Пайвандҳои дастрасӣ

Набуди таҳвилгоҳ барои кӯдакони “овора”, ки аз бозорҳо дар вақти кор ва аз кӯчаву хиёбонҳо дар вақти “оворагӣ” ва гоҳо ба вақти шаб боздошт мешаванд, кори мақомоти интизомиро душвор кардааст.

Шӯъбаи ҳуқуқи кӯдаки Раёсати умури дохилаи Хатлон мегӯяд, дар рейдҳо ё амалиёти вижаи пулис кӯдакони зиёде аз шаҳру навоҳии дурдасти вилоят, ки ба марказ меоянд, боздошт мешаванд, аммо барои нигоҳдории муваққатӣ ва бозпурсии онҳо, таҳвилгоҳ ва ё муассисаи вижа мавҷуд набудааст.

Маҳмадалӣ Салимов, масъули ҳифзи ҳуқуқи ноболиғони бахши умури дохилаи Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, кӯдаконе, ки дар амалиёти онҳо боздошт мешаванд, аксаран аз шаҳру навоҳии дурдаст будаанд, ки барои дарёфти пул ба маркази вилояти Хатлон меоянд.

Ҷаноби Салимов гуфт, ки агар дар ин вилоят таҳвилгоҳ бошад, кӯдакони боздоштшуда онҷо нигоҳ дошта мешаванд ва мудате омӯзиш гирифта ва баъди ташхиси духтурон ба хонаводаҳояшон фиристода мешаванд, аммо бо сабаби мушкилоти молӣ онҳо наметавонанд кадом сохтмон ё муассисаеро ҳамчун таҳвилгоҳ истифода кунанд:

"Таҳвилгоҳ надорем, вале ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа аз ин шаҳр барои сохтмони таҳвилгоҳ барои мо заминеро ихтисос дода буд, вале барои сохтмон ва ба истифодааш пул лозим аст, ки ҳоло дар ихтиёр надорем. Агар ягон созмони ҷаъмиятӣ ё донор кӯмаки молӣ расонад, хуб мешуд, чун таҳвилгоҳ зарур аст."

Ин дар ҳолест, ки дар ҷараёни амалиёти полис, пайваста шумори муайяни кӯдакони овораву бесарпаноҳ ошкор мешаванд. Аз аввали соли ҷорӣ дар шаҳру навоҳии вилоят дар натиҷаи беш аз 500 амалиёт на камтар аз 2000 ҳазор кӯдаки ба истилоҳ “овора” боздошт шуда ба хонаводаҳояшон фиристода шудаанд.

Дар пояи иттилои расмӣ, ин кӯдакон аксаран аз хонаводаҳои фақир буда, бештар ба ҳангоми кор дар бозор, боркашониву аробакашӣ, дудандозиву талбандагӣ боздошт шудаанд.

Фақир Саъдуллоев, сармутахассиси шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки ҳукумати вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, сохтмони таҳвилгоҳ бар зимаи бахши умури дохилаи Хатлон мебошад ва кӯдакони боздоштшуда, ки аксарияташон душвортарбия ҳастанд, бояд онҷо нигоҳ дошта шаванд.

Ҷаноби Саълуллоев мегӯяд: “Кӯдаконе, ки душвортарбия ҳастанд, пулис бо онҳо кор мекунад, онҳо ба назорат эҳтиёҷи зарурӣ доранд. Аммо пулис як таҳвилгоҳеро ба истифода медод. Раиси вилоятам ба вазорати умури дохилаи кишвар як мактуб карда буд, ки бояд таҳвилгоҳ сохта шавад, вале то ҳол ин мушкил ҳаллӣ худро наёфтааст.”

Айни замон, таҳлилгарон мегӯянд, ки барои пешгирӣ аз кӯчагард шудани атфол бояд мушкилот иҷтимоии хонаводаҳо ҳалли худро пайдо кунад. Юсуф Муҳаммадзода, коршиноси масоили иҷтимоӣ дар ин замина дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт: “Хубаст, ки пеши роҳи кори кӯдаконро мегирем, вале фикрашро намекунем, ки хонаводаҳои онҳо дар гуруснагӣ чӣ кор мекунанд? Талабати ҳифзи иҷтимоии кӯдакон бояд риоя ва бояд таъмин карда шавад. Бехатарии иҷтимоии мардум чандон риоя намешавад, чун мебинем, ки камбизоатӣ ва нархҳо гарон аст. Кӯдаконро, ки иҷозаи кор намедиҳем, пас чӣ кор бояд кунем? Бояд пеш аз ҳама дурнамои онро фикр кунем.”

Ғунчагул Иброҳимова, сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон мегӯяд, ду фарзанди ӯ ба хотири нодориву ниёзмандӣ на дар сари партаи мактаб, балки дар бозори шаҳри Қӯрғонтеппа нишастаанд. Духтари 14-солаи ӯро ахиран полис дар як рейде боздошт ва ба хонаашон фиристодааст, аммо, ба гуфтаи хонум Иброҳимова, дар шароити сангини хонаводаи онҳо, ҳамин духтари наврасаш ёвари аслӣ шудааст: “Худам маъюб ҳастам ва шаш фарзанд дорам, ки наметавонам ҳамаи онҳоро нигоҳубин кунам. Шавҳарам дар саҳро кор мекунад, ки пули зиёд намегирад, нигоҳубини фарзандон барои мо душвор аст. Медонам, ки қонун ҳаст, вале чӣ илоҷ?”

Полис мегӯяд, ки дар миёни ҳамин қишри кӯдакони хиёбонӣ хатари содир шудани ҷиноят ҳам афзоиш меёбад. Аз оғози соли ҷорӣ, дар миёни ноболиғон 129 ҷиноят содир шудааст, ки бештар ҷиноятҳои содиркардаи ноболиғон дуздӣ будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG