Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Хуҷанд ҷавони тоҷикеро, ки манзилашро ба калисо табдил дода, сокинони маҳаллиро ба дини насронӣ даъват мекард, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидаанд.

Ба гуфтаи Мӯъминҷон Орифов, сардори шӯъбаи дини ҳукумати Хуҷанд, ибодатгоҳи насрониён бо номи “Файз”- ро як ҷавони тоҷик, Акмал Тошхӯҷаев дар манзили дуҳуҷрааш дар маҳаллаи 32 - юми шаҳри Хуҷанд ба таври ғайриқонунӣ боз кардааст. Ба гуфтаи ин мақом, Тошхӯҷаев худро роҳиб эълон карда ва ҳудуди 25 нафар аз сокинони маҳаллиро ба дини насронӣ ҷалб намудааст. Онҳо ҳар рӯзи якшанбе барои адои намоз ва қироати китоби барои масеҳиён муқаддаси он ҷо ҷамъ меомадаанд ва дар яке аз чунин ҷамъомадҳо мақомот ҳозир шуда, ибодатгоҳи онҳоро бастаанд.




Ин ибодатгоҳи насрониён зимни санҷиши фаъолияти масҷиду ибодатгоҳҳо аз ҷониби шӯъбаи дин ошкор карда шудааст. Мӯъминҷон Орифов афзуд: “Мо ҳозир дар нисбати роҳиб ё пастори он ибодатгоҳи ғайриқонунии насрониён, Акмал Тошхӯҷаев маводи маъмурӣ тартиб додем ва ба додгоҳ ироа мекунем. Ҳамчунин дар асоси банди 31 – и Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” фаъолияти он ибодатгоҳи насрониро боздошта, ба дари манзили ба калисо табдилёфта мӯҳр зада шудааст.” Ба гуфтаи мусоҳибам, мақомот лавозимоти ибодатгоҳи ғайриқонунӣ, мисли минбару адабиёт ва асбоби баландгӯиро мусодира кардаанд.

Ба гуфтаи мақомот, Акмал Тошхӯҷаев як манзилашро дар бинои бисёрошёна ба ибодатгоҳи насронӣ табдил дода, худ дар манзили дигараш дар Хуҷанд зиндагӣ мекардааст. Мӯъминҷон Орифов гуфт, мутобиқи қонуни Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва итттиҳодияҳои динӣ” калисои “Файз” то замони гузаштан аз қайди давлатӣ ҳаққи фаъолият надорад.

Акмал Тошхӯҷаев, роҳиби калисои “Файз” дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, дар ибодатгоҳи мазкур пайравони маҳаллии дини масеҳӣ рӯзҳои якшанбе барои адои ибодат ҷамъ меомаданд ва намояндагони мақомот якшанбеи рӯзи 26 - уми май ба калисо ҳозир шуда, фаъолияти онро қатъ карданд. Тошхӯҷаев мегӯяд, бархӯрди намояндагони ба намозгузорон хеле маданӣ буд ва эҳсос намешуд, ки онҳо мехоҳанд ҷамъомадагонро паст бизананд.

”Гуфтанд, ки калисоямонро то қайди давлатӣ гирифтанаш мебанданд. Ростӣ, онҳо бо мо хуш сӯҳбат карданд. Онҳо ба мо маслиҳат доданд, ки аз рӯйи қонун дар манзили бинои истиқоматӣ таъсис додани иттиҳодияи динӣ мумкин нест. Ҳатто моро дилбардорӣ карданд, ки зиёд безобита нашавем, зеро аз тарафи мо танҳо ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шудааст,” - афзуд мусоҳиби мо.


Калисои "Файз" дар ҳамин бино фаъолият доштаааст

Калисои "Файз" дар ҳамин бино фаъолият доштаааст

Акмал Тошхӯҷаев, роҳиби калисои басташудаи “Файз” мегӯяд, пайравони калисо афроди синну сол ва миллаташон гуногун аст, ки аз масеҳият пайравӣ мекунанд ва худро ба ҳеҷ як равияи вижа мансуб намедонанд. Акмал Тошхӯҷаев дар посух ба саволи Озодӣ, ки чаро қаблан барои сабти номи ибодатгоҳ талош накардааст?, гуфт, барои сабти калисо ба шӯъбаи дин дар ҳукумати Хуҷанд шифоҳӣ муроҷиат карда буд. Вале мақомот ба далели кам будани пайравони ибодатгоҳ ва дар бинои истиқоматӣ ҷойгир шуданаш дархости ӯро рад карданд.

Ба маълумоти Эркинҷон Маҳмудҷонӣ,сармутахасиси шӯъбаи дини ҳукумати Хуҷанд, дар маркази вилояти Суғд дар маҷмӯъ 7 калисои масеҳиён, аз ин шумор 3 калисои православӣ расман фаъолият мекунад. Ҳар яки онҳо ҳудуди 40 - 50 пайрав дошта, дар маҷмӯъ шумори пайравони дини масеҳӣ дар Хуҷанд то 300 нафар гуфта мешавад.

Рӯзи 6 – уми июн, дари ибодатгоҳ дар маҳаллаи 32 юми Хуҷанд баста буд ва эҳтимол рӯзи якшанбе танҳо онҳое аз ин манзил хабар бигиранд, ки ҳанӯз аз масдуд шудани калисо хабар надошта бошанд.

Эҳсон Муродов, раҳбари кумитаи бинои мазкур дар суҳбат бо Озодӣ эътироф кард, ки пайравони дини масеҳӣ мардуми беозор ва бонизоманд. “Аз онҳо ба касе зиён намерасид. Баръакс рӯзи якшанбе ҳавлии биноро тоза мекарданд ва об зада, мерӯфтанд. Хатояшон фақат ҳамин будааст, ки бе қайду ҳуҷҷат фаъолият мекардаанд. Баъди бастани калисояшон дигар наомада истодаанд,” – афзуд ӯ.

Муҳаббат Ҷӯраева, ҳуқуқшинос ва раҳбари маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон бо номи “Адвокати ту” ба Озодӣ гуфт, ки чанд нафар аз пайравони ибодатгоҳи насронии “Файз”, ки нахостаанд номашон зикр шавад, қабл аз баста шудани ин ибодатгоҳ ба вай барои гирифтани маслиҳати ҳуқуқӣ муроҷиат карда буданд. Вай афзуд: “Онҳо аслан давоми 5 сол талош доранд иттиҳодияи насронии онҳо расман ба қайд гирифта шавад. Онҳо ҳуҷҷатҳои заруриро ба шӯъбаи дини ҳукумати Хуҷанд низ пешниҳод кардаанд. Аммо ба сабабҳои ба мо номаълум мақомот онҳоро сабти ном накардаанд.”

Ҳуқуқшинос Ҷӯраева афзуд, раҳбари иттиҳодияи насронии “Файз” бояд дар пайи тибқи қонун 30 рӯз посух нагирифтан аз мақомот ба додгоҳ муроҷиат мекард ва ҳалли қонунии қазияро тақозо мекард. Аммо иштибоҳи вай дар он аст, ки ба ҷойи ин амал бидуни дарёфти иҷозаи қонун фаъолияти иттиҳодияашро ба роҳ монд.

Хонум Ҷӯраева ҳамчунин гуфт, дар ин ҳолат мақомоти масъул ба навбати худ раҳбари иттиҳодияи мазкурро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, дар протокол ҳуқуқвайрокунии онҳоро мушаххас менавиштанд ва ба онҳо имкон медоданд тибқи қонун дар мӯҳлати муайяне он камбудиҳоро ислоҳ намоянд. Ва бори дигар санадҳои ислошҳударо барои сабти номи иттиҳодияашон ба мақомоти дахлдор пешниҳод кунанд. Аммо ба ҷойи ин якшанбеи 26 - уми май мақомот ба ибодатгоҳи мазкур ҳозир шуда, ҳозиринашро мавриди бозпурсӣ қарор додаанд ва дари ибодатгоҳро бастаанд.

Мӯъминҷон Орифов, сардори шӯъбаи дини ҳукумати Хуҷанд гуфт, Акмал Тошхӯҷаев, роҳиби ибодатгоҳи ғайриқонунии насрониён дар сӯҳбат бо мақомот гуфтааст, онҳо аз ҳаққи конститутсионии худ, ки ба ҳар шаҳрванд озодии виҷдонро кафолат медиҳад, ба дини масеҳӣ гаравидаанд ва дар ҷамъомадҳои динии худ танҳо маросимҳои диниро адо кардаву ба ягон амали зидди сиёсати давлати Тоҷикистон даст назадаанд. Ба гуфтаи мусоҳибам, Акмал Тошхӯҷаев, ҷавоне, ки дар Хуҷанд ибодатгоҳи масеҳӣ боз карда буд, қаблан ба соҳибкорӣ машғул будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG