Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Павел Астахов хост, гунаҳкорони марги Умаралӣ муҷозот шаванд


Павел Астахов
Павел Астахов

Омбудсмени кӯдак ё ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар назди раиси ҷумҳури Русия аз мақомоти интизомии кишвараш тақозо кардааст, то ҳақиқати ҳоли марги Умаралӣ Назарови панҷмоҳаро дақиқ кунанд.

Павел Астахов, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар назди раиси ҷумҳури Русия, аз мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулли он кишвар тақозо кардааст, ки қазияи марги тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаровро дар Санкт-Петербург мунсифона таҳқиқ карда, ба амали маъмурони пулис ва Хадамоти муҳоҷират баҳои ҳуқуқӣ диҳанд.

Аз ин пеш, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва сафорати кишвар дар Русия гуфта буданд, ки тафтиши ҳодисаи марги Умаралиро таҳти назорати қатъӣ қарор додаанд. Дар ин бора Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, шоми 17 октябр бо такя ба як изҳороти вазорати умури хориҷии Русия ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар посух ба нотаи эътирозии сафорати Тоҷикистон вазорати умури хориҷии Русия навиштааст, ки муроҷиати сафорат хеле ҷиддӣ гирифта шудааст. "Ба волидайни Умаралӣ Назаров изҳори ҳамдардии амиқ карда, ҳамроҳ бо онҳо мотам дорем," -- гуфта шудааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Русия.

Ба иттиллои идораи сиёсати берунаи Русия, барои ошкор кардани сабабҳои марги Умаралӣ Назарови панҷмоҳа ба Вазорати умури дохилӣ, Хадамоти федеролии мухоҷират, Вазорати ҳифзи сиҳҳат ва Додситонии кулли Русия ба таври оҷил дархост фиристода шудааст. "Аз натиҷаҳои тафтиш ҷониби Тоҷикистон фавран огаҳ карда хоҳад шуд," -- омадааст дар поёни посухи Вазорати умури хориҷии Русия.

Умаралӣ Назарови панҷмоҳа
Умаралӣ Назарови панҷмоҳа

Тавре қаблан хабар дода будем, телевизионҳои шаҳри Санкт-Петербурги Русия наворҳоеро мунташир карданд, ки даҳҳо нафар дар назди дарвозаи консулгарии Тоҷикистон ҷамъ омада ва аз мақомоти Русия таҳқиқи мунсифона ва ҳарчи зудтари сабаби фавти Умар Назарови 5-моҳаро доранд. Дар яке аз ин наворҳо дида мешавад, ки ёвари консули Тоҷикистон ба ҷамъомадагон вазъро шарҳ медиҳад.

Рӯзи 13 октябр мақомоти пулиси Санкт-Петербург бо баҳонаи нақзи қонуни муҳоҷират шаҳрвандони Тоҷикистон Далер Назаров, Заррина Юнусова ва ҳамроҳ бо ин зан писараш Умаралӣ Рустамович Назарови панҷмоҳаро боздошт карданд. Дар идораи полис тифлро аз модар ҷудо карданд ва баъди як рӯз ҷасади Умари беҷонро ба наздиконашон баргардониданд.

Меҳринисо Назарова, бибии Умар дар яке аз гузоришҳои телевизионӣ мегӯяд, ки ӯ дар паси дари пулис тариқи тиреза набераашро мушоҳида мекард. Ӯ мегӯяд, ки барои набераи 5-моҳааш шир оварда ва аз кормандони пулис хоҳиш кардааст, ки онро ба наберааш бидиҳанд. Аммо Меҳринисо Назарова мегӯяд, ки шоҳиди он шуд, ки зарфи ширро дар тоқи тиреза гузоштанд ва ба наберааш надоданд. Баъдан мошини ёрии таъҷилӣ набераи ӯро аз идораи пулис мебарад, вале ӯро нагузоштанд, ки набераашро ҳамроҳӣ кунад. Оилаи Назаровҳо рӯзи дигар хабари шуми марги набераашонро аз масъулони бемористон дарёфт карданд.

Ба навиштаи ин расонаҳо, тибқи маълумоти пешакӣ Умари хурдсол аз инфексияи шадиди респераторӣ фавтидааст. Аммо волидони Умар исрор доранд, ки тифлашон комилан солим буд. Ҳарчанд падараш мегӯяд, ки тифлашон норасӣ ба дунё омада буд, аммо вазнаш ба синну солаш мувофиқ буд ва хуб рушд мекард.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳам гуфт, ҳодисаи марги тифли хурдсоли тоҷикро дар як бемористони шаҳри Санкт-Петербург таҳти назорати худ гирифтааст. Дар хабар гуфта мешавад, ки намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав ба унвонии вазорати умури хориҷаи Русия нота фиристода таҳқиқи мунсифонаи ин қазияро талаб кардааст.

Дар шарҳи ҳодиса гуфта мешавад, ки рӯзи 13 октябри имсол ходимони раёсати хадамоти федеролии муҳоҷирати ноҳияи Адмиралтейскии шаҳри Санкт-Петербург бо баҳонаи нақзи қонуни муҳоҷират шаҳрвандони Тоҷикистон Далер Назаров, Заррина Юнусова ва ҳамроҳ бо ин зан тифли панҷмоххааш Умаралӣ Назаровро боздошт карданд. Дар идораи полис протокол тартиб дода шуда, Назаров ва Юнусова ба боздошгоҳ ҷо дода шуданд ва тифли ширхора, ки ба муроқибати ҳамешагӣ ниёз дошт, аз дасти модар гирифта шуд.

Ба модар ҳеҷ иттилое дар бораи маҳал ва шароити нигаҳдории тифл дода нашуд. Худи ҳамон рӯз Назаров ва Юнусоваро ба додгоҳи ҷиноятҳои маъмурӣ бурданд. Баъди панҷ соат додгоҳ қарор кард, ки ин ду нафар барои роҳ додан ба қонуншикании маъмурӣ бояд бо ихтиёри худ аз хоки Русия берун шаванд. Вақте модар ба идораи полис барои гирифтани фарзандаш рафт, ходимони полис ба ӯ иттилои дақиқе дар бораи маҳалли нигаҳдории тифлаш дода натавонистанд. Рӯзи дигар – 14 октябр субҳ ба ӯ занг зада гуфтанд, ки писараш даргузашт.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳоло аз сохторҳои давлатии Русия талаб дорад, ки ин қазияро таҳқиқ ва дар бораи натиҷаҳояш ин намояндагии дипломатиро огоҳ кунанд. Дипломатҳо талаб мекунанд, ки рафтори ходимони полис аз нигоҳи ҳуқуқӣ баҳогузорӣ шавад, ки то куҷо онҳо ҳақ доштанд ба ҳангоми боздошти модар, тифли ширхораро аз дасти ӯ бигиранд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар соли 2013 дар Русия беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҷон додаанд, ки ҷасади аксари онҳо ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст. Вазорати умури хориҷаи Русия бо пахши изҳороте навишт, ки дар соли 2014 дар ин кишвар 39 ҳодисаи марги маҷбурии шаҳрвандони Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Русия дар ду даҳсолаи ахир маҳалли аслии кории беш аз 1 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон шудааст. Дар аксар ҳолатҳо, маргу мири шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин қаламрав бо сабабҳои табиӣ ё беморӣ, дар ҳолатҳои ҷудогона ба ҳангоми иҷрои кори сангин ва пурхатари мисли сохтмон рух медиҳад. Дар баъзе ҳолатҳо дар гузашта бархе шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари ҳамлаи гурӯҳҳои нажодпараст ва ё бадрафтории полис ба ҳангоми боздошт ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG