Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Оҷонсии “Тоҷикстандарт” дар соли гузашта беш аз 60 соҳибкорро барои фурӯши бензини навъи 80 ба ҷойи бензинҳои навъи 92 ва 95 ҷарима кардаанд.

Соли гузашта дар пайи санҷишҳо кормандони Оҷонсии “Тоҷикстандарт” дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхт беш аз 3 ҳазор тонна бензин ва навъҳои дигари сӯзишвориро ошкор кардаанд, ки аслан ба талабот ҷавобгӯ набудаанд. Ин рақам дар муқоиса бо соли 2014 бист баробар бештар будааст.

Мирзошариф Самиев, сармутахассиси озмоишгоҳи нафтии идораи “Тоҷикстандарт” мегӯяд, бензинҳои бесифат ба Тоҷикистон аз Қирғизистон ва Русия ба таври қочоқӣ ворид шудаанд. Вай афзуд, ки “мисол дар овеза навиштаанд, ки тамғаи 92 аст, аммо мавод ба тамғаи 80 ҷавобгӯ аст. Ин фиреби истеъмолкунанда аст. Мо ошкор мекунем ва нозирон то анҷоми фурӯши он назорат мекунанд, ки он мавод бо тамғаи худаш ба фурӯш гузошта шавад.”

Ба гуфтаи Самиев, “дар Қирғизистон як корхонаи нави муштарак бо Чин таъсис шудааст, ки аз ҳисоби мазут бензин ва сӯзишвории дизелӣ истеҳсол мекунад. Дар ин маҳсулот миқдори сулфур аз меъёр зиёд аст ва ин сӯзишворӣ ҳам ба таври қочоқӣ вориди Тоҷикистон мешавад, ки тавре мушаххас шудааст, ба талабот ҷавобгӯ нест.”

Бахтиёр Сиддиқов

Бахтиёр Сиддиқов

Натиҷаи истифодаи бензини пастсифатро бештар аз ҳама таъмиргарони мошин дарк мекунанд. Бахтиёр Сиддиқов, ки 15 сол боз устои мошин аст ва дар устохонааш мошинҳои зиёди таъмирталаб хобидаанд, истифодаи бензини тақаллубӣ ва олударо як сабаби хароб шудани мошин, ба вижа корношоям гаштани муҳаррики он медонад. Ин устои мошин мегӯяд, ки “поршенҳо дар натиҷаи истифодабарии бензини бесифат месӯзад. Баъд клапанҳо месӯзад. Бензини ифлос аз ҳар ҷиҳат ба мошин зарар мерасонад.”

Бозигарони аслии бозори маводи сухт дар Тоҷикистон “Газпром”, “Фароз”, “Умед 88” ва чанд ширкати дигар аст, ки навъ ва тамғаҳои мухталифи маводи сухт, аз ҷумла бензину гази моеъ ва маводҳои дизелиро ба харидорон пешниҳод мекунанд. Дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхт шикояти ронандаҳоро дар бораи фурӯхтани бензини бесифат ва истифодаи бедалели тамғаҳои пешрафтаи бензинро рад мекунанд. Масъулони ширкати хусусии “Симойл” мегӯянд, баръакс барои рақобатпазир будан дар бозор онҳо талош мекунанд, сифати мол беҳтар бошад. Вале ронандаҳо дар ин бора назари дигар доранд.

Як ронанда, ки худро Зикриё муаррифӣ кард, таҷрибаи худро ин тавр баён намуд: “Ман аз нуқтаҳои мухталиф сӯзишворӣ мехарам. Аз пистолетҳое, ки тавассути он ба мошин бензин мерезӣ, ба ҷойи 18 литр 12 литр бензин мехарӣ. Аз ин ҳисоб ронандаҳо фиреб мехӯранд. Барои мисол ронанда барои расидан то Қӯрғонтеппа бензин мехарад, аммо он камӣ мекунад, чун тоза нест. Бензини 92-ро 95 гуфта мефурӯшанд ва 80-ро 92.”

Ронандаи дигар, ки гуфт Саид ном дорад, мегӯяд, барои он ки ба мошинаш “дарди сар” нахарад, бештар аз бензини ширкатҳои бузург ва бонуфузи бензинфурӯш истифода мекунад.

Танҳо дар соли 2015 ба Тоҷикистон 500 ҳазор тонна маводи сӯхт, аз ҷумла дар ҳудуди 1900 ҳазор тонна бензин ворид шудааст. Ин навъи сӯзишворӣ вобаста ба тамға дар Душанбе аз 5 сомониву 10 дирам то 5 сомониву 60 дирам арзиш дорад.

Шикоятҳо аз сифати пасти маводи сухт дар нуқтаҳои сӯзишворӣ дар ҳолест, ки бо вуҷуди аз 100 то ба 30 доллар поин рафтани нархи як бушка нафт, нархи сӯзишворӣ дар кишвар аслан бетағйир мондааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG