Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Толибони Покистонро куштанд


Қатли Ҳакимулло Маҳсуд, зарбаи сахти дигаре ба яке аз гурӯҳҳои тарсноки тундрав дар Покистон аст.
Қатли Ҳакимулло Маҳсуд, зарбаи сахти дигаре ба яке аз гурӯҳҳои тарсноки тундрав дар Покистон аст.

Ҳакимулло Маҳсуд, раҳбари Толибони Покистон дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико кушта шудааст.

Бино ба гузориши Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ, Ҳакимуллоҳ Маҳсуд, раҳбари Толибони Покистон рӯзи ҷумъа дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар вилояти Вазиристони Шимолӣ кушта шудааст. Таҳрики Толибони Покистон, сарпарасти гурӯҳҳои тундрав дар ин кишвар буда аз Толибони Афғонистон ҷудо, вале як шарики он аст.

Пештар аз ин хабар, манобеъи амниятӣ дар Покистон гуфтанд, ки ҳавопаймои бесарнишин қароргоҳи тундравон дар рустои Данда Дарпахел, дар наздикии шаҳри Мироншоҳро ҳадаф гирифта ва дасти кам чаҳор нафарро куштааст. Ба гузориши Радиои Машъал, аввал гуфта мешуд, ки ронандаи Ҳакимулло Маҳсуд ва муҳофизи ӯ дар ҳамла ба ҳалокат расидаанд.

Як фармондеҳи Толибон, ки аз бурдани номаш ибо кардааст, гуфтааст, ки маросими дафни Ҳакимуллоҳ Маҳсуд, рӯзи шанбе дар шаҳри Мироншоҳ сурат мегирад. Вазиристони Шимолӣ, ки ҳаммарз бо Афғонистон аст, як минтақаи қабоилнишин ва ақибмондаи Покистон ва аз такягоҳҳои аслии Толибон ба ҳисоб меравад. Ҳакимулло Маҳсуд, моҳи августи соли 2009 баъди қатли раҳбари пешинаи Толибони Покистон, пешвои ин гурӯҳ шуд.

Дар ҳамон сол, ӯ дар як навор, ҳангоми видоъ бо маргталаби урдӯние дида шуд, ки 7 корманди Хадамоти Истихборотии Амрикоро дар Афғонистон кушт. Баъди ин Иёлоти Муттаҳида барои иттилооти арзишманд ва ё қатли Ҳакимулло Маҳсуд 5 миллион доллар подош таъйин кард. Додситонҳои Амрико мегӯянд, ки ӯ дар қатли маъмурони амниятии Иёлоти Муттаҳида даст доштааст.

Ҷен Псаки, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико, рӯзи ҷумъа гуфт, ки гузоришҳо дар бораи қатли Ҳакимулло Маҳсудро дидааст, аммо шарҳе дар ин бора надод. Қатли раҳбари Таҳрики Толибон, як зарбаи дигаре ба ин гурӯҳ аст, чун моҳи май муовини Ҳакимуллоҳ Маҳсуд дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин кушта шуд ва яке аз фармондеҳони боэътимоди ӯро моҳи гузашта дар Афғонистон дастгир карданд. Ҳакимулло Маҳсуд тақрибан 30 сол дошт ва борҳо дар бораи марги ӯ ҳам гузориш шудааст.
XS
SM
MD
LG