Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"No selfie" ё Миллиардери қазоқ натавонист бо Назарбоев акс бигирад


Дар лаҳзаҳои пешвози президентони кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ миллиардери маъруфи қазоқ хост бо президенташ акс гирад, вале натавонист.

Дар ҳоле, ки ду рӯзи охир таваҷҷӯҳи матбуот ба осоишгоҳи Бурабаи Қазоқистон дар робита бо ҷаласаи сарони кишварҳои узви ҷомеаи Муштарак-ул-Манофеъ равона шудааст, ба дурбини наворбардори бахши қазоқии радиои Озодӣ саҳнаи ҷолиби дигаре афтод. Дар лаҳзаҳое, ки президент Нурсултон Назарбоев президентони ҳар кишвари узви ин иттиҳоди сиёсиро пешвоз мегирифт, сарватмандтарин шахс дар Қазоқистон хост бо ӯ акс бигирад. Булат Утемуров хост бо президент Назарбоев як акси селфи бигирад, вале ногаҳон раиси ҷумҳурӣ бо як ишораи даст миллиардерро аз худ дур кард. Олигархи маъруф ночор аз назди президент дур шуд ва маълум буд, ки дар ҳолати ногувор мондааст.

Ин саҳна, ки ба навори хабарнигори бахши қазоқии радиои Озодӣ тасодуфан афтодааст, вокунишҳои зиёди хонандаҳои сайти бахши қазоқии радиои Озодиро ба бор овард. Барои бисёриҳо дар як ҳолати “беэътибор” дидани миллиардери маъруф тааҷҷубовар ва мояи хандаву тамасхур шудааст.

Булат Утемуратов соли 2015 ҳам аз ҷониби маҷаллаи бонуфузи Forbes ба феҳрасти сарватмандтарин сокинони сайёра ворид шуд. Ӯ сарватмандтарин сокини Қазоқистон ҳам мебошад. Ин маҷалла менависад, ки раиси Федератсияи тенниси Қазоқистон ва собиқ мудири иҷроияи президент Булат Утемуратов дар 57-солагӣ соҳиби 2,6 миллиард доллар сармоя мебошад. Ду сол пеш сармояи ӯ 2,2 миллиард доллар ҳисоб шуда буд. дар феҳрасти умумии сарватмандони ҷаҳон Утемуратов дар мақоми 714-ум қарор дорад.

Бархе дар маҳфилҳои сиёсӣ Утемуратовро "серый кардинал" ё шахси бонуфузе мегӯянд, ки на танҳо бо президент наздик аст, балки ҳунари дар хориҷа "шустушӯ" кардани пулҳои сарватмандону мақомдоронро дорад.

"No Selfie" - гуфт Назарбоев
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:22 0:00

XS
SM
MD
LG