Пайвандҳои дастрасӣ

Питовдашт не, Раҳмонобод?


Сокинон ин шаҳраки хайманишин ба хонаҳои нави тозабунёд мекӯчанд

Сокинон ин шаҳраки хайманишин ба хонаҳои нави тозабунёд мекӯчанд

Сокинони шаҳраки тозабунёде дар Шуғнон ба нишони сипос ба президенти Тоҷикистон аз ҳукумати Бадахшон дархост кардаанд, ки исми ин маҳал “Раҳмонбод” шавад.

Сокинони деҳаи Питовдашт аз ҳукумати вилояти Бадахшон дархост кардаанд, ки исми шаҳраки тозабунёди онҳо ба Раҳмонобод табдил шавад. Ин сокинон гуфтаанд, ки ба нишони сипос ба кӯмаки саривақтии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар фурсати кӯтоҳ баъди офатҳои табии тобистони имсол барояшон 82 манзили нави зист бунёд шудааст, исми деҳаашон ба номи раҳбари кишвар гузошта шавад. Ғайрат Маҳмадшоев, як сокини Питовдашт ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди обхезиҳои шадид моҳи июл ва пурра хароб шудани хонаҳои онҳо, мардум ноумед шуданд, чунки тамоми молу дороиҳои худро аз даст доданд. Вале бо ваъдаи президент, онҳо дар фурсати 2 моҳ баъди фоҷеа дубора соҳиби хонаҳои нав шуданд, ки ба гуфтаи ӯ аз «хонаҳои пештара ҳам хубтар ҳастанд”.

Маҳмадшоев гуфт, ба хотири эҳтиром ба ин некии президент ва абадӣ мондани ин амали хайри ӯ мехоҳанд исми сарвари давлат ҳифз шавад. Ҳанӯз маълум нест, ки дархости сокинони Питовдашт пазируфта мешавад ё на. Ҳукумат то ҳол пешниҳодҳои ба президент додани "унвони падари миллат" ва ё ҳайкал гузоштан ба раисиҷумҳурро танҳо "баёни муҳаббати самимии мардум ба Эмомалӣ Раҳмон" арзёбӣ карда ва фаротар аз ин нарафтааст. Сайфулло Сафаров, муовини раиси

Сайфулло Сафаров

Сайфулло Сафаров

Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, ки хоҳиши сокинон метавонад ба инобат гирифта шавад, зеро мегӯяд ӯ “номи Раҳмон маъноҳои васеъ доред ва номи дигари худованд ҳам Раҳмон аст ва эҳтимол дорад, ки Раҳмонобод гузошта шавад. Вале ҳоло маълум нест, ки ҳуқуқшиносони ҳукумат чӣ мегӯянд,”- мегӯяд Сайфулло Сафаров.

Оқои Сафаров айни замон ин андешаро рад кард, ки чунин номгузориҳо нишонаи “кеши шахсияти президент” бошад. "Президент аслан шахсиятпараст нест. Хеле шахси оддӣ аст. Ман бо он кас солҳои зиёд кор кардам, медонам. Ӯ таърифу тавсифро хуш надорад", - гуфт Сайфулло Сафаров ва афзуд, ки худи президент, эҳтимолан, барои чунин коре иҷозат надиҳад. Амнияти Абдулназар, узви раёсати ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, ки ин гуна пешниҳодҳо қабл аз ҳама ба обурӯи президент ва фарҳанги сиёсии ӯ таъсири манфӣ мерасонанд.

Амнияти Абдулназар аз донишгоҳи маъруфи Ҳарвард намуна овард ва гуфт, ин мактаби олиро амрикоиҳо соли 1636 ба хотире ба номи Ҷон Ҳарвард гузоштанд, ки бо пули шахсии ӯ бунёд шуда буд. “Он чи ки аз

Амнияти Абдулназар

Амнияти Абдулназар

буҷаи давлат сарф мешавад, иртибот ба давлат дорад ва зарурат надорад, ки ба номи як шахсе унвон карда шавад,” - гуфт оқои Абдулназар. Бинобар маълумоти мақомоти Тоҷикистон, дар паи офатҳои табии моҳҳои июл- августи соли равон 8 нафар кушта ва манзили сокинони рустоҳои соҳилгузари вилояти Бадахшон ва водии Рашт хароб шуд. Мақомот хисороти офати табииро ҳудуди 100 миллион доллар ҳисоб карданд ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯмак хостанд. Кӯмаки башарии худро дар ин барномаҳо шарикони Тоҷикистон, аз ҷумла ИМА, Чин, Русия, Қазоқистон ва кишварҳои дигар дареғ надоштанд. Қарор аст, то аввали моҳи ноябр тамоми дигар хонаҳои осебдидаҳо, аз ҷумла дар Рашт ҳам сохта ба истифода дода шаванд.

Дар Тоҷикистон аз афзоиши "кеши шахспарастии президент" дар сатҳи матбуот интиқод мешавад. Пешвозҳои пурдабдабаву шеърхониҳои кӯдакон дар васфи президент, кишти гулу гулзор дар роҳи боздиди ӯ аз мардум ва ба саҳна роҳ ёфтани ситоишгарон ин ҳама "шоу"-и бузуреро мемонад, ки ҳар сол ба шаклу шеваҳои нав такрор мешавад. Худи президент борҳо чандин мақомдори алоҳида ва раҳбарони манотиқи кишварро барои "шахспарастӣ" ва тамаллуқкорӣ танқид кардааст. Аммо ин танқидҳо бетаъсир буда баъзе афрод ҳамоно талош мекунанд мавқеи президентро боло бурда, аз ӯ “шоҳи замон” ё “падари миллат” ном баранд. Истилоҳи “ҷаноби олӣ” аллакай ба як ҷузве аз мухотаби президент табдил шудааст. Ба назар мерасад, ки мақомот аз поён то ба боло тавсифи президентро замонати будани худ дар мақом арзёбӣ мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар сафаре ба манотиқи кишвар

Эмомалӣ Раҳмон дар сафаре ба манотиқи кишвар

Дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ қудрат дар дасти раҳброни дарозумр мутамарказ аст. Бо онки ин раҳбарон ба зарурати демократия дар кишварҳои худ таъкид мекунанд, вале танқидро қабул надоранд ва ба шунидани тамаллуқҳои шаҳдомез одат кардаанд. Маъруфтарин намунаи кеши шахсият дар мисоли раҳбари аввали Туркманистон Сафармурод Ниёзов дида мешуд, ки худро “туркманбошӣ” номида, дар саросари кишвар пайкараву муҷассамаҳо, аз ҷумла ҳайкали бузурги бо тилло бунёдшудаашро дар маркази Ашқобод гузошта буд. Вале бо сари кор омадани президенти нав – Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳайкалу пайкараҳои Туркманбошӣ нопадид ва баъзе исмҳои маҳаллу шаҳрҳо бо номи президенти нав иваз шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG