Пайвандҳои дастрасӣ

Бозгашти тадриҷии нерӯи барқ баъд аз се соат (ВИДЕО)


Баъди се соат қатъи нерӯи барқ дар бисёре аз манотиқи Тоҷикистон, интиқоли нерӯи барқро аз сар гирифтанд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Душанбе мегӯянд, нерӯи барқ дар пойтахт таъмин аст, дар Кулоб, Суғд ва дигар минтақаҳо низ мардум ва муассисаҳо бо нерӯи барқ таъмин шудаанд. Рӯзи 28-уми октябр соати тақрибан 7 ба вақти Душанбе нерӯи барқ дар пойтахт қатъ шуд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон гуфтанд, ки дар маркази ин вилоятҳо шаҳрҳои Хуҷанд ва Қурғонтеппа ва ҳамингуна дар шаҳри Кулоб нерӯи барқ набуд.

Ба думболи қатъи нерӯи барқ дар бисёре аз гӯшаҳои Тоҷикистон, нахуствазир Қоҳир Расулзода барои ошноӣ бо вазъи Норак, нерӯгоҳи бузургтарини кишвар сафар кардааст. Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ сабаби қатъи барқ "пеш омадани мушкил" дар нерӯгоҳи Норак буд, вале мутахассисон саъй доранд, онро рафъ кунанд.

Азбаски шифохонаҳо ва дигар иншооти ҳаётан муҳим низ аз нерӯи барқ маҳрум шуданд, мутахассисон мегӯянд, ки мушкили техникӣ агар дар Норак ё шабакаҳои баландшиддати барқ ва ё истгоҳҳои тақсими нерӯи барқ ба вуҷуд омада бошад, пас мушкили ҷиддӣ буд. Дар вилояти Бадахшон, ки нерӯгоҳи Помирро дорад, мардум бо нерӯи барқ таъмин ҳастанд.

Баъзе аз расонаҳо навиштаанд, ки мумкин аст, нерӯгоҳи Норакро ба сабаби бастани маҷрои рӯдхонаи Вахш, ки қарор аст, фардо сурат бигирад, барои муддате хомӯш карда бошанд.

Дар пойтахт шифохонаҳо ҳам аз нерӯи барқ маҳрум шудаанд ва фақат чароғакҳои роҳ кор мекарданд. Фурудгоҳи Душанбе корашро идома медиҳад, чун манобеи мустақили таъмини барқ ба мисли генераторҳои дизелӣ дорад.

Хабарнигорони Озодӣ дар шаҳри Хуҷанду Кулобу Қурғонтеппа гуфтанд, ки ин шаҳрҳо ҳам се соат дар асорати торикӣ буданд, вале маҳаллаҳои онҳо ба тадриҷ бо неруи барқ таъмин шуданд.

Ҳанӯз сабаби торикии сартосарӣ маълум нест. Мақомоти тоҷик қазияро то кунун шарҳ надодаанд. ​Вале Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" дар сӯҳбати мухтасари телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҷои нигаронӣ надорад, ба зудӣ ҳал мешавад ва фардо шарҳ медиҳем".

Сокинони шаҳри Хоруғ мегӯянд, ки ҳеҷ мушкиле бо таъмини барқ надоранд, хонаҳо чароғон аст.

Ба гуфтаи мутахассисон мумкин аст, дар нерӯгоҳи Норак ва ё шабакаи баландшиддати тақсими барқи нерӯгоҳ “қатъи садамавӣ” рух дода бошад ва ингуна ҳодисаҳо рух медиҳанд.

Дар вазорати умури дохилӣ гуфтанд, ҳеҷ ҳодисаи фавқуллодае дар Норак рух надодааст. Нерӯгоҳи мазкур, ки бузургтарин нерӯгоҳи Тоҷикистон аст, тақрибан 90 дар сади қаламрави кишварро бо нерӯи барқ таъмин мекунад. Нерӯгоҳ нӯҳ агрегат дорад ва иқтидори умумиаш ба 3000 мегаватт мерасад.

Ба ғайр аз ин нерӯгоҳ, Тоҷикистон чандин нерӯгоҳҳои миёна ва хурд дорад, ки қудрати таъмини қаламравҳои хурд бо барқро доранд.Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2, нерӯгоҳҳои Сарбанд, Қайроқум вуҷуд доранд, ки қудраташон ба таъмини манотиқи маҳдуде мерасад.

Қатъи саросарии барқ дар Тоҷикистон як рӯз пеш аз бастани маҷрои рӯдхонаи Вахш сурат гирифт, ки қарор аст, рӯзи 29-уми октябр сурат бигирад. Болотар аз Норак нерӯгоҳи азими Роғунро месозанд, ки сохтмонаш ҳоло идома дорад ва танҳо дар сурати такмили он Тоҷикистон метавонад, худро бо нерӯи барқи кофӣ таъмин кунад. То кунун мардуми кишвар дар фасли тирамоҳу зимистон аз бебарқӣ ва камбуди нерӯи барқ ранҷ мекашанд.

XS
SM
MD
LG