Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабибуллоев не, Ҳақбердиев сармураббии «Регар-ТадАЗ» таъин шуд


Алишер Ҳақбердиев
Алишер Ҳақбердиев

Шариф Назаров, раиси бошгоҳи футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, хабари сармураббии ин даста таъин шудани Маҳмадҷон Ҳабибуллоевро рад кардааст.

Ба гуфтаи ӯ Алишер Ҳақбердиев, ки аз ин пеш мураббии калони «Регар-ТадАЗ» буд, сармураббии даста таъин гардид.

Дар ин бора имрӯз, 14-уми феврал, дар сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар дода шудааст. Вале ду рӯз пеш расонаҳои хабарӣ бо такя ба сомонаи ФФТ иттилоъ дода буданд, ки Маҳмадҷон Ҳабибуллоев сармураббии дастаи «Регар-ТадАЗ» таъин шуд.

Бино ба хабари сомонаи бошгоҳи футболи «Регар-ТадАЗ» рӯзи панҷшанбеи 13-уми феврал дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода таҳти раҳбарии раиси клуб Шариф Назаров ҷаласаи умумии аъзои бошгоҳ баргузор шуд, ки дар он Алишер Ҳақбердиев сармураббии даста таъин гардид.

Дар сомонаи бошгоҳ гуфта шудааст, «ба иллати бӯҳрони ҷаҳонӣ дар соҳаи металлургӣ, сарпарасти кулли даста – ширкати ТАЛКО – имрӯз бо мушкилоти зиёд рӯбарӯ шудааст. Аз ин сабаб ва бинобар ба охир расидани мӯҳлати шартномаҳои бозигарон масъалаҳои асосии бошгоҳ – киҳо дар мавсими нав бозӣ мекунанд, кӣ дастаро сарварӣ менамояд ва кай ҷамъомади таълимиву тамринӣ шурӯъ мешавад, ҳал нашуда буданд. Барои он ки вақт аз даст наравад, сармураббии пешини даста Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ҳамроҳи Алишер Ҳақбердиев футболбозони маҳаллиро ҷамъ карда, мустақилона ба тамрин шурӯъ намуданд. Вале масъалаҳои ташкилӣ ҳали худро наёфта буданд. Бо ин мақсад бо ибтикори аъзои бошгоҳ ҷаласаи умумии коллектив бо ширкати роҳбарон баргузор шуд.»

Футболбозон дар ин ҷаласа иброз доштаанд, ки ба мушкилоти молӣ нигоҳ накарда, имсол дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон иштирок мекунанд. Онҳо ба сармураббии нави даста изҳори боварӣ намуда, ӯ ва раҳбарияти бошгоҳро бовар кунондаанд, ки дар мавсими нав барои бомуваффақият бозӣ кардан ва нигоҳ доштани шарафи бошгоҳ тамоми кӯшишу ғайраташонро сафарбар мекунанд.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар ин ҷаласа ба шогирди худ Алишер Ҳақбердиев дар вазифаи сармураббии даста барори кор хоста, гуфтааст, «ман омодаам, ба ӯ маслиҳат бидиҳам, бо донишу таҷрибаи худ кӯмак кунам, зеро ки «Регар-ТадАЗ» ин клуби ман ва сарнавишти ман аст.»

Дар ин ҷаласа бозигари пуртаҷриба Фаррух Чориев капитани даста интихоб шудааст. Мувофиқи нақшаи мураббиёни «Регар-ТадАЗ», даста то барқарор шудани обу ҳавои мусоид, ҳаррӯз дар маҷмааи варзишии «Самандар-ХХI» тамрин мекунад.

Алишер Ҳақбердиев 16-уми феврали соли 1977 таваллуд шудааст. Аз соли 2000-ум узви бошгоҳи футболи «Регар-ТадАЗ» мебошад. Вай аввал дар даста ба ҳайси нимҳимоятгар бозӣ мекард, баъдан ба кори маъмурӣ ва мураббигӣ гузашт. Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Порсол дар вазифаи мураббии калони даста кор кардааст. Ӯ, инчунин, ёвари сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Маҳмадҷон Ҳабибуллоев мебошад.
XS
SM
MD
LG