Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Намоишгоҳи мошинҳои қадимӣ дар Душанбе


Рӯзи якшанбеи 21-уми апрел, дар шаҳри Душанбе намоиши мошинҳои қадимӣ баргузор шуд.

Баргузоркунандагони ин намоиш мегӯянд, ҳадаф аз доир намудани он, зинда кардани як паҳлӯи таърихи мардум аст.

Як сокини шаҳри Душанбе мехоҳад, бо мошинҳои истеҳсоли солҳои 40-уми асри гузашта, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватаниро дар рӯзи 9-уми май ба ҷашнгоҳ ҳозир кунад. Ба гуфтаи Раҳмоналӣ Пардаев, дар ин мошинҳо замони ҷанг танҳо фармондеҳон савор мешуданд ва тариқи он ба ҷашнгоҳ овардани собиқадорони ҷанг, хотиротеро дар зеҳнашон аз он замон бедор мекунад.

Раҳмоналӣ Пардаев, сокини Душанбе, ки то кунун беш аз 54 адад мошинҳои истеҳсоли солҳои 1941-1945-ро ҷамъоварӣ кардааст, мегӯяд, ҳоло собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон пиру нотавон шудаанд ва ба сахтӣ роҳ мераванд ва агар шаҳрдорӣ иҷоза диҳад, ӯ бо ҳамин мошинҳо онҳоро ба ҷашнгоҳ биёрад.

Ин мард, ки бо як мошини навъи ГАЗ-69 дар намоишгоҳи мошинҳои қадимӣ ва солҳои 1936-1970 иштирок дошт гуфт: «Ман устои мошинсоз ҳастам. Мошинҳои қадимаро бо нархҳои хеле арзон харидорӣ кардам ва таъмир карда дар хона гузоштаам. Маро мепурсанд, ки чаро ин гуна мошинҳоро гирдоварӣ мекунӣ? Як нафар ба аспбозӣ шавқ дорад, як нафар ба кабкбозиву сагбозӣ. Ман ба ҷамъоварии ҳамин мошинҳо ҳавас дорам. Аз ҳисоби устоӣ рӯзам хуб мегузарад, вале ин навъи мошинҳоро дилам намешавад, фурӯшам. Мехоҳам, дар Рӯзи 9-уми май ба иштирокчиёни ҷанг хизмат кунам. Раиси шаҳри Душанбе иҷозат диҳад, омодаам, ба онҳо хизмат кунам.»

Намоиши ин гуна мошинҳо дар як канори шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки Пардаев аз ҷумлаи иштирокчиёни он буд. Дӯстдорони мошинҳои қадима мегӯянд, ним аср пеш мошинҳое, ки ҳоло онҳо доранд, барои сокинон мисли ҳавопаймо шахсӣ карданаш осон набуд.

Собиров Маҳмадулло, масъули ширкати «Ретро Клуб», ки дар баргузории ин намоиша саҳм дошт, мегӯяд, ҷамъоварии ин гуна мошинҳо ҳам зинда кардани як паҳлӯи таърихи мардум аст: «Мо аз раиси шаҳр иҷозат гирифтем ва бо раҳбаладии БДА ба ин ҷо омадем. Беш аз 50 навъи мошинҳо ҷамъ шуда буданд. Мардуми зиёд тамошо омад. Мо аз ин чорабинӣ ҳеҷ фоидаи молӣ нагирифтем. Ин танҳо як ҳавас буд.»

Фирӯз, як ҷавон, ки барои тамошо ба ин намоишгоҳ омада буд, мегӯяд, чунин навъи мошинҳоро танҳо дар филмҳо дида буд: «Дар даруни ин мошинҳо нишастам ва тасаввур кардам, ки чӣ хел бобои ман ин гуна мошинро мерондааст. Ҳама чизаш аз мошинҳои ҳозира қариб фарқ мекунад. »

Насим, як ҷавони дигар мегӯяд, аз ин мошинҳо хеле ҳавасаш омад ва тасмим гирифтааст, то чунин мошини куҳна бихарад: «Дар ин ҷо касе нафурӯхт мошинашро. Бо соҳибонаш дар бораи фурӯхтан гап зада намешавад. Аз осмони ҳафтум нохун мекунанд. Лекин ман ҳам кофта ягонта меёбам. Савор шудан ба чунин мошинҳо ҳозир муд аст ва як кайфияти хуб дорад. Бояд ба як мошине савор шуд, ки дигарон надошта бошанд.»

XS
SM
MD
LG