Пайвандҳои дастрасӣ

Обама: Ҳар гурӯҳе, ки қасди ҳамла ба моро дорад, нобуд хоҳад шуд


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико

Раисиҷумҳури Амрико гуфт, ки кишвараш аз соли 2001 боз дар ҷанг алайҳи терроризм қарор дорад ва "Давлати исломӣ" ё ҳар гурӯҳеро, ки дар садади зарба задан ба онҳост, нобуд хоҳад кард.

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, рӯзи якшанбе дар як барномаи мустақими телевизионӣ гуфт, ки кишвараш ба ҳама таҳдидҳои террористӣ пирӯз хоҳад омад. Ӯ гуфт, "гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ҳар созмони дигареро, ки қасди зарба задан ба моро дорад, нобуд мекунем."

"Таҳдидҳои террористӣ воқеӣ ҳастанд. Мо бар онҳо ғалаба хоҳем кард. Муваффақияти мо ба изҳороти тунд ё раҳо кардани арзишҳо ва тарсидан вобаста нест. Иттифоқан ин ҳамон чизе аст, ки "Давлати исломӣ" ба он умед бастааст. Дар иваз мо бо қавӣ будан, ҳушмандӣ ва талоши беамон ва бо истифода аз ҳама ҷанбаҳои қудрати Амрико пирӯз хоҳем шуд," -- таъкид кард Обама.

Раисиҷумҳури Амрико афзуд, онҳо аз замоне ки "Ал-Қоида" наздик ба се ҳазор амрикоиро дар 11 сентябри соли 2001 кушт ва то кунун дар ҳоли ҷанг бо терроризм ҳастанд. Аммо ӯ гуфт, Иёлоти Муттаҳида набояд вориди ҷанги дарозмуддат ва пурҳазинаи заминӣ дар Сурия ва Ироқ бишавад.

"Ин ҳамон чизест, ки "Давлати исломӣ" мехоҳад," – шарҳ дод вай. Қаблан, ба дунболи ҳамлаи маргбори моҳи гузашта дар Порис, пойтахти Фаронса, ва инчунин тирандозӣ дар Калифорния, шуморе аз ҷумҳурихоҳон дар Конгресси Иёлоти Муттаҳида хостори фиристодани нерӯи заминӣ ба Сурия ва Ироқ шуданд.

Бо ин ҳол, раисиҷумҳури Амрико тирандозӣ дар Калифорнияро, ки 14 кушта ва 21 захмӣ бар ҷой гузошт, иқдоми террористӣ донист. Ӯ гуфт, "ин иқдоми террористӣ аст, тарҳе барои куштори афроде бегуноҳ."

Ҳамла ба маркази кумаки иҷтимоӣ дар шаҳри Сан-Бернардино, ки рӯзи чаҳоршанбе, 2 декабр сурат гирифт ва дар он 14 нафар кушта ва 21 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар ҳамла Ташфин Малик ва шавҳараш Сайёд Форуқ айбдор мешванд, ки рӯзи 3 декабр дар як даргирӣ бо пулис кушта шуданд. Ташфин Малик шаҳрванди Покистон ва шавҳараш Форуқ – шаҳрванди Амрико буданд.

Раиси Бюрои федеролии тафтишоти ИМА (FBI) Ҷеймс Комӣ рӯзи 5 декабр гуфт, ҳарчанд далелҳои робитаи ҳамлагарон ба ягон гурӯҳи тундрав ошкор нашудааст, тафтишот тирандозӣ дар Сан-Бернардиноро чун ҳамлаи террористӣ арзёбӣ мекунад, зеро зану шавҳар таҳти таъсири ақидаҳои радикалӣ қарор доштанд. Аз ин пеш Дэвид Баудич ба хабарнигорон гуфт, яке аз ҳамлагарон – Ташфин Малик ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” савганди вафодорӣ ёд карда буд. Дар ин бора ин хонум дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Facebook хабар дода буд. FBI ҳамчунин дар бораи тамоси телефонии Ташфин Малик бо шавҳараш Сайёд Форуқ қабл аз тирандозӣ иттилоъ дарёфт кард.

Ҳадс зада мешавад, ки зану шавҳар боз ба як ҳамлаи террористии дигар омодагӣ мегирифтанд. Ҳангоми кофтукоб аз манзили онҳо беш аз 3 ҳазор тир ва 12 бомби худсохт мусодира карда шуд. Сайёд Форуқ аз ин пеш ягон бор мавриди шубҳаи хадамоти амниятии ИМА қарор нагирифта буд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар чаҳорчӯби тафтиши ҳамла дар Сан-Бернардино шаби гузашта кормандони амниятии федеролӣ як манзили воқеъ дар ҳамсоягии хонаи Сайёд Форуқро кофтукоб карданд. Сухангӯи FBI Лора Аймиллер хабари кофтукоби ин манзилро тасдиқ кард ва аммо аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ намуд. Ҳамсояҳо ба хабарнигори Рейтер гуфтанд, ки соҳби ин манзил ва Сайёд Форуқ робитаи дӯстона доштанд.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Давлати исломӣ” бар дӯш гирифт. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 5 декабр бо такя ба изҳороти радиоии ин гурӯҳ аз тариқи интернет иттилоъ дод. Аммо баъзе аз масъулони мақомоти кашфи Амрико ҳадс мезананд, ки шояд Ташфин Малик ва Сайёд Форуқ мустақилона радикалӣ шуда ва мустақилона даст ба ин куштор задаанд.

XS
SM
MD
LG