Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Коронавирус" ҳаёти 18 нафарро аз байн бурдааст


Созмони ҷаҳонии беҳдошт бо ташвиши амиқ иброз доштааст, ки як вируси нав, ки бо номи коронавирус ёд мешавад, дар кишварҳои нимҷазираи араб ҳаёти камаш 18 нафарро аз байн бурда, ҳоло ба Фаронса Британия ва Олмон сироят кардааст.

Ходимони соҳаи беҳдошт аз сирояти коронавирус, ки соли гузашта дар нимҷазираи араб зуҳур намуда, ба ангезаи бемории САРС ё худ варами ғайриодии шуш шабоҳат дорад, хеле нигарон шудаанд.

Грегорӣ Ҳертл, пажӯҳишгари Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Женева гуфт: “Коронавирус аз ҳамон оилаи ангезандаи бемориҳои марбут бо сардӣ ва бемории САРС буда, ба онҳо каме шабоҳат дорад. Он дар муқоиса бо ангезандаи бемориҳои САРС ва зуком камтар сироят мекунад, вале аз ҳар ду вируси ёдшуда кушандатар аст”.

Ин беморӣ бештар дар кишварҳои арабӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ин беморӣ бештар дар кишварҳои арабӣ ба қайд гирифта шудааст.
Феълан коронавирус дар тани 34 нафар ташхис шудааст, ки дар Қатар, Арабистони Саудӣ, Урдун, Покистон, Олмон ва Фаронса ба сар мебурданд ва то имрӯз тахминан нисфи онҳо ба ҳалокат расидаанд. Вақте коронавирус ба тани инсон сироят мекунад, ибтидо шуши ӯ варам карда, сипас гурда ва дигар аносири муҳим аз кор мемонанд.

Ба қавли коршиносон мизони фавти мардуми мубталои коронавирус аз бемории САРС ҳам баландтар аст. Ҷои ёдоварист, ки соли 2003-ум, вақте бемории САРС (варами ғайриодии шуш) дар саросари олам сироят намуд, тахминан 800 нафар ба ҳалокат расида буданд.

То ҳанӯз сарчашмаи коронавирус маълум нест. Баъзе коршиносон тахмин мекунанд, ки манбаи ин ангезанда ҳайвонот ва шояд буз, шутур ва ё кӯршабпарак бошад.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00

Ходимони беҳдоштӣ хотирнишон кардаанд, ки коронавирус монанди САРС метавонад аз инсон ба инсон сироят кунад. Ҳафтаи равон ходимони беҳдоштии Фаронса тасдиқ карданд, ки як сокини ин кишвар, ки бо фарди гирифтори коронавирус дар як ҳуҷра истиқомат дошт, мубталои ин беморӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол Ҳертл мегӯяд, коронавирус имкон надорад, дар як вақт тамоми ҷомеаро мубтало намояд: “Шахс дар ҳоле гирифтори коронавирус мешавад, ки муддати тӯлонӣ бо фарди бемор дар тамос бошад. Агар шумо дар кӯчае аз назди инсони мубталои коронавирус убур намоед, ин беморӣ ба шумо сироят нахоҳад кард. Аз ин рӯ, мо иброз доштаем, ки сирояти саросарии он имкон надорад.”

Созмони ҷаҳонии беҳдошт силсилаи дастурҳо барои ҷилавгирӣ аз сирояти коронавирусро интишор намудааст, ки аз ҷумла шустани саривақтии дастон ва пӯшидани маскаи рӯй барои ҳимояти роҳҳои нафас ҳангоми тамос бо афроди беморро мадди назар дорад.

Ҳушдори сирояти коронавирус замоне нашр шудааст, ки дар Чин чанд ҳодисаи сирояти бемории дигари кушанда- зукоми мурғӣ ба қайд гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG