Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нозирони аврупоӣ: Интихоботи Тоҷикистон интихоби озод надошт


Акс аз нишасти хабарии нозирони САҲА, ки дар ин лаҳзаҳо идома дорад

Акс аз нишасти хабарии нозирони САҲА, ки дар ин лаҳзаҳо идома дорад

Нозирони САҲА ва Парлумони Аврупо мегӯянд, интихоботи президентии Тоҷикистон дар фазои осоишта, аммо бидуни интихоби ҳақиқӣ ва чандандешӣ баргузор гашт.

Андреас Бейкер, мушовири Маҷмаъи парлумонии САҲА ва узви ҳайъати нозирони ин созмон, ки рӯзи 7 ноябр аз Душанбе бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, овоздиҳии гурӯҳӣ, яъне ба ҷои чанд нафар райъ додани як нафар, пур кардани сандуқҳои раъй бо баргаҳои қалбакӣ, поймол шудани қоидаҳои қабулшудаи шумориши оро ва дар бисёри қитъаҳо дар маърази ом нагузоштани натиҷаҳои овоздиҳиро дар қатори умдатарин тахаллуфот дар ҷараёни интихоботи президентии Тоҷикистн ном бурд. Эҷоди маҳдудиятҳо дар роҳи сабти номзадҳои дигар ва ироаи вақти хеле кам барои таблиғи ин номзадҳо, ба гуфтаи Андреас Бейкер, Эмомалӣ Раҳмонро дар муқобили номзадҳои дигар дар як шароити пуримтиёзе қарор дода буд.

Дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки муносибати САҲА ба пайваста сарфи назар шудани тавсияҳояш аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон чист, Андреас Бейкер гуфт, “Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки талаботи асноди Копенҳаген дар бораи меъёрҳои баргузории интихоботҳоро иҷро кунад. Аммо мо дар интихоботҳои гузаштаву ҳозира таъкид кардем, ки бисёре аз ин ӯҳдадориҳо иҷро нашуданд ва мо аз ин нигаронем. Аз соли 2006 қонуни интихобот бо вуҷуди тавсияҳои мо комилан тағйир наёфт ва мо аз ин ҳам изҳори нигаронии амиқ кардем.”

Ҳайъати нозирони САҲА рӯзи 7 ноябр дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки дар интихоботи президентии Тоҷикистон ба мардум ҳаққи интихоби воқеъӣ дода нашуд. Ин созмон, ки ду ҳайати иборат аз 165 нозири дарозмуддат ва кӯтоҳмуддатро барои назорати ҷараёни интихоботи президентии рӯзи 6 ноябр фиристода буд, дар хулосаи муқаддамотиаш мегӯяд, ин маърака дар шароити ором гузашт, вале эҷоди маҳдудиятҳо барои номзадҳо боиси аз байн рафтани плюрализм ва имкони интихоб шуд.

Дар гузориши "Дарёфт ва хулосаҳои ибтидоӣ", ки ҳайат нашр намуд гуфта мешавад: "Интихоботи президентии 6-уми ноябри Тоҷикистон ба таври осоишта ҷараён гирифт, аммо сабтиноми маҳдудкунандаи номзадҳо ба камбуди интихоби ҳақиқӣ ва чандандешии асил сабаб гашт. Маърака зоҳирбинона ва имконияти раъйдиҳандагон барои тасмими дониста маҳдуд буд. Бозтоби густарда ва мусбати фаъолиятҳои расмии президенти феълӣ аз ҷониби расонаҳои давлатӣ барои ӯ бартарии муҳим дод. Ҳамчун қадами мусбат Кумиссюни Марказии Интихобот ва Раъйпурсиҳо аз чораҳое кор гирифт, ки шаффофият ва таъсири мудирияти интихоботро тақвият доданд. Дар рӯзи раъйдиҳӣ камбудиҳои муҳиме ба назар расид, аз ҷумла овоздиҳии васеъ аз номи дигарон, раъйдиҳии гуруҳӣ ва нишонаҳои пур кардани қуттиҳои раъй."

Параскива Бадеску.

Параскива Бадеску.

Дар гузориши ҳайати САҲА ба ин ҳам ишора шудааст, ки интихобот дар чаҳорчӯби қонуни пешина гузашт, ки тағйиру ислоҳи он ҳанӯз дар соли 2006 ба мақомоти Тоҷикистон тавсия дода шудааст. Параскива Бадеску, раҳбари ҳайати нозирони САҲА гуфт, ки ҳайати онҳо ба манзури ислоҳот дар қонуни интихоботи Тоҷикистон тавсияҳои наверо ба мақомоти ин кишвар пешниҳод хоҳад кард.

Хабаргузории Интерфакс ҳанӯз қабл аз нишасти хабарии нозирон аз қавли Киммо Килюнен, раҳбари ҳайъати нозироин Маҷмаъи парлумонии САҲА ва ҳамоҳангсози вижаи ҳайъати нозирони кӯтоҳмуддати ин созмон хабар дод, ки гуфтааст, "интихоботи президентии Тоҷикистон ба далели набуди рақобати воқеъӣ имтиҳони демократияро нагузашт." Дар изҳороти ин ҳайъат, ки рӯзи панҷшанбе нашр шуд, ҳамчунин омадааст, ки ба интихобкунандагони тоҷик ҳаққи интихоб танҳо дар рӯи коғаз дода шуд.

Киммо Килюнен аз мавориди зиёди камбудиҳо дар ҷараёни корзори интихоботӣ ҳарф зада, Онно ван дер Винд, раҳбари ҳайъати нозирони дарозмуддати Дафтари демократия ва ҳуқуқи башари САҲА дар Тоҷикистон гуфтааст, "ҳарчанд дар интихоботи гузашта баъзе беҳбудиҳо ба назар расиданд, вале шароити кофӣ барои як интихоботи дар воқеъ демократӣ, ки Тоҷикистон ҳамчун узви САҲА бояд ба он пойбанд бошад, муҳайё нашуд." Ван дер Винд аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардааст, то "тавсияҳои қаблии дафтари демократия ва ҳуқуқи башарро ба манзури ҳалли ин мушкилот иҷро кунад."

Нозирони ИДМ: Интихоботи Тоҷикистон тибқи қонун гузашт

Ҳайъати нозирони интихоботии кумитаи иҷроияи Иттиҳодияи давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ) интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро мутобиқ ба қонунгузории ин кишвар арзёбӣ карданд.

Сергей Лебедев, раҳбари ин ҳайъат, рузи панҷшанбе дар як нишасти хабарӣ гуфт, «дар маҷмӯъ, интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба таври муташаккилона ва бо омодагии комил сурат гирифт ва дар муқоиса ба интихоботҳои пешин бо ҳузури густардаи интихобкунандагон баргузор шуд.»

Сергей Лебедев.

Сергей Лебедев.

Лебедев гуфт, нозирони ИДМ дар рӯзи интихобот дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон раванди баргузории ин маъракаи муҳими сиёсиро назорат карданд ва худи ӯ дар шаҳри Душанбе дар 8 марказу ҳавзаи раъйдиҳӣ ҳузур доштааст.
Вай гуфт, дар раванди интихобот тақаллуби ҷиддӣ ба мушоҳида нарасидааст, ҳарчанд баъзе мавориди риоя нашудани муқаррароти қонун ба назар расиданд, ки ба назари ӯ, ҷанбаи техникӣ ё фаннӣ доштанд.

Сергей Лебедев аз ҷумла ба ҷои чанд нафар раъй додани як нафарро мисол овард, ки духтараке мехостааст, ба ҷои дугонаҳояш овоз диҳад ва масъулони маркази раъйдиҳӣ зуд ин камбудиро рафъ кардаанд. Ҳамчунин раҳбари нозирони ИДМ гуфт, ки як мард бо чанд шиносномаи ҳамсару фарзандон омада ва гуфтааст, ки занаш омада наметавонад ва аз номи вай худи ӯ раъй хоҳад дод. Ҷаноби Лебедев афзуд, ин мушкилро низ масъулони интихоботӣ зуд бартараф кардаанд. Раҳбари ҳайъати нозирони ИДМ мӯътақид аст, ки ин гуна маворид аҳёнан ба мушоҳида расида, ба натоиҷи интихобот таъсире намерасонд.

Ҳайъати нозирони ИДМ бо даъвати вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳанӯз аз 10 октяри соли ҷорӣ ба манзури назорат ба раванди баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Душанбе қарор дошт. Ин ҳайат, ки нозирони кутоҳмуддат ва дарозмуддатро дар бар мегирад, дар маҷмӯъ 150 нафар аз 10 кишвари пасошӯравии узви ИДМ будаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG