Пайвандҳои дастрасӣ

Волии Балх Атомуҳаммади Нур ва муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон Абдурашид Дӯстум бар зидди Толибон эътилофи сиёсӣ ташкил додаанд.

Дар пайи ноамниҳои пайдарпай дар вилоятҳои шимол-шарқи Афғонистон, миёни волии қудратманди Балх Атомуҳаммади Нур ва муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон Абдурашид Дӯстум дар мубориза бо Толибон ва дигар гурӯҳҳои ҷангӣ, ки дар шимоли он кишвар таҷаммӯъ кардаанд, эътилоф сурат гирифт.

Забеҳуллоҳ Фитрат, муовини сухангӯи ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон ин гузоришҳоро таъйид кард ва ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "то ҳол дар ин маврид нишастҳое миёни афроди баландпояи ин ду ҳизби сиёсӣ дар Фориёб, Балх ва Кобул анҷом шудааст."

Ӯ гуфт, ки "инҷо иттиҳоди давлатӣ нест, иттиҳоди сиёсии ду ҳизб аст барои ҳимоят аз нерӯҳои амниятӣ. Барои ҳимоят аз мардум ва барои пешгирӣ аз таҳдидҳои эҳтимолӣ, ки вуҷуд дорад. Бинобар ҳамин, онҳо ин иттиҳоди сиёсиро ташкил доданд ва ҳар ду ҳизб аз нерӯҳо, зарфиятҳо ва тавоноиҳои мавҷуди мардумиашон мехоҳанд истифода кунанд."

Пас аз нашри гузоришҳо дар бораи эҷоди эътилоф миёни Атомуҳаммади Нур ва Абдурашид Дӯстум, раёсати иҷроии ҳукумати Афғонистон аз он истиқбол кардааст. Ҷовид Файсал, муовини сухангӯи ин раёсат рӯзи сешанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукумат ҳамеша хоҳони ҳимояти мардум аз нерӯҳои амниятӣ буд ва ин иттиҳод метавонад сабаби беҳбуди вазъият дар вилоятҳои шимол гардад ва нерӯҳои амниятиро бештар ҳимоят кунад.

Ҷовид Файсал афзуд, ки "ҷаноби Устод Ато ва муовини аввали раёсати ҷумҳури ҳар ду мақомоти ҳукуматанд ва мушаххасан волии Балх вазифа дорад, ки барои амният кор кунад ва аз нуфузи худ, ки дорад, истифода намояд."

Таъсиси эълилоф алайҳи Толибон миёни Атомуҳаммади Нур ва Абдурашид Дӯстум дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран даргириҳо миёни нерӯҳои амниятӣ ва мухолифони мусаллаҳи давлати Афғонистон дар вилоятҳои шимолии он кишвар афзоиш ёфтааст.

Эътилоф миёни ин ду шахсияти қудратманд дар шимоли Афғонистон алайҳи Толибон дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи душанбе сафири Афғонистон дар СММ Зоҳири Танин дар нишасти Шӯрои Амният гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ҳафт ҳазор ҷангҷӯи хориҷӣ, дар он кишвар ҳузур доранд.

Сафири Афғонистон дар СММ гуфтааст, ки ҷангиён ҳоло ба ҳамлаҳои муштарак ва ҳамоҳанг оғоз кардаанд. Ба гуфтаи Зоҳири Танин, дар миёни ин ҷангиён шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон, Покистон ва Чеченистони Русия низ ҳастанд.

Ин дипломати афғон гуфтааст, ки гурӯҳҳои ҷангии хориҷӣ талош доранд, вилоятҳоро дар ин кишвар ба тасарруфи худ дароранд, то фаъолиятҳояшонро дар Ҷануби Осиё ва ҳамчунон Осиёи Миёна, густариш диҳанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG