Пайвандҳои дастрасӣ

Ин аксро, ки рӯзи 10-уми ноябр дар саҳфаи Озодӣ дар Фейсбук гузошта будем, баҳси зиёди хонандагонро ба бор овардааст.

Аксари бинандагони саҳфаи "Озодӣ" дар Фейсбук дар пайи ин акс навиштаанд, ки "мардум аз шабакаҳои дохилии Тоҷикистон безор шуда, рӯ ба шабакаҳои ҷаҳонӣ овардаанд." Аз ҷумла, ба навиштаи Меҳровар "аз сабаби он ки каналҳои Тоҷикистон ягон чизи хуб надоранд, ин антеннаҳо аз тарафи халқ харида шудаанд.”

Бахтиёр Абдуллоев менависад, "бечора мардум антеннаҳои моҳвораӣ харидаанд, лекин барқ надоранд, ки истифодааш кунанд."

Дар ин замина Абӯалӣ гуфтааст, агар дар Тоҷикистон телевизионҳои ноқилӣ ва ё кабелӣ рушд мекарданд, хеле хуб буд. Дилноза мегӯяд, ки телевизонҳои ноқилӣ кайҳо боз дар Хуҷанду Душанбе вуҷуд доранд. Вале Бахтиёр Рустамов дар посух ба ҳарфҳои Дилноза навиштааст, ки телевизионҳои ноқилиро дар Душанбе бастаанд.

Манучеҳр Ҳазратов ин аксро чунин тасвир кардааст: "Ман аз хамсоя чӣ камӣ дорам?!"

Аммо хонандаи азиз, Шумо ба ин акс чӣ мегӯед?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG