Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саъдуллоев ва Достиев нисфи бозорро ..."ҳадя" гирифтаанд


Санавбар Абдуллоева
Санавбар Абдуллоева

Вакили мудофеи додарарӯси раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Муҳибулло Саъдуллоев ва ҳамшарики ӯ Холназар Достиев 50 фоизи саҳмияҳои бозори “Ином” дар ноҳияи Шаҳритӯсро “ҳадя” гирифтаанд.

Саҳомдорони бозори “Ином” дар маркази ноҳияи Шаҳртӯс аз ҳукми Додгоҳи олии иқтисодӣ, ки 50 дарсади саҳмияҳои ин бозорро ба додарарӯси президент Муҳибулло Саъдуллоев ва шарики тиҷории ӯ Холназар Достиев дод, ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурдаанд. Онҳо мегӯянд, дар оинномаи ин бозор аз соли 2006 ин ду нафар аслан ба унвони саҳомдор зикр нашудаанд ва ҳаққе дар бозори “Ином” надоранд.

Аммо Қосим Қосимов, вакили мудофеъи Холназар Достиев ва Муҳибулло Саъдуллоев рӯзи 3-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки муваккилони ӯ бар асоси моддаи 606 ва 610-уми Кодекси шаҳрвандии Тоҷикистон даъвои 50 дарсади бозори “Ином”-ро кардаанд. Ин ду моддаи Кодекси шаҳрвандӣ шароит ва тартиби ҳадя додани молумулкро танзим мекунад. Қосим Қосимов гуфт: “Мувофиқи моддаҳои мазкури Кодекси шаҳрвандӣ, “шахсе, ки ҳадя дарёфт мекунад, ҳуқуқи моликият пайдо мекунад.”

Аз ин рӯ, шартномаҳои ҳадяҳо дар Оинномаи бозори “Ином” аз соли 2010 зикр шудаанд. Ба гуфтаи вакили Саъдуллоев ва Достиев, онҳо бар асоси шартномаи ҳадя даъвои 50 дарсади саҳмияҳои бозори “Ином”-ро кардаанд ва “Додгоҳи олии иқтисодӣ бидуни кадом фишор бар асоси қонунҳои ҷорӣ ҳалномаи худро содир кард.”

Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон рӯзи 14 май ҳукм кард, ки 50 дарсади саҳмияҳои бозори марказии Шаҳритӯс ба Саъдуллоев ва Достиев дода шавад. Ин ҳукм ба вокуниши тунди саҳмдорони асосии “Ином” – зану шавҳар Санавбар ва Бурҳон Абдуллоевҳо рӯбарӯ шуд, ки ҳоло бо шикоят аз ин ҳукм хостори барқарор кардани саҳмияҳои худ шудаанд.
Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъи саҳмдорони бозори “Ином”-и Шаҳритӯс ба Радиои Озодӣ гуфт, Додгоҳи олии иқтисодӣ дар ҳукми худ аз 14 май ба қарорҳои муассис аз соли 2006 ва соли 2010 баҳои ҳуқуқӣ надода, бидуни таҳқиқу таҳлил ва бекор кардани қарори муассис ғайриқонунӣ саҳмияхои бозорро тақсим кардааст.

Оқои Ёров мегӯяд: “Аз қарори муассиси бозори “Ином” аз 10 феврали соли 2006 дида мешавад, ки ҷамъияти саҳомии “АТП №19” ба бозори “Ином” иваз карда шуда, дар вазорати адлияи Тоҷикистон таҳти рақами “003-1211” ба қайд гирифта шудааст. Дар ин санад дида мешавад, ки муассиси ягонаи бозор Бурҳон Абдуллоев мебошад, яъне дар ягон ҷо ному насаби Достиев Холназар ва Саъдуллоев Муҳибулло, додарарӯси президенти Тоҷикистон зикр нашудааст.”

Дар оинномаи соли 2010 сабтиномшудаи бозори “Ином”, ки як нусхааш дар дасти Радиои Озодист, дида мешавад, ки 60 дарсади саҳмияҳо ба Абдуллоева Санавбар ва 20 дарсади дигараш ба фарзанди онҳо – Ином Абдуллоев - гузашта, 20 дарсади он дар дасти Бурҳон Абдуллоев боқӣ мондааст.

Аммо Қосим Қосимов, вакили мудофеъи Холназар Достиев ва Муҳибулло Саъдуллоев мегӯяд, муваккилони ӯ нисфи саҳмияҳои бозори “Ином”-ро ҳамчун тӯҳфа ба даст овардаанд ва ҳукми Додгоҳи олии иқтисодӣ қонунист.

Котиботи Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки рӯзи 2 июн бо имзои се саҳмдори бозори “Ином”-и ноҳияи Шаҳритӯс ба Додгоҳи олии иқтисодӣ ариза ворид шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ин ариза дархост шудааст, ки ҳалномаи додгоҳ аз 14 майи соли 2014 вобаста ба парвандаи баҳси саҳмдорони бозори “Ином” бар асоси даъвои Достиев Холназар, ки таҳти раисии додрас Назарова Х. Н сурат гирифтааст, бекор ва тақсими 50 ба 50 саҳмияҳои бозори “Ином” қатъ шавад. Санавбар ва Бурҳон Абдуллоевҳо ҳамчунин аз додгоҳ хостаанд, то саҳми саддарсадии онҳову фарзанди онҳо ба бозори “Ином” барқарор карда шавад.
Амирулло Холов
Амирулло Холов
Қазияи тақсими 50 ба 50-и бозори “Ином” байни соҳибони ин бозор ва додрарӯси раисиҷумҳури Тоҷикистону як шарики ӯ дар ҳоле расонаӣ шуд, ки дар матбуот ва маҳофили Тоҷикистон дар бораи ҳузури беш аз ҳадди хешу табори Эмомалӣ Раҳмон дар тиҷоратҳои “равғанӣ” ва ҳам дар мансабҳои муҳими давлатӣ баҳсҳои доғе идома доранд.

Муҳибулло Саъдуллоев бародари ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон – Азизамаоҳ Раҳмонова - аст. Як бародари ӯ – Ҳасани Асадуллоҳзода – раҳбарии “Оринёнбонк” – бузургтарин бонки Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад. Амирулло Холов – бародари дигари онҳо – дар моҳи феврали соли равон шаҳрдори Қӯрғонтеппа, маркази маъмурии вилояти Хатлон таъин шуд. Амонулло Саъдуллоев – раҳбари бахши фурӯши барқ дар ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” – низ узви ҳамин хонаводаи пурнуфуз аст.
XS
SM
MD
LG