Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти “Равшан” ба “Сафо” бо ҳисоби 1-2


Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб аз тими “Сафо”-и Бейрут бо ҳисоби 1-2 шикаст хӯрд.

Ин бозии даври дувуми Ҷоми АФК (Конфедератсиюни футболи Осиё)-2014 дар гурӯҳи «А» миёни қаҳрамонони футболи Тоҷикистону Лубнон 12-уми март дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода бо ҳузури 7000 тамошобин баргузор шуд.

Дар дақиқаи 23-юми нимаи аввали дидор бозигари "Сафо" Нур Мансур аз ҷаримаи 11-метра ҳисобро боз кард. Дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 69-ум, ҳамлагари "Равшан" Соломон Течи, легионери африқоӣ аз Гана, тӯбро бо сар вориди дарвозаи "Сафо" кард ва ҳисобро баробар намуд. Голи дувум ва ҳалкунандаи меҳмононро Ҳасан Ҳазимеҳ дар дақиқаи 82-юм ба самар расонд.

Ҳайати “Равшан” дар ин бозӣ чунин буд: Рустам Ризоев, Далерҷон Тухтасунов (капитан), Содиқ Мӯсо, Алексей Неъматов, Сайриддин Ғаффоров, Абдусамад Ҳоҷибоев (Муҳаммадҷони Ҳасан, 77), Ҳикматулло Расулов (Наврӯз Рустамов, 81), Соломон Течи, Давронҷон Тухтасунов (Нуъмонҷон Ҳакимов, 46), Ҳасан Рустамов, Бахтиёр Ҳасанов.

Дар ин бозӣ чаҳор бозигари “Равшан” – Бахтиёр Ҳасанов (15), Рустам Ризоев (21), Далерҷон Тухтасунов (43) ва Нуъмонҷон Ҳакимов (63) - огоҳонида шуданд. Инчунин ду бозигари “Сафо” – Муҳаммад Тамерҳаг (11) ва Константин Георгян (58) - кортҳои зард гирифтанд.



Дар бозии дигари даври дувум дар гурӯҳи “А” дастаи «Зат Рас»-и Урдун дар майдони худ бар тими «Ал Сувайқ»-и Умон бо ҳисоби 1-0 ғалаба кард. Ба ин тартиб дар ин гурӯҳ тими «Сафо»-и Лубнон, ки дар ду бозӣ пирӯз шудааст, бо 6 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Дастаҳои «Ал Сувайқ»-и Умон ва “Зат Рас”-и Урдун бо сеимтиёзӣ дар зинаҳои дувуму севум ҷойгир шудаанд. Тими “Равшан” бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.

Бозиҳои даври севум рӯзи 18-уми март баргузор мешаванд. “Равшан” дар майдони худ бо “Зат Рас” ва «Ал Сувайқ” бо «Сафо» рақобат мекунанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи гурӯҳи «А»

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Сафо» 2 2 0 0 3-1 6
2 «Ал-Сувайқ» 2 1 0 1 3-2 3
3 «Зат Рас» 2 1 0 1 1-1 3
4 «Равшан» 2 0 0 2 2-5 0

Давраи гурӯҳии Ҷоми АФК-2014
Тақвими бозиҳои гурӯҳи «А»

Даври 1-ум
25-уми феврал (сешанбе)
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Равшан» (Тоҷикистон) – 3-1
«Сафо» (Лубнон) - «Зат Рас» (Урдун) – 1-0

Даври 2-юм
11-уми март (сешанбе)
«Зат Рас» (Урдун) - «Ал Сувайқ» (Умон) -1-0
12-уми март (чоршанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Сафо» (Лубнон) - 1-2

Даври 3-юм
18-уми март (сешанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Зат Рас» (Урдун)
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Сафо» (Лубнон)

Даври 4-ум
2-юми апрел (чоршанбе)
«Зат Рас» (Урдун) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Сафо» (Лубнон) - «Ал Сувайқ» (Умон)

Даври 5-ум
9-уми апрел (чоршанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Ал Сувайқ» (Умон)
«Зат Рас» (Урдун) - «Сафо» (Лубнон)

Даври 6-ум
23-юми апрел (чоршанбе)
«Сафо» (Лубнон) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Зат Рас» (Урдун)
XS
SM
MD
LG