Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Тоҷикистон аз шеваи баҳодиҳии САҲА


Масъулини Кумиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон дар посух ба гузориши интиқодии ODIHR, ё Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА хостори баҳогузории дақиқ ва ягона ба интихоботҳо шуданд. ODIHR интихоботи парлумонии Тоҷикистонро муғоир ба меъёрҳои демократӣ номидааст.

Ин матлаб зимни муаррифии гузориши ниҳоии ҳайати нозирони интихоботии САҲА дар бораи интихоботи порлумонии 28 феврал, дар шаҳри Душанбе бо ширкати мақомоти давлатӣ, аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои иҷтимоӣ ва хабарнигорон баён гардид.

Масъулони ODIHR, ё Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА, интихоботи порлумонии моҳи феврал дар Тоҷикистонро мутобиқ ба меъёрҳои пазируфташудаи демократӣ ва муқаррароти қонуни ин кишвар намедонад.

Гузориши дернашр

Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА дар ҳоле гузориши ниҳоии нозиронашро муаррифӣ кард, ки аз баргузории интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон даҳ моҳ сипарӣ шуд. Аммо ҳайати нозирони ин дафтар боз ҳам чун гузориши муқаддамотӣ, ки 5 марти соли ҷорӣ эълом шуда буд, натиҷаҳои интихоботи порлумонии 28 февралро муғоир ба меъёрҳои байналмилалӣ арзёбӣ карданд.

Дуглас Вейк, муовини раиси Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА
Дуглас Вейк, муовини раиси Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА, гуфт, «интихоботи порлумонии 28 феврал мутобиқ ба меъёрҳои калидии САҲА ва меъёрҳои созмонҳои байналмилалӣ набуд. Ҳамчунин муқаррароти қавонини интихоботи Тоҷикистон низ риоят нашудааст. Ба хусус дар рӯзи аслии интихобот, ки рӯзи раъйдиҳӣ аст, қонун нақз шуд».

Вокуниши Кумиссиюни марказии интихобот

Ин дар ҳолест, ки масъулони Кумиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон нисбати чунин арзёбӣ эрод гирифтанд ва Муҳибулло Додоҷонов, раиси дафтари ин ниҳоди интихоботӣ хостори баҳогузории дақиқу мушаххас ва ягона шуд.

Вай гуфт: «Мутаасифона, дар интихоботҳои мо ду меъёри баҳогузорӣ аст. Бояд меъёри ягонаи баҳогузорӣ бошад, то мо дақиқ бифаҳмем, ки интихоботҳо дар Тоҷикистон шаффоф мегузарад ё ношаффоф».

Ба таъкиди ҷаноби Додоҷонов, шеваи баҳогузории САҲА, ки интихоботҳои Тоҷикистонро муғоир ба меъёрҳои демократӣ медонад, дар ҳолест, ки дигар нозирони интихоботӣ, аз ҷумла нозирони ИДМ ҳамеша интихоботҳо дар Тоҷикистонро шаффоф ва демкоратӣ арзёбӣ мекунанд.

«Ҳарфҳо умумии» САҲА

Ҳикматулло Сайфуллозода, намояндаи ҲНИТ
Ҳикматулло Сайфуллозода, намояндаи ҲНИТ, низ аз баҳогузории Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА интиқод кард ва гӯзориши нозирони ин созмонро «ҳарфҳо умумӣ» номид.

Ӯ гуфт: "Нозирони САҲА бояд воқеиятро бигӯянд. Бигӯянд, ки интихобот адолатона буд, дурӯғ буд, фарс буд, ё чӣ буд? Оё мо ба беҳбудӣ рафта истодаем ва ё мо интихоботҳоро бадном карда истодаем?»

Ҳарчанд Дуглас Вейк, муовини раиси Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА, аз посухи ин чунин суолҳо канораҷӯи кард, аммо гуфт, ин созмон болои кишваре ё ниҳоде фишор нахоҳад овард, балки тавсияҳо ва пешниҳоди худро ироа хоҳад кард, то интихоботҳо дар оянда ба таври демократӣ ва шафоф сурат бигаранд. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон узви САҲА аст ва бояд тааҳҳудоти худро дар ин замина анҷом бидиҳад.

Интиқод аз шеваи кори САҲА

Суоли матраҳ низ ин аст, ки САҲА ба унвони як созмони бонуфузи байналмилалӣ дар сурати сарпечии кишварҳои узв аз иҷрои ӯҳдадориҳояшон оё наметавонад ба онҳо таъсир бигзорад ва болои онҳо фишор орад?

Паём Фурӯғӣ, аз коршиносони САҲА, маҳз гузоришҳои САҲА ва ниҳодҳои вобаста ба интихоботии ин созмонро омили фишор болои кишварҳо медонад.

Ӯ гуфт: «Ҳамин гузоришҳо худ омили таъсир ва фишор ҳастанд. Зеро дар онҳо тавсияҳо ба давлати узв дода мешавад. Агар кишвари узв, ба хусус Тоҷикистон, аз иҷрои ин тавсияҳо сарпечӣ кунад, пас обрӯи вай дар арсаи байналмилалӣ поён меравад».

Тарҳи ислоҳот барои Тоҷикистон


Ин дар ҳолест, ки бо таваҷҷӯҳ ба мушкилот ва қонуншиканиҳои фаровон дар ҷараёни интихоботи порлумонии Тоҷикистон САҲА пешниҳод дорад, ки соли 2011 — соли ислоҳот дар ҷиҳати қавонини интихоботи ин кишвар гардад, то шароити мусоид барои як интихоботи воқеан демократӣ ва одилона рӯи кор биёяд. Зеро, ба таъкиди ин дафтар, аз соли 2004 инҷониб ба қонуни интихоботи Тоҷикистон ҳеҷ кадом тағйиру иловаи ворид карда нашудааст.

Раҳматулло Зоҳиров, раҳбари ҳизби сотсиал - демократ
Ҳарчанд масъулони давлати Тоҷикистон омодагии худро барои ин иқдом эълом кардаанд, аммо аҳзоби сиёсӣ ба ин амалкарди мақомоти Тоҷикистон хушбин нестанд. Раҳматулло Зоҳиров, раҳбари ҳизби сотсиал—демократи Тоҷикистон, аз миёни ҳашт ҳизби сиёсӣ танҳо раҳбари ҳизбе буд, ки дар ин нишаст ширкат дошт, бар ин назар аст, ки давлат ва порлумон ба таври ихтиёрӣ ин корро нахоҳад кард.

Ӯ гуфт: «Инҷо масъалаи манфиат аст ва доираҳои манфиатхоҳ паси ин кор ҳастанд. Аммо Тоҷикистон, ки узви САҲА аст ва ин созмон метавонад дар иҷлоси Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо мавзӯъи нақзи ҳуқуқи башар ва риоят нашудани тааҳҳудоти Тоҷикистонро матраҳ кунад. Дар сурати иҷро нашудани тааҳҳудот мумкин аст дар қиболи Тоҷикистон таҳримҳое эъмол шавад».

Талоши номуваффақи вуруди ислоҳот

Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки талоши аҳзоби сиёсӣ, ба вижа аҳзоби мухолиф, ба сиёсати давлат дар Тоҷикистон дар ростои такмили қонуни интихобот натиҷаи муассир нахоҳад дод. Ин дар ҳолест, ки коршиносони IFES ё Сандуқи байналмилалии системи интихоботӣ дар якуним сол қабл аз баргузории интихоботи парлумонӣ дар ҳамкорӣ бо Кумиссиюни маркази интихобот, порлумон, аҳзоби сиёсӣ ва коршиносон гурӯҳеро ташкил карда ва лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонуни интихоботи Тоҷикистонро таҳия намуд. Аммо порлумони Тоҷикистон ба сабаби мушкилоти молӣ аз баррасии ин лоиҳа даст кашид.

Дар интихоботи порлумонии соли равон ҳашт ҳизби сиёсӣ ширкат намуданд, ки панҷтои он тавонистанд бо рафъи монеаи панҷдарсада вориди порлумон шаванд. Аммо ҳамчунон аксарияти кулли курсиҳои порлумонро Ҳизби халқӣ-демократии ҳоким дар ихтиёр дорад.

Аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ду нафар номзад вориди порлумон шуд, ҳамчунон аз натиҷаҳои интихобот норозӣ ҳаст. Зеро ини ҳизб мегӯяд, ҳадди ақал сӣ дарсади раъйи интихобкунандагонро дар интихоботи моҳи феврал ба даст овардааст, вале ин оро ба нафъи ҳизби ҳоким тақаллуб шудааст.
XS
SM
MD
LG