Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонс, роҳибе, ки мехост “Қуръон”-ро оташ бизанад


Террӣ Ҷонс, роҳиби як калисои кӯчак дар аёлати Флоридаи Амрико, ки гуфта буд, дар солгарди ҳамлаҳои 11 сенятбр китобҳои “Қуръон”-ро оташ хоҳад зад, дар ниҳоят аз аз иҷрои ин таҳдидаш даст кашид.

"НА ҲОЛИ ҲОЗИР ВА НА ЯГОН ВАҚТИ ДИГАР"

Вале таҳдиди сӯзондани китоби муқаддаси мусалмонон мавҷи маҳкумиятҳо дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар сатҳи раҳбарони аввали сиёсиву низомӣ ва рӯҳонии худи Амрикоро ба бор овард ва ҳамин тавр боиси бурузи мавҷи нави эътирозҳо дар кишварҳои мусалмонӣ, бахусус дар Афғонистон шуд.

Роҳиби калисои кӯчаки мавсум ба Dove World Outrages Center дар аёлати Флоридаи Амрико билохира ба ҳарфи ҷаҳон гӯш дод ва дар солгарди нӯҳуми ҳамлаҳои террористии 11 сентябр даст ба сӯзондани “Қуръон” назад. Террӣ Ҷонс дар иваз барои мулоқот бо Файсал Абдулрауф, имоме дар Манҳеттен, ки мехоҳад дар наздикии Маркази Ҷаҳонии тиҷорат, як ҳадафи ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001, як Маркази 13-қабатаи исломӣ бисозад, ба Ню-Йорк рафт. Ҷонс гуфт, ҳатто дар сурати бенатиҷа анҷом шудани музокироти онҳо бар сари кӯчонидани маҳалли эҳдоси ин Маркази исломӣ, ки дар Амрико баҳсҳои тундеро барангехтааст, “на ҳоли ҳозир ва на ягон вақти дигар даст ба сӯзондани “Қуръон” нахоҳад зад.”

Аммо таҳдиди ин роҳиби то ҳол барои ҷаҳон ноошно ва калисои хурду низ то ҳол гумноми иборат аз ҳамагӣ зери 50 пайрав тайи чандин муддат дунёро дар ҳоли ташвишу изтироб қарор дод ва ҳатто раҳбарони аввали сиёсиву низомӣ ва рӯҳонии Амрико, бо шумули раисиҷумҳураш Барак Обамаро маҷбур кард, мустақиман ба Террӣ Ҷонс муроҷиат кунанд, ки ин иштибоҳро накунад. Ва аммо бо вуҷуди иҷро накардани таҳдидаш, метавон гуфт, ки Ҷонс ба ҳар сурат, аз ин ҷанҷолу ин ҳангомае, ки ба по шуд, ҳадди аксари имтиёзи мумкинро ба даст овард. Номи ӯву калисои кӯчакаш барои муддатҳо дар сархати хабарҳо қарор гирифт. Ба ҳадде ки акнун ҳатто умдатарин расонаҳои ҷаҳон барои мусоҳиба бо ин роҳиб навбат мепоиданд.

Вале ҷиддитарин пайомади ҳангомаи бархоста бар сари ин, ба истилоҳи калисои Dove World, “Рӯзи байналмилалии “Қуръон”-сӯзӣ” мавҷи нави эътирозҳоест, ки ҷаҳони Исломро фаро гирифт ва бо вуҷуди маҳкум шудани ин иқдом аз сӯи бисёре аз гурӯҳҳои масеҳӣ, бо шумули Ватикан, ва мақомоти аршади худи Амрико, метавонад равобити Ғарб, ба хусус Амрикоро бо кишварҳои мусалмонӣ дучори танишҳои мудавом кунад. Вале ба фарқ аз ҷанҷоли 5 сол пеши марбут ба тасвирҳои танзомези паёмбари ислом Муҳаммад(алайҳисалом) ин дафъа давлатҳои Ғарб, аз ҷумла мақомоти аршади низомиву сиёсии худи Амрико низ тасмими ин калисоро маҳкум карданд.

БА ОСИЁБИ АЛ-ҚОИДА КӢ ОБ МЕРЕЗАД?

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ҳам ин иқдомро бозие хатарнок ва тахрибкорона номид ва гуфт, ки он бо арзишҳои мардуми Амрико комилан муноқиз буда, имкони тилоие барои ҷалби нирӯҳои тоза ба Ал-Қоида хоҳад шуд. Обама гуфт, дар 11 сентябри соли 2001 ба Амрико на Ислом, балкӣ Ал-Қоида ҳамла карда буд, гурӯҳи кӯчаке, ки ба гуфтаи Обама, Исломро ба нафъи худ инҳироф мекунад. Обама тайи ин чанд рӯз батакрор аз раҳбари калисои Dove World Террӣ Ҷонс даъват кард, аз қасди сӯзондани китобҳои “Қуръон” даст бардорад.

Айни тақозоро аз Ҷонс шаҳрдори Гейнсвилл ҳам кардааст ва идораи сӯхторнишонии ин шаҳраки ҷамъияташ 124 000 нафар низ ба дархости баргузории “Рӯзи байналмилалии оташ задани ”Қуръон” посухи радд додааст.

Аммо бо ин вуҷуд, Террӣ Ҷонс то охирин лаҳазот таҳдид мекард, ки онҳо аз ин нақшаи худ даст нахоҳанд бардошт: “Бо сӯзондани “Қуръон” дар 11 сентябр мо гуфтанием, ки бас! Гуфтанием, ки бас аст Ислом, бас аст қонунҳои Ислом, бас аст ваҳшоният! Мо аслан бар зидди мусалмонҳо нестем. Онҳоро дар кишвари худ хоҳем пазируфт, вале чизе ки мо намепазирем, қонунҳои Ислом аст.”

Тазоҳуроти сокинони Кобул алайҳи иқдоми сӯзнидани "Қуръон"
Террӣ Ҷонси 58-сола ва менеҷери собиқи меҳмонсаро чанд сол қабл ҳамроҳ бо завҷааш Силвия калисои Dove World-ро таъсис дод, ки то имрӯз ҳудуди 50 пайрав ҷамъ кардааст. Раҳбарони калисои марбут ба равияи пентекосталӣ, ё худ Хамсайния, ки мардуми мӯътақид ба ҳузури мустақими Худову сухани катбии Ӯ будани Инҷилро гирд овардааст, Исломро “дини хушунат ва истибдод” ном мебаранд.

ДИНҲОИ ГАРАВГОН


Соли гузашта Ҷонс лавҳаи бузургеро бо ин навишта, ки “Islam is of the devil”, яъне “Ислом моли иблис аст”, дар ҳавлии калисоаш баланд кард ва футболкаҳоеро бо айни навишта ба фурӯш гузошт. Вале он лавҳа бо вуҷуди то хеле муддат парафшонӣ карданаш дар ҳавлии ин калисо барои Ҷонс шӯҳрати зиёд наовард ва фурӯши футболкаҳо низ чандон барор накард.

Аммо ин бор қасди ӯ барои баргузории “Рӯзи байналмилалии оташ задани “Қуръон” мисле ки кор дод ва номи Ҷонсу калисои кӯчакашро шӯҳраи олам кард. Албатта, дар чашми аксар, аз ҷумла дар Ғарб ва дар худи Амрико, ба сурати манфӣ.

Ба гуфтаи Саидхон, як марди мусалмоне, ки тақрибан 40 сол ба ин сӯ дар Гейнсвилл ба сар мебарад, Террӣ Ҷонс Масеҳиятро гаравгони дағдағаҳои шахсиаш мекунад, ҳамон гуна ки Ал-Қоида Исломро чунин гаравгони худ кардааст.

ЯК КАЛИСОИ ХУРД ҲАМАИ АМРИКО НЕСТ

Таҳдиди оташ задани “Қуръон” нигарониҳои ҷиддии амниятиро дар худи Амрико ҳам ба бор оварда ва вазорати хориҷаи ин кишвар ба тамоми сафоратхонаҳои худ дар саросари олам дастур додааст, то ба далели бурузи эътирозҳо дар сурати иҷро шудани ин маъракаи сӯзондани “Қуръон” тадобири вижаи амниятӣ бияндешанд.

Вазири хориҷаи Амрико Ҳиларӣ Клинтон аммо гуфт, набояд як калисои хурдро бо тамоми Амрико таҷассум кард: Ин ки як роҳибе дар Гейнсвилли Флорида, ки калиосаш на бештар аз 50 пайрав дорад, чунин нақшаи хашмовар ва бадбадхтонаро мехоҳад анҷом диҳад ва таваҷҷӯҳи ҷаҳонро ба худ ҷалб кунад, таассуфангез аст. Аммо ин дунёест, ки мо феълан дар он ба сар мебарем. Аммо дар ҳар сурат ин амал хосту иродаи Амрико, ё амрикоиҳо, ё давлати Амрико ваё раҳбарияти рӯҳонӣ ё сиёсии Амрикоро мунъакис намекунад“.

ҶОНИ АМРИКОИҲО ЗЕРИ ХАТАР МЕРАВАД

Фармондеҳони низомии Амрико дар Афғонистон низ бо изҳори нигарониҳои ҷиддӣ масъулони ин калисои кӯчакро ҳушдор додаанд, ки ба оташ додани китоби муқаддаси мусалмонон ҳаёти амрикоиҳоро дар ин кишвари ҷангзада ва ҳамин тавр дар боқӣ манотиқе, ки амрикоиҳо ҳузур доранд, зери хатар мегузорад.

Генерал Девид Петреус, фармондеҳи нирӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон гуфт: “Мо дар ташвишем, ки ифротгароён аксҳои сӯзондани “Қуръон”-ро ҳамон гуна, ки аз аксҳои зиндони Абуғурайб истифода бурданд, истифода мекунанд ва пок карданаш дигар, метавон гуфт, амре муҳоле хоҳад шуд. Онҳо то абад дар фазои интернетӣ давр зада, ҳеҷ гоҳ нест нахоҳанд шуд ва шояд аз сӯи онҳое, ки дар фикри бадии моянд, ба манзури таҳрики хушунатҳо ва оташ додани афкори ҷомиа бар зидди мову маъмурияти мо дар Афғонистон ва, бидуни шубҳа, алайҳи маъмуриятҳои мо дар саросари олам истифода шаванд.”

ЭЪТИРОЗҲО ДАР ҶАҲОНИ ИСЛОМ…

Бо ин ҳол, ҷаҳони Исломро билофосила баъд аз эълони нақшаи Террӣ Ҷонсу пайравонаш эътирозҳо фаро гирифт. Дар Кобул садҳо эътирозгари ағлаб толибилми мадориси мазҳабӣ бо шиорҳои зиддиамрикоӣ ташкили раҳпаймоӣ карданд. Ваҳидуллоҳ Нурӣ, яке аз ширкаткунандагони раҳпаймоии Кобул гуфт, ки онҳо ба эътирози худ ҳар рӯз давом хоҳанд дод.

Чунин эътирозҳо дар Индонезия, пурҷамъияттарин кишвари мусалмонии ҷаҳон низ барпо шуда, мақомоти Индонезия ва Малайзия, яке дигар аз кишварҳои пурҷамъияти мусалмонӣ, аз раисиҷумҳури Амрико Барак Обама хостаанд, Террӣ Ҷонсро аз иҷрои таҳдидаш манъ кунад. Покистон хостори дахолати Интерпол дар ин қазия шудааст. Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Ромини Меҳмонпараст аз кишварҳои Ғарб даъват кард, аз мавридҳои сӯъиистифода аз озодии баён ба манзури таҳқири муқаддасоти мазҳабӣ ҷилавгирӣ кунанд, вагарна, афзуд ин мақоми эронӣ, эҳсосоти миллатҳои мусалмон аз ҳадди назорат берун хоҳад рафт.

…ВА ДАР ТОҶИКИСТОН


Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, рӯҳонии шинохтаи тоҷик мегӯяд, ин як таҳқири ошкоро ба мусалмонҳост, ки бояд маҳкум шавад ва беҳтар буд, агар мақомоти расмии Тоҷикистон низ ба ин амал эътироз мекарданд. Вале ба бовари ӯ, набояд амали як гурӯҳи хурд боиси бадбинӣ нисбат ба ҳамаи Амрикову амрикоиҳо шавад: Мо бояд чӣ вокуниш диҳем? Мо бояд маҳкум кунем, инкор кунем ин амалро, норозигӣ кунем, албатта. Вале ба ҳеҷ ваҷҳ ба хотири ин кор амрикоиҳоро душман ҳисобидан лозим нест, ба муқобили онҳо ба ягон амали хориҷ аз қонун набояд даст зад, зеро набояд фарҳанги мо ҳамчунин бошад. Як гурӯҳи хеле кӯчаке дар Амрико мехоҳад ба ин кор даст бизанад. Аксарияти мутлақи муассисаҳои масеҳии Амрико ба ин мухолифанд. Ҳатто яҳудиҳои Амрико ошкоро ба ин мухолифат карданд. Ҳукумати Амрико ба ин мухолифат кард. Ба назари ман, Фоидаи ҳамин гуфтугӯи тамаддунҳост, ки имрӯз як пойгоҳи қавие, ки аз Ислом ва аз манофеъи мусалмонҳо дифоъ кунад, дар Ғарб ва Амрико вуҷуд дорад. Ва онҳое, ки ақли солим доранд, бо чунин роҳ намераванд.”

ҲУКМИ ИСЛОМ БА “ЗАБУР”-У “ИНҶИЛ” ЧИСТ?


Ва аммо оё ҳукми Ислом нисбат ба китобҳои муқаддаси динҳои дигар чист? Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода мегӯяд, ки Ислом беэҳтиромӣ нисбат ба китобҳои муқаддаси динҳои дигар, бахусус нисбат ба “Забур”-у “Инҷил”-ро гуноҳе кабира мехонад: “Дар мо китобҳое ки хусусан мутааллиқ ба динҳои осмонист, яъне Масеҳияту Яҳудият, китобҳои онҳоро мо эҳтиром мегузорем. Дар ин бора ҳадиси саҳеҳи ҷаноби Пайғамбар аст, ки “Ло нусаддиқу ва ло нуказзибу.” Мо қабул дорем, ки Худо чунин китобҳоеро ба ҳазрати Исову ба ҳазрати Мӯсо фиристодааст, аммо матни имрӯзаи дохили ин китобҳоро аз Худо буданашро қабул надорем. Мо инро дурӯғ ҳисоб намекунем, аммо матни дохилашро тасдиқ ҳам намекунем. Бино бар ин, сӯхтани инҳо, таҳқир кардани ин китобҳо барои мусалмон ҷоиз нест, гуноҳи кабира аст.”

МУХОЛИФАТ ДАР ҒАРБ

Бо ин ҳол, қасди калисои хурди Террӣ Ҷонс ба сӯзондани “Қуръон” дар Ғарб, аз ҷумла аз сӯи созмонҳои масеҳӣ низ башиддат маҳкум шуд. Ҳатто Ватикан, маркази калисои католикӣ гуфт, ки чунин амал “як гоми хашмангез ва ҷиддӣ” хоҳад шуд. Сухангӯи Ватикан Федерико Ломбардӣ гуфт, “адоват алайҳи китоби муқаддаси як ҷомиаи бузурги мазҳабӣ” роҳи муносибе барои ёдбуди солгарди ҳамлаҳои 11 сентябр нест. Як шумораи "L'Osservatore Romano", нашрияи Ватикан ҳатто бо сархати “Касе “Қуръон”-ро оташ намезанад” ба чоп расид.

Ҷеф Танниклифф, раҳбари Паймони ҷаҳонии инҷилгароён, яке аз бузургтарин созмонҳои масеҳии ҷаҳон, низ дар як тамоси телефонӣ аз Террӣ Ҷонс хостааст, ки даст ба ин иқдом назанад, вале ба гуфтаи ӯ, раҳбари калисои Dove World дархости ӯро радд кард.

Номзади собиқ ба ноибии раисиҷумҳури Амрико Сара Пейлин, ки масеҳии тақводоре ба шумор меояд, дар торнамояш дар сомонаи иҷтимоии “Facebook” навишт, ки сӯзондани “Қуръон” “ба оташи баҳсҳои тунд равған рехта, натиҷае ба ҷуз аз сӯъитаҳаммули аҳмақонаи мазҳабӣ нахоҳад дод.”

ЭҲСОСИ МУСАЛМОНОНРО ҚАСДАН НОХУН МЕЗАНАНД

Таҳлилгари тоҷик Зоҳири Давлат низ қасди ин калисои хурди амрикоиро иқдоме танишзо унвон карда, мегӯяд, тарроҳони ин амал пурэҳсос будани мусалмононро хуб медонанд ва ҳадафашон ҳам яқинан нохун задан ба эҳсоси аҳли Ислом аст, то роҳ барои мавҷи нави эътирозҳои хушунатомез ва ба ин тартиб, ба марҳалаи нави танишҳо байни Ғарбу ҷаҳони Ислом ҳамвор шавад: “Ман шахсан бовар надорам, ки ҳукумати Амрико ба ин иҷозат диҳад. Ва аммо дар сурати анҷом шудани чунин кор, албатта, вокуниши шадид дар кишварҳои исломӣ ба бор меояд ва шояд ба сард шудани муносибатҳои баъзе аз ин кишвар бо Амрико ҳам боис шавад.”

Таҳлилгарон дар ин зимн аз эътирозҳои хушунатомези 5 соли қабл алайҳи нашри тасвирҳои танзомези паёмбари Ислом дар як рӯзномаи Дания ёдоварӣ мекунанд, ки беш аз 50 кушта ба ҷо гузошт ва боиси ҳатто қатъи равобит ва таҳрими фаровардаҳои Дания дар кишварҳои мусалмонӣ шуд. Бознашри ин 12 тасвир аз сӯи чанд нашрияи дигари Дания дар соли 2008 низ мавҷи нави эътирозҳоро ба бор овард.

БОЗГАШТИ ТАСВИРҲОИ ТАНЗОМЕЗ БА САҲНА

Бо ин ҳол, рӯзи 8 сентябр дар Олмон ба муаллифи он тасвирҳои танзомез Курт Вестергаард ҷоизаи озодии матбуот эъто шуд. Ба гуфтаи мубтакирони ҷоиза, ин рассоми 75-сола “барои пойбандии таслимнопазираш ба озодии матбуот ва озодии баён” ба ин ҷоиза мушарраф шудааст.

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел ҳам, ки дар маросими эътои ин ҷоиза дар Потсдам ҳузур дошт, озодии матбуотро як ҳаққи азалӣ ва муҳим дар Аврупо хонд: “Сарфи назар аз онки мо тасвирҳои танзомези ӯро дӯст медорем ё на, ин тасвирҳо мувофиқ ба завқи мо ҳаст ё на, мо инҳоро зарур медонем ё на, ин суол дар миён аст, ки оё ӯ ба анҷоми чунин коре ҳаққ дорад? Бале, дорад. Ӯ рассоми аврупоист. Ва Аврупо қаламравест, ки дар он рассом ҳаққ дорад чизеро, ки дӯст медорад, ба риштаи тасвир дарорад.”

Т. БЛЕЙЕР: “ҚУРЪОН”-РО БОЯД ХОНД, НА ИНКИ СӮЗОНД"


Вале тақдир шудани муаллифи ин тасвирҳои танзомези паёмбари Ислом метавонад мунҷар ба мавҷи севвуми эътирозҳо алайҳи нашри ин тасовир шавад. Дар ҳар сурат, ба назари бархе, ин иттифоқ талоше ҳадафмандона ҷиҳати дигарбора ба бозӣ кашидани қартаи он тасвирҳои баҳсзо менамояд. Аз сӯи дигар, эътои ҷоизаи озодии матбуот дар Олмон ба Вестергаард дар як фурсати хеле номуносиб иттифоқ уфтод ва метавонад ба оташи ҷанҷоли бархоста бар сари қасди сӯзондани “Қуръон” ҳам равғани бештар рехта, шикофи эҷодшуда байни Ғарбу мусалмононро боз ҳам амиқтар кунад.

Зимнан, сарвазири собиқи Бритониё Тонӣ Блейер дар вокуниш ба қасди роҳиби калисои то ҳол гумноми Dove World гуфтааст, ки ӯ, яъне Блейер мардумро ба хондани “Қуръон” ташвиқ мекард, то ба сӯзондан. Сӯхтан, албатта, коре хеле осон аст, чунки сӯхтан, ба таъбири маъруф, сохтан нест.Террӣ Ҷонс дар ниҳоят ба фаҳми ин ҳақиқат рафт ва муҳимтарин натиҷаи ин ҳама ҳангомаи бархоста бар сари таҳдиди сӯзондани китоби муқаддаси мусалмонон ҳам шояд ҳамин бошад.
XS
SM
MD
LG