Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осмонқул даври пириро ба фитнесу забономӯзӣ иваз кард. ВИДЕО


Аз рӯзе, ки Осмонқул Насиранбеков ба фитнес машғул шуд, зиндагиаш комилан дигар шудааст: сиҳҳатиаш беҳтар, рӯҳаш болида ва дар чеҳрааш ҳамеша ханда ҳувайдо аст. Агар инро ҳам ба назар гирем, ки ӯ 72 сол дораду соҳиби фарзанду набера аст, вале намехоҳад мисли дигар ҳамсолонаш даври якмароми пирӣ биронад. Вай мегӯяд, дар машқҳои варзишии фитнес эҳсос мекунад, ки аз дарун ҳолаш хуб мешаваду ҳеҷ узви баданаш ҳам дард намекунад.

Осмонқул вазнабардор аст. Дар толори варзишӣ ин кори сангинро ҳатто беҳтар аз ҷавонҳо иҷро мекунад. Вай мегӯяд, роҳгардӣ машқи аз ҳама муҳим ва муфиди барномаи тамринии ӯст ва ба дигарон ҳам машварат медиҳад аз ӯ ибрат бигиранд.

Бисёриҳо мегӯянд, ки ҷавонон ҳоло беҳавсала ҳастанд, вале баръакс, мо, пиронсолон беҳавсала будаем. Ҳоло ҷавонон арақ наменӯшанд, англисиву русӣ ва дигар забонҳоро медонанд

Фоидаи варзишро аз дигарон беҳтар медонад. Вай як умр духтур будааст. Дар гузашта Осмонқул Насиранбеков духтури ҷарроҳ буд,таҷрибаи бисёрсолаи кор дар бемористонҳои Қирғизистонро дорад. Вай мегӯяд, як баҳонаи бо варзиш машғул шудани ӯ дар ин син – муошират бо ҷавонон аст, ки барояш нирӯи тоза мебахшанд: “Бисёриҳо мегӯянд, ки ҷавонон ҳоло беҳавсала ҳастанд, вале баръакс, мо, пиронсолон беҳавсала будаем. Ҳоло ҷавонон арақ наменӯшанд, англисиву русӣ ва дигар забонҳоро медонанд. Ман гоҳҳо ҳатто ҳайрон мешавам. Аксари насли ҷавон ҳадаф дорад, кори худро медонанд ва фаъол аст”.

Илова ба машқу варзиш якуним соли охир Осмонқул дарси англисӣ ҳам меомӯзад. Фаъолияти омӯзгорияш дар коллеҷи тиббӣ ӯро ба забономӯзӣ водор намуд. Дар он ҷо ӯ ба донишомӯзони хориҷӣ таълим медиҳад.

Елена Морозова, омӯзгори забони англисии Осмонқул Насиранбеков аз истеъдоди шогирди нафақахӯраш ситоиш кард. Вай гуфт, барояш хушоянд аст, ки шогирд вақтҳои холиашро сарфи забономӯзӣ мекунад. “Ӯ бо хоҳиши худ ҳафтае аз 3 то 5 маротиба дарс мехонад. Ин воқен боиси таҳсин аст, мутаассифона на ҳамаи мо чунинем. Барои шахсан худам ӯ намунаи ибрат аст”.

Осмонқул вазифаҳои хонагияшро софдилона иҷро мекунад ва мегӯяд, як соат дарси англисӣ барояш кофӣ нест. Аз ин хотир, дар машварат бо устодаш тӯли дарсҳои англисиро аз як соат то ду-се соат дар рӯз тамдид кардааст.

Ба қавли Осмонқул, ба фарқ аз ҷавониҳои онҳо, насли нави имрӯзи Қирғизистон барои муаррифии худ имкониятҳои бештару фаротар доранд. Вале бо ин ҳам, мегӯяд ин марди бознишаста, аз муваффақиятҳои худ хушҳол аст ва барои фатҳи қуллаҳои нав талош меварзад.

Осмонқули дилҷавон англисӣ ҳам мехонад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:26 0:00

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG