Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Восеъ ба асли худ баргашт- бо тоқӣ ва пешонибанди тоҷикӣ


Дар маркази ноҳияи Ховалинг бузургтарин ҳайкали Восеъ -- шахсияте, ки аз ӯ қаҳрамонӣ мардумӣ ном мебаранд, қад афрохт.

Дар маркази ноҳияи Ховалинг бузургтарин ҳайкали Восеъ, шахсияте, ки аз ӯ қаҳрамонӣ мардумӣ ном мебаранд, сохта шуд. Ин ҳайкал бо 8 метр баландӣ, нахустин ҳайкале дониста мешавад, ки симои воқеии Восеъро тасвир мекунад.

Восеъ авохири асри 19 дар ҳудуди Бухорои шарқӣ, ҳудуди Ховалинги имрӯз зиндагӣ мекард ва шӯҳрати ӯ замоне пайдо шудааст, ки ӯ алайҳи зулми Аморати Бухоро мардумро ба по мехезонад. Ҳарчанд, шӯриши ӯ ноком анҷом ёфта, худи ӯ дар Шаҳрисабз ба дор овехта мешавад, вале шӯрати мардумии ӯ ҳанӯз дар Тоҷикистон пойбарҷост.

Нурулло Мирзозода, раиси ноҳияи Ховалинг 6-уми ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, қаблан чандин нимпайкараву пайкараҳои Восеъ сохта шуда буд, аммо аксари онҳо Восеъро як марди пири ришдароз намоиш медоданд. Ӯ мегӯяд, ин пайкараи Восеъ бо дарназардошти интиқодҳои қаблӣ ва шунидани андешаи равшанфикрону пайвандони ин шахсият сохта шудааст.

Нурулло Мирзозода гуфт: “Дар сараш тоқӣ ва пешонибандӣ тоҷикӣ дорад. Симои як марди ғайюри кӯҳистониро тасвир мекунад. Ин ҳайкал ба як марди 42-солаи ғайюри кӯҳистонӣ, ки аз Восеъ гузаштагон чунин тавсиф мекунанд, монанд аст. Мо тамоми танқидҳо дар сохтани ҳайкали Восеъро ба назар гирифта, дар рӯзи 6-уми ноябр, рӯзи Сарқонуни кишвар аз рӯи ин ҳайкал парда бардоштем”.

Бори аввал аст, ки дар зодгоҳи Восеъ ҳайкали бузурги ӯ сохта мешавад. Қаблан, дар замони Шӯравӣ дар ноҳияи Восеъ, ҳамноми ин қаҳрамон ҳайкали ӯ сохта шуда буд, вале он дар шакли як муйсафеди пир тасвир мешуд.

Амри Аминов, пайкарасози тоҷики муқими Фаронса дар як сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ин ҳайкал на бо дарназрдошти чеҳраи воқеӣ, балки аз рӯи симои як муйсафеди маҳаллӣ сохта шуда буд: “Шодравон Юрий Григоревич, пайкарасози рус як мӯйсафеди хушсимои маҳаллиро пайдо мекунад ва то ҷое ман бохабарам, ин ҳайкали Восеъро дар дарозии тақрибан 6 метр аз рӯи симои ҳамон муйсафеди маҳаллӣ бунёд мекунад. Ӯ аз қаҳрамонии ин шахсият он қадар хабар надошт, вагарна хеле ҳайкалсози барҷаста буд”.

Пас аз интиқодҳои зиёд ин ҳайкалро дар ноҳияи Всоеъ тахриб карданд ва ба ҷояш Восеъро ҳамчун марди аспсавори шамшербадаст сохтанд.

Дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон даҳҳо нимпайкари Восеъ сохта шудааст, аммо ин ҳайкале, ки имрӯз дар ноҳияи Ховалин аз рӯяш пардабардорӣ шуд, нахустин ҳайкали бузурги ӯ дар Тоҷикистон аст.

Дар мавриди Восеъ даҳҳо шеъру достонҳо ва романи маъруфи “Восеъ” бо қалами Сотим Улуғзода таълиф ёфтааст. Ҳатто замони Шӯравӣ аз рӯи ин асар филми Восеъ низ наворбардорӣ шуда буд. Дар китобҳои дарсии Тоҷикистон низ қаҳрамони Восеъ “зидди зулми амирони золим” дарс дода мешавад.

XS
SM
MD
LG