Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси ташаббуси таслими силоҳи Сурия


 Дабири кулли СММ Бан Ки Мун дар ҷаласаи шӯрои Амнияти СММ
Дабири кулли СММ Бан Ки Мун дар ҷаласаи шӯрои Амнияти СММ

Кишварҳои ғарбӣ ташаббуси Русия дар мавриди таслими аслиҳаи кимиёии Сурияро қабул намуда, мувофиқат кардаанд, онро дар СММ баррасӣ кунанд.

Қасри Сафед мегӯяд, президенти ИМА Барак Обама бо раҳбарони Фаронса ва Британия мувофиқат кардааст, ки ташаббуси Русия дар масъалаи таслими назорати аслиҳаи кимиёии Сурияро дар СММ арзёбӣ намояд.

Як мақоми Қасри Сафед, ки нахост номаш ошкор шавад, ба хабарнигорон гуфт, президент Обама бо раҳбари Фаронса Франсуа Олланд ва сарвазири Британия Дейвид Кемерон ташаббуси Русияро баррасӣ намуда, мувофиқат кард, ки баҳри иҷрои он бо Чину Русия ҳамкорӣ кунад. Русия пешниҳод кардааст, ки аслиҳаи кимиёии Сурия таҳти назорати ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирад, то маҳви комили он кафолат дода шавад.

Рӯзи сешанбе ҳангоми баҳс дар Конгресс котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ гуфт, маъмурияти президент Обама ба арзёбии ташаббуси Русия омодааст, вале “Вашингтон то абад интизор нахоҳад монд”.

Керрӣ аз аъзои Кумитаи нерӯҳои мусаллаҳи Маҷлиси Намояндагони Конгресс даъват кард, ки ба татбиқи амалиёти низомӣ бар зидди Сурия иҷозат диҳанд.

Ба қавли Керрӣ бидуни таҳдиди воқеӣ Сурия баҳри иҷрои ин барнома саъй нахоҳад кард. Ба гуфти котиби давлатии ИМА Сурия бояд ба таври сареъ, воқеӣ ва собитшаванда аслиҳаи кимёиро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ супорад.

Ҳукумати Сурия иброз доштааст, ки ташаббуси Русияро мепазирад. Бар пояи он аслиҳаи кимиёии Сурия ба нозирони байналмилалӣ таслим шуда, сипас маҳв гардонида хоҳад шуд.

Рӯзи сешанбе дар сӯҳбат бо вакилони Думаи давлатии Русия вазири корҳои хориҷии Сурия Валид ал-Муаллим гуфт, Димашқ бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз таҷовузи ИМА ташаббуси Русияро қабул мекунад.

Пеш аз он вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров таъкид карда буд, ки Русия ва Сурия рӯи барномаи мушаххас кор мекунанд ва ба зудӣ он барои арзёбӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешкаш мешавад.

Сенатори бонуфузи амрикоӣ Ҷон Маккейн мегӯяд, ИМА ба ҷуз аз қабули як кӯшиши дигари дипломатӣ ва фишор рӯи Сурия интихоби дигаре надорад.
ИМА ҳукумати Сурияро бо ҳамлаи кимиёии 21-уми август, ки ҳаёти беш аз 1400 касро аз байн бурдааст, муттаҳам мекунанд.

Ҳукумати Сурия исрор меварзад, ки дар ин ҳамла даст надорад ва дар асл масъулияти ин амал бар дӯши нерӯҳои мухолифи ҳукумати Башор ал-Асад аст.
Эътилофи миллии Сурия, ки мухолифи режими Асад мебошад, ташаббуси Русияро “сарфи беҳудаи вақт” номида илова кардааст, ки он боиси марги бештари мардум хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG