозигаронаш тарки Кӯлоб карданд. Аз ҷумла нишонзани асосии даста Девид Мауто ба дастаи рақиби асосии "Равшан" - "Истиқлол"-и Душанбе гузашт. 7 бозигари дастаи асосӣ, бо шумули Соломон Течи ахиран бо "Далерон"-и Истаравшан қарордод бастанд.

"Равшан" дар чунин шароит ва амалан бо дастаи дублёрҳояш ба бозии "Ал-Сувайқ" меравад. Аммо Ғайрат Мираҳмадов, сармураббии «Равшан», рӯзи 9 апрел ба хабарнигорон гуфт, «баъди аз даста рафтани якчанд бозигари асосӣ мо қариб ки бе ҳимоятгар мондем. Ҷойи онҳоро бозигарони ҷавони бетаҷриба мегиранд. Бар замми ин дар бозӣ бо «Ал Сувайқ» яке аз бозигарони асосии мо – ҳимоятгар Мӯсо Содиқ, ки ду корти зард гирифтааст, иштирок намекунад. Мутаассифона, мо ба ин бозӣ низ омодагии хуб надидаем. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, барои ғалаба мубориза мебарем.»

БОЗИИ АВВАЛ РӮЗИ 25-УМИ ФЕВРАЛ “РАВШАН” - "АЛ-СУВАЙҚ” 1-3

Ёдовар мешавем, дар бозии аввали ин дастаҳо, ки 25-уми феврал дар Умон барпо гардида буд, “Равшан” аз "Ал-Сувайқ” бо ҳисоби 1-3 мағлуб шудааст.

Бозии дигари даври панҷум дар гурӯҳи «А» миёни дастаҳои «Зат Рас»-и Урдун ва «Сафо»-и Лубнон шаби чоршанбеи 9-уми апрел бо ҳисоби мусовии 0-0 хотима ёфт.

Дастаҳои “Ал-Сувайқ” ва “Равшан” новобаста аз натоиҷи бозиҳои боқимондаи сабқати гурӯҳӣ аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум шудаанд. Барои роҳхат ба даври чорякниҳоӣ тимҳои пешсаф – “Сафо” ва “Затрас” талош доранд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «А»
ҶДастаҳоБҒМБТИ
1«Сафо»54105-113
2«Зат Рас»53119-410
3 «Ал Сувайқ»52038-46
4«Равшан»50055-180

Давраи гурӯҳии Ҷоми АФК-2014
Тақвими бозиҳои гурӯҳи «А»

Даври 1-ум
25-уми феврал (сешанбе)
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Равшан» (Тоҷикистон) – 3-1
«Сафо» (Лубнон) - «Зат Рас» (Урдун) – 1-0

Даври 2-юм
11-уми март (сешанбе)
«Зат Рас» (Урдун) - «Ал Сувайқ» (Умон) -1-0
12-уми март (чоршанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Сафо» (Лубнон) - 1-2

Даври 3-юм
18-уми март (сешанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Зат Рас» (Урдун) -2-3
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Сафо» (Лубнон) - 0-1

Даври 4-ум
2-юми апрел (чоршанбе)
«Зат Рас» (Урдун) - «Равшан» (Тоҷикистон) - 5-1
«Сафо» (Лубнон) - «Ал Сувайқ» (Умон) – 1-0

Даври 5-ум
9-уми апрел (чоршанбе)
«Зат Рас» (Урдун) - «Сафо» (Лубнон) – 0-0
10-уми апрел (панҷшанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Ал Сувайқ» (Умон) -0-5

Даври 6-ум
23-юми апрел (чоршанбе)
«Сафо» (Лубнон) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Зат Рас» (Урдун)
XS
SM
MD
LG