Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Н.Назаров: Додгоҳи ҲНИТ озод баргузор мешуд, дарси ибрати дигарон буд


Нуралишо Назаров. Акс аз соли 2011
Нуралишо Назаров. Акс аз соли 2011

Генерали мустаъфӣ имсол интизор дорад аз заминҳояш як тонна гандум ҳосил ба даст орад. Мақомдори собиқадори сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ зиёд хабарҳои телевизионро пайгирӣ намекунад, вале дар маҷмӯъ аз ҳаводиси ҷаҳон бохабар аст.

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Назаров, ҳоло аз зиндагӣ, давраи нафақа розӣ ҳастед?

Нуралишо Назаров: Бале, розӣ ҳастем. Ҳар кас ба ин дараҷа намерасад, ки баобрӯ ба нафақа барояд. Мо танҳо ба нафъи ҷамъияту давлат кор кардем, қонун гуфтем. Ҳоло деҳқонӣ мекунем

Радиои Озодӣ: Шумо замин доред?

Нуралишо Назаров: Бале, як гектар замин дорам дар ҳудуди колхози “Россия”, ҳамон ҷо рафта майда-майда кор мекунам. Имсол 40 сотих гандум коридам, юнучқа коридам. Як-ду сар гов дорам, ба ҳамон нигоҳ мекунам. Ин ҳама барои эҳтиёҷоти худамон аст.

Радиои Озодӣ: Пас аз таҳаввулоти охирини Тоҷикистон хабар доред, телевизион тамошо мекунед?

Нуралишо Назаров: Аз таҳаввулоти Тоҷикистон камтару, дар бораи рӯйдодҳои ҷаҳон бештар хабар дорам.

Радиои Озодӣ: Ҳоло, ки сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар баробари чолишҳои нави мисли гурӯҳи “Давлати исломӣ” қарор доранд, назаратон ба кори онҳо чӣ аст?

Нуралишо Назаров: Дар ҳақиқат, ба мо мутахассисони варзида намерасад, мутахассисони ҳақиқӣ, ки кор кунанд, каманд. Баъзеашон вазифаҳои баланд доранду аммо навишта наметавонанд. Ҳатто як аризаи оддиро навишта наметавонанд. Ҳатто тарҷумаи ҳоли худро навишта наметавонанд. Аз ин чиз одам каме зиқ мешавад. Мутахассисони даврони шӯравӣ аз замин то осмон фарқ мекарданд. Барои он ки онҳо бепул мехонданд, инҳо бошанд, пулро месупоранду баҳоро гирифта рафтан мегиранд (механдад). Инро ҳама медонад

Радиои Озодӣ: Аз назари таҳдидҳои тундгароиву терроризм назаратон ба кори органҳои ҳифзи ҳуқуқ чӣ аст?

Нуралишо Назаров: Таҳдидҳои терроризм буданд, ҳастанд, вале ҳоло хеле тинҷ шудааст. Давраҳое, ки мо кор мекардем, дар як сол 49-50 ҳодисаи террористӣ мешуд, ки ба қайд мегирифтем. Бисёрашро мекушодем. Ҳозир терроризм нест. Шояд ҳастанд онҳое, ки вазъияти иқтисодӣ зӯрашон меояд ва ба ҳар тараф мераванд. Барои иштирок дар

ҷангҳои хориҷӣ бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, ин дуруст аст. Вале бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ, ва ё профилактикаро ҳам ба роҳ мондан лозим аст. Оилаҳое, ки ба ин кор даст мезананд, онҳоро муайян карда, бо онҳо сӯҳбат кардан лозим аст. Фаҳмонда тонистан даркор. Вале ҳоло ҳар кас фаҳмонда наметонад. Ин кори пурмашаққат аст. Одамҳои компетентный (ҳирфаӣ) бояд бошанд, ки босавод бошанд, сарфаҳми терроризм раванд, сабабҳои сар задани терроризмро донанд. Дар тафтишот омил ё сабаби сар задани ҷиноятро мушаххас мекунанд, то надонӣ, ки сабаби сар задани ин ҳодиса чӣ буд, ту коратро сар-сарӣ анҷом медиҳӣ.

Радиои Озодӣ: Яъне фақат бо боздошту муҷозот масъала ҳал намешавад?

Нуралишо Назаров: Ҳеҷ вақт. Сабабашро омӯхтан даркор. Бо кадом сабаб ҳамин одам ба гурӯҳи террористӣ шомил шуд? Вайро аз ҳама ҷиҳат бояд омӯзӣ, ки чӣ ин одамро маҷбур кард, ки ба ин роҳ биравад? Ҳеҷ кас ихтиёран террорист нашудааст.

Радиои Озодӣ: Ба фикратон кадом давра барои мубориза бо терроризм мушкилтар буд – ҳоло ё дар давраи кори шумо?

Нуралишо Назаров: Он давра мушкил буд. Солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон танҳо дар Душанбе ва атрофи он 100 банд-формирований буд, аз 10 то 100 нафар зиёд буданд. Ҳамааш яроқдор, ҳамааш бо мақсадҳои мухталиф буд. Якеаш террорист буд, дигараш бандит, дигараш қасдгирӣ мекард, гурӯҳе буд ба ном аз тарафи оппозитсия, дигаре буд ба ном аз тарафи “Фронти халқӣ”. Корашон фақат ғорат буд.

Нуралишо Назаров

Нуралишо Назаров 70 сол дошта, даври пирӣ меронад. Дар рухсатӣ аст. Дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ 35 сол кор карда, боқӣ мӯҳлат дар сохторҳои дигари давлатӣ ифои вазифа кардааст. Солҳои 1990-ум сардори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД, солҳои 2003-2006 раиси ситоди Кумитаи ҳифзи сарҳадоти давлатӣ ва баъди ин дар мақоми муовини вазири ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон кор кардааст. Соҳиби чор фарзанд ва 7 набера аст.

Соли 1992 маро раиси шӯъбаи мубориза бо бандитизм ва терроризми ВКД таъйин карданд. Кори ин шӯъба мисли торпедо буд. Ҳар ҳодисае мешуд, аввал шуда мо он ҷо мерасидем. Мо борҳо бо марг рӯбарӯ шудаем. Дар як ҳодиса дар маҳаллаи Тезгари Поён бандаи Саидмухтор ҳуҷум кард. 7 нафар аз тарафи мо мурд. Насибамон набудааст, зинда мондем. Дар Кофарниҳон Намоз ҳуҷум кард. Гӯё шӯъбаи корҳои дохилиро гирифтанд, мо аз ин ҷо рафтем. 22 коргари милитсия мурд. Фиреб карда аз болои бом ба мо парронданд. Ин соли 1998, баъди имзои Созишномаи сулҳ буд. Ҳар ҳафта барои несту нобуд кардани ин бандаҳо вазорати дохилӣ амалиёт мегузаронид.

Радиои Озодӣ: Дар ҳамин байн кадом амалиёте зидди нафаре буд, ки ҳоло ба андешаи шумо, хато анҷом шуда буд?

Нуралишо Назаров: Ҳар амалиёте, ки мегузаронидем, ба нақша мегирифтем, роҳбарият тасдиқ мекард, бо амният ҳамоҳанг мекардем. Масалан як амалиёте, ки бо амният якҷоя анҷом дода будем, барои дастгир кардани подполковник Шарипов буд. Ӯ аз дивизияи 201-ум гӯё сардори разведкаи мухолифони мусаллаҳ буд. Аз ӯ силоҳи зиёд гирифтем. Дар шаҳр штаб дошт. Ду маротиба 60-нафарӣ бачаҳоро ҷамъ карда Афғонистон бурда ба бандаи Ризвон супурда буд. Ман шахсан пистолеташро аз дасташ гирифтам, дар браунинги ӯ тақдим аз Ризвон навишта шуда буд. Ингуна ҳодисаҳои зиёд буд.

Радиои Озодӣ: Ҳоло 13 узви ҲНИТ пушти панҷара рафтанд. Назари шумо ба ин додгоҳ чӣ аст?

Нуралишо Назаров: Аз ҳама ҷинояти вазнин хиёнат ба ватан аст. Мо давраи беҳокимиятиро аз сар гузаронида будем. Вақте ҳокимият аст, қонун ҳаст.

Радиои Озодӣ: Баъзе созмонҳо ва раҳбарони мухолифин ба дурустии ҳукми онҳо шубҳа доранд. Мегӯянд, мурофиа пушти дарҳои баста ҷараён гирифт, ҷомеа намедонад, ки онҳо кадом гуноҳҳоро содир кардаанд?

Нуралишо Назаров: Ин ҷо масъалаи сирри давлатӣ аст, аз ҳамин хотир

аъзои раёсати ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ба ҳукми аз 2 сол то абад равонаи зиндон шуданд
аъзои раёсати ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ба ҳукми аз 2 сол то абад равонаи зиндон шуданд

ҳам суд пушти дарҳои баста гузаштааст. Дар давраи шӯравӣ ҳам ҳамин хел буд. Парвандаҳое, ки амният ба додгоҳ месупорид, пушти дарҳои баста мегузашт.

Радиои Озодӣ: Шумо бо ин ақида розӣ ҳастед, ки бояд дар нисбати боздоштшудаҳо ҳам меъёрҳои ҳуқуқи инсон риоя шавад?

Нуралишо Назаров: Агар фикри маро донистан хоҳед, ман тарафдорам, ки ин хел парвандаҳо озод баррасӣ шаванд, мардум бубинад, ин профилактика барои дигарҳо мешавад. Бифаҳманд, ки онҳо нодуруст рафтор карданд. Мо, ки ҷамъияти демократӣ месозем, ҳама чиз бояд озод бошад. Агар ин чизҳоро озод гузаронанд, давлат боз ҳам мустаҳкамтар мешавад, хоҳиши исён бардоштан бар зидди давлат аз байн меравад.

XS
SM
MD
LG