Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Рашт мегӯянд, дар робита ба қазияи мактаби рақами 44 дар ин ноҳия се нафар гумонбар ҳастанд. Онҳо мегӯянд, ин қазия на тундгароӣ, балки натиҷаи хусумат ба мудири мактаб будааст.

Маъмурони пулиси минтақаи Рашт субҳи 21 апрел ба пурсиши чор талабаи мактаби рақами 44 дар ҷамоати Боқӣ Раҳмизода шурӯъ кардаанд. Яке аз масъулони мактаб дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз хонандагон дар робита ба пора кардани харита ва гӯиё таҳдид ба муаллимаҳои ин муассисаи таълимӣ саволҳо шудааст.

Мусоҳиби мо афзуд, ин пурсиш дар ҳолест, ки яке аз хонандагони синфи 7-уми мактаби рақами 44 ҳамчун гумонбар дар ин қазия будааст.

Шоми 20 апрел мақомоти Рашт гуфтанд, дар робита ба қазияи мактаби рақами 44-и ҷамоати Боқӣ Раҳимзодаи ин ноҳия се нафар гумонбар ҳастанд. Зумрад Лоиқова -- муовини раиси ноҳияи Рашт оид ба маориф ва илм 20 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ин қазия ҳамон тавре қаблан ҳадс зада мешуд, марбут ба тундгароӣ набуда, "балки натиҷаи хусумати шахсии як муаллима ба мудири мактаб будааст". Лоиқова аз афроди гумонбар ном набурд, аммо гуфт, "онҳо - як муаллимаи мактаби рақами 44, бародараш ва посбони мактаб будаанд".

Субҳи рӯзи душанбе раиси деҳаи Камароби минтақаи Рашт Раҳматҷон Салимов ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки шаби 18 аб 19 апрел як гуруҳ вориди мактаби 44 шуда, харита ва "газетаҳои деворӣ"-ро пора кардаанд ва инчунин номаи таҳдидомезе барои муаллимаҳо ва мудири мактаб гузоштаанд. Ба қавли ӯ, номанависон гуфтаанд, ин таҳдиди охирин аст ва агар муаллимаҳо ба фаъолияташон дар мактаб хотима набахшанд, ҷазои сахт - қатл дар интизорашон ҳаст.

Як сокини ҷамоати Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, 20 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, хоҳараш дар мактаби рақами 44 кор мекунад ва кормандони умури дохилии ноҳия ӯро пурсиш кардаанд. Тамизкор ё фарроши мактаб низ гуфт, субҳи душанбе барои тоза кардани мактаб рафт, аммо кормандони умури дохилӣ гуфтаанд, дари мактаб бастааст ва ба хонааш баргардад.

Таҳдиди қатли муаллимаҳои як мактаб дар минтақаи Рашти Тоҷикистон, ки сокинонаш “мазҳабӣ” дониста мешаванд, зуд таваҷҷӯҳи расонаҳо ва ҷомеаи кишварро ба худ ҷалб кард. Ин ҳодиса дар ҳоле рух додааст, ки мақомоти маорифи минтақаи Рашт мегӯянд, солҳои охир занону духтарони минтақа дар кору таҳсил фаъолтар шудаанд. Зумрад Лоиқова -- муовини раиси ноҳияи Рашт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз миёни беш аз ҳазор омӯзгор дар ин минтақа 302 муаллима ба хонандаҳо дарс мегӯянд. “Хушбахтона, ҳоло дар мо дигар монеагузориҳо нест. Духтарони зиёди мо дарс мехонанд, ҳатто барои квота ҷанг аст,”-афзуд ӯ.

Дар минтақаи Рашт 52 мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, 23 ҳазору 818 хонандаро ба таълим фаро гирифтааст, ки аз ин теъдод 12 ҳазорашон духтаранд. Домулло Абдуқодир, имомхатиби масҷиди деҳаи Камароб, ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯйдоди мактаби рақами 44, новобаста аз он ки натиҷаи тундгароист ё хусумати шахсӣ, ӯро нигарон кардааст: "Вақтҳои охир дар бораи муллоҳо ҳарчӣ мегуянд, вале ман ҳамчун роҳбари иттиҳодияи динӣ дар минтақа бо итминон мегӯям, ки ин амали кадом мулло ва диндор нест. Аммо ин иғвогар ва фитнагар бояд ошкор карда, ба ҷазо кашида шавад."

Аммо Одил Олимов, яке аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифи Тоҷикистон ва корманди собиқи Шӯъбаи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи ноҳияи Рашт пеш аз хабари боздошти афроди гумонбар дар қазияи мактаби 44 ноҳияи Рашт гуфта буд, феълан дар ин минтақа ҳеч гуна гурӯҳҳои тундраве вуҷуд надорад, ки битавон ба унвони гумонбар дар ин ҳодиса ном бурд.

Вай гуфт, "ақаллан солҳои 2006-08 мебуд, шояд рух додани чунин ҳодисаро мешуд, пешгӯӣ ва омилони эҳтимолии онро тахмин зад, вале ҳоло вазъият дар минтақаи Рашт ором аст ва ҳеҷ гурӯҳи худсар ва ё гурӯҳҳои норозӣ вуҷуд надоранд."

Ба фарқ аз ӯ, раиси деҳаи Камароб гуфт, ҳанӯз дар минтақаи Рашт гурӯҳҳои ба қавли ӯ "худсар" вуҷуд доранд. Бархе аз соҳибназарон низ бар ин буданд, ки чунин амал мумкин аст, натиҷаи нерӯ гирифтани ақоиди салафӣ дар минтақа ба вуқӯъ пайваста бошад. Аммо мақомот мегӯянд, рабт додани ин ҳодиса ба ифротгароӣ дуруст нест.

Минтақаи Рашт дар соли 2010 дар пайи пайдо шудани гуруҳи марбут ба Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло) ва ҳамла ба корвони мошинҳои сарбозони вазорати дифои Тоҷикистон дар сархатти расонаҳо қарор гирифта буд. Мақомот баъд аз ҳамлаи хунин ба корвони мошини сарбозон амалиёти низомӣ дар Раштро шурӯъ карданд, ки дар пайи он Аловуддин Давлатов (Алии Бедакӣ) ва ҳамроҳонаш кушта шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG