Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Владимир Елчанинов, мураббии машҳури дзюдо, дар номаи саркушодааш аз президенти Тоҷикистон барои омодагии шогирдонаш ба Бозиҳои олимпӣ, кӯмаки молӣ хостааст.

Мураббии шоистаи Русия Владимир Елчанинов дар як номаи саркушодааш ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз камбуди маблағ барои омодагии шогирдаш Комроншоҳи Устопириён ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия изҳори нигаронӣ карда, кӯмаки молӣ хостааст.

Дар номаи ҷаноби Елчанинов, аз ҷумла омадааст, ки тӯли даҳ сол аст, ки ӯ бо дзюдочиёни тоҷик ҳамкорӣ менамояд ва ҷиҳати омодагиашон ба мусобиқоти байналмилалӣ ба онҳо кӯмак мекунад. Ин аст, ки ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи чунин ҳамкории муштарак, варзишгарони тоҷик дар тамоми мусобиқоти бузургтарин оид ба дзюдо, минҷумла дар Бозиҳои олимпӣ медали биринҷӣ ва ҷойи ҳафтум, қаҳрамонии ҷаҳон медали биринҷӣ ва ҷойи панҷум ва қаҳрамонии Осиё ҳафт медал ба даст оварданд.

Владимир Елчанинов

Владимир Елчанинов

Владимир Елчанинов аз ҷумла ба комёбиҳои Расул Боқиев дар Бозиҳои осиёӣ ишора кардааст, ки ду медали биринҷӣ ба даст овард ва Комроншоҳи Устопирён ҷойи панҷумро гирифт ва ҳарду дар қора мавқеи сазоворро ишғол мекунанд: "Медалҳои тиллоро мо дар Тоскулоҳи бузург, Гран При, Ҷомҳои ҷаҳон ва Аврупо ба даст овардаем. Мутаассифона, дигар гуштигирони тоҷик дар тӯли ин солҳо маҳорати худро такмил надоданд ва алъон аз сатҳи байналмилалӣ хеле поин қарор гирифтаанд.”

Мутахассиси русиягӣ дар номааш таъкид кардааст, ки то Олимпиадаи Рио-де-Жанейро фурсати хеле кам, ҳамагӣ панҷ моҳ мондааст, бинобар ин маҷбур шудааст ба президенти Тоҷикистон муроҷиат намояд.

Ба гуфтаи Владимир Елчанинов, онҳо ҳамроҳ бо Комроншоҳи Устопириён ҳанӯз то Соли нав имтиёзҳои заруриро барои ширкат дар Бозиҳои олимпӣ ба даст оварданд ва умед карданд, ки таваҷҷӯҳашонро ба омодагӣ ба Олимпиадаи Бразилия ва баланд бардоштани маҳорати варзишии Комроншоҳ равона месозанд.

Аммо ба таъкиди ӯ, "мутаассифона, мансабдорони соҳа ба масоили ҳалталаби мо диққати зарурӣ намедиҳанд. Ҳеҷ гуна маблағгузорӣ вуҷуд надорад. Дар чаҳор мусобиқа Комроншоҳ бе ман гуштӣ гирифт. Чаҳор моҳ - аз ноябри 2015 то марти 2016 - вай, умуман, бе ман тамрин кардааст, ки ин ба натоиҷи қувваозмоиҳояш таъсири манфӣ расондааст. Ҳоло ӯ мошинашро фурӯхтааст, то ин ки мо замони зоеърафтаро барқарор кунем ва каме ҳам бошад, омодагӣ бигирем."

Комроншоҳи Устопириён

Комроншоҳи Устопириён

Владимир Елчанинов ёдовар шудааст, ки чунин хато пештар ҳам содир шуда буд, вақте ки ба вай лозим омад якуним сол пеш аз Олимпиадаи Лондон корро бо Расул Боқиев қатъ намояд ва дар натиҷа сатҳи омодагии варзишгари тоҷик хеле поин рафт ва ба ҷойи медал, ӯ дар ҷойгоҳи ҳафтум қарор гирифт.

Ин мутахассиси варзидаи рус дар поёни номаи худ ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, ки агар ҳоло ба онҳо кӯмаки молӣ расонида нашавад, дар Бозиҳои олимпӣ дар Бразилия барои медал мубориза бурдан мушкил мегардад.

Мутобиқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои олимпӣ ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ сарфароз мешаванд. Варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ медалҳои нуқра мегиранд, бо 250 ҳазор сомонӣ мукофотонида хоҳанд шуд. Ба варзишгароне, ки соҳибони медалҳои биринҷии олимпӣ мешаванд, 200 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG