Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олим Қурбонов аз Олимпиадаи Рио бе медал бармегардад. ВИДЕО


Олим Қурбонов, узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, дар мусобиқоти шиноварӣ аз рӯи барономаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар гурӯҳи худ чаҳорум шуд.

Олим Қурбонов дар сабқати шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод, ки рӯзи 11 август дар Қасри шиноварии олимпии Рио-де-Жанейро баргузор шуд, дар гурӯҳи худ дар байни ҳашт нафар бо натиҷаи 25,77 сония мақоми чорумро касб кард. Дар ин гурӯҳ Ҳилол Ҳамид аз Танзания бо натиҷаи 23,70 сония ғолиб шуд.

Умуман, дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод ҳамагӣ 85 шиновар ширкат дошт. Олим аз 23 нафари онҳо пеш гузашт ва дар ҷойи 62-юм қарор гирифт.

Дар мусобиқоти интихобӣ Андрей Говоров аз Украина бо натиҷаи 21,49 сония ҷойи аввалро гирифт. Натан Адриан аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо натиҷаи 21,61 сония дувум ва ҳамватанаш Антони Эрвин бо натиҷаи 21,63 сония севум шуданд.

Ҳамин тариқ, Олим Қурбонов аз ҳаққи ширкат дар даври баъдии мусобиқот ва идомаи мубориза барои медалҳои олимпӣ маҳрум гашт.

Зимнан, Олим Қурбонов, ки дар ҳайати тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад, имсол мактаби миёнаи рақами 8-и Душанберо хатм карда, ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов дохил шудааст.

Мураббӣ: Умед дорам, ки Олим Қурбонов натиҷаҳояшро беҳтар мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:48 0:00

Олим Қурбонов баъди анҷоми сабқати шиноварӣ дар як суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ширкати худ дар Олимпиадаи Рио хеле хушҳол аст. Вай афзуд, “ман аз натиҷаи нишондодаи худ дар ин Олимпиада қаноатмандам, зеро ки ин беҳтарин натиҷаи ман дар мусобиқоти байналмилалӣ маҳсуб мешавад. Ман ҳанӯз барои медал мубориза бурда наметавонам, зеро ки дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод натиҷаи ман ҳатто аз варзишгароне, ки меъёри литсензияи олимпиро иҷро кардаанд, паст аст. Ман дар Рио ду ҳафта бо зӯртарин шиноварони дунё тамрин намудам ва аз онҳо бисёр чиз омӯхтам, ки дар оянда ба кор меояд.”

Алӣ-Сомон Алиаҳмадзода, мураббии Олим Қурбонов, ба Радиои Озоӣ гуфт, натиҷаи нишондодаи шогирдаш ҳамакнун имкон медиҳад, ки ӯ дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ширкат варзад. Вай афзуд, “дар Бозиҳои олимпӣ ҳамроҳи зӯртарин шиноварони олам, ба мисли Майкл Фелпси амрикоӣ ширкат кардан барои ҳар як варзишгар ифтихор аст. Умедворам, ки Олим Қурбонов торафт натиҷаҳои худро беҳтар менамояд ва дар Олимпиадаи соли 2020-ум бо литсензия ё роҳхат иштирок мекунад.”

ОЛИМ ҚУРБОНОВ

Шиноварӣ, 50 метр бо тарзи озод

21 июни соли 1998 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.

Аз соли 2012 ба шиноварӣ машғул аст. Мураббии аввалинаш

Ҳақназар Бедимоғов мебошад. Феълан таҳти раҳбарии Алӣ-Сомон Алиаҳмадзода машқ мекунад.

Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Чемпиони бисёркаратаи Тоҷикистон оид ба навъҳои тарзи озод, баттерфляй, брасс ва пуштнокист.

Дар чемпионати ҷаҳон оид ба намудҳои обии варзиш дар Қазони Русия соли 2016 дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод дар мусобиқаи пешакӣ дар гурӯҳи худ ҷойи сеюмро гирифтааст.

Инчунин дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ дар мусобиқаи пешакӣ дар шиноварӣ бо тарзи озод сеюм шудааст.

Ширкаткунандаи Бозиҳои авруосиёӣ соли 2013 дар Алматии Қазоқистон дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр мебошад.

Рекорди шахсии ӯ дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр 24,12 сония мебошад, ки 16 июли соли 2016 дар чемпионати шаҳри Душанбе гузошта шудааст.

Соли 2016 мактаби миёнаи рақами 8-и шаҳри Душанберо хатм карда, ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дохил шудааст.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Рио-2016

12 август, дзюдо

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, дар вазни +100 кг

12 август, шиноварӣ

Анастасия Тюрина, бо тарзи озод дар масофаи 50 метр миёни занон

15 август, варзиши сабук

Кристина Пронженко, давидан ба масофаи 200 метр миёни занон

17, 19 август, гурзандозӣ

Дилшод Назаров

Нарзуллоҳи Латиф,

Рио-де-Жанейро

XS
SM
MD
LG