Пайвандҳои дастрасӣ

"Путин. Ҷанг"-и Немтсов дар бораи ширкати Русия дар ҷанги Донбасс


Мухолифи Русия Иля Яшин дар рӯнамоии китоби пасомаргии Немтсов, 12 май, 2015

Мухолифи Русия Иля Яшин дар рӯнамоии китоби пасомаргии Немтсов, 12 май, 2015

Дар қароргоҳи ҳизби РПР-ПАРНАС дар Маскав гузориши "Путин. Ҷанг" дар бораи ширкати нерӯҳои Русия дар Донбасс муаррифӣ шуд.

Рӯзи сешанбеи 12 май дар шаҳри Маскав гузориши "Путин.Ҷанг" дар мавриди ҷанги Русия дар Украина ироа шуд. Дар ин гузориш, ки сиёсатмадори маъруф Борис Немтсов қабл аз куштораш ба навиштани он шурӯъ карда буд, аз ҷумла, омадааст, ки моҳҳои январ ва феврали соли равон дар ҷангҳои канори шаҳри Дебалтсовои вилояти Донетск тақрибан 70 афсару сарбози рус ба ҳалокат расидаанд. Моҳи августи соли гузашта бошад, дар муқовимат ба ҳамлаи густурдаи артиши Украина дар канори Иловайск дасти кам 150 низомии рус кушта шуда буд.

Дар гузориши «Путин. Ҷанг» гуфта шудааст, ки барои амалиёти низомӣ дар шарқи Украина дар даҳ моҳ аз буҷаи Русия 53 миллиард рубл харҷ шудааст. Бино ба гузориш, нисфи ин маблағ барои пуштибонӣ аз ҳукуматҳои худхондаи Донетск ва Луҳанск ва нисфи дигар барои таъминоти ҷудоихоҳон ва таъмири техникаи низомӣ сарф шудааст.

Ҷойи куштори Борис Немтсов

Ҷойи куштори Борис Немтсов

Борис Немтсов, муовини собиқи нахуствазири Русия ва аз мунтақидони ҳукумати Владимир Путин ва мухолифони ҷанг дар Украина буд. Ӯро шаби 27-уми феврал дар назди Кохи Кремл бо зарби тир куштанд. Ба эътиқоди мухолифони давлат, Борис Немтсовро барои фаъолиятҳои сиёсиаш куштаанд, вале мақомоти интизомии Русия чанд фарзияи қатли ӯро баррасӣ мекунанд.

Аз ҷумла мақомоти Русия мегӯянд, ки ӯ аз сӯи исломгароҳои чечен барои пуштибонӣ аз нашри тасвири танзомези Паёмбари ислом дар маҷаллаи фаронсавии “Шарлӣ Эбдо” кушта шудааст. Вале ин фарзияро ҳаммаслакони Немтсов қабул надоранд ва дар ин куштор Кремлро айбдор мехонанд.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи 4-уми март гуфт, бояд Русияро аз “шармандагиву фоҷиа” ба мисли қатли Борис Немтсов халос кунанд ва мухолифони давлату “тундравонро” ба он муттаҳам кард, ки дар ҷомеи Русия тухми хусумат мекоранд. Аммо мунтақидони ҳукумати Русия мегӯяд, ин худи ҳукумат аст, ки бо истифода аз расонаҳои тарафдори давлат дар миёни ҷомеа тухми нафрату адоват мекорад.
Мақомоти Русия ба дунболи ин ҳодиса эълон карданд, ки ду нафарро дар робита ба қатли Борис Немтсов дар шаҳри Маскав дастгир кардаанд. Александр Бортников, сардори Хадамоти Федеролии Амнияти Русия ва ё ФСБ рӯзи 7 март дар Шабакаи авввали телевизиони Русия гуфт, Анзор Кубашев ва Заур Дадаев бо гумони “содир кардани ин ҷиноят” боздошт шудаанд. Ба қавли ӯ, ҳардуи ин нафар сокинони Қафқоз ҳастанд.

Павел Фелгенгауэр, коршиноси масоили низомии рус, мегӯяд, ки маълумоти дар гузориши “Путин.Ҷанг” овардашударо наметавон иттилои нодир номид, зеро "ҷамъи иттилоест, ки қаблан дастрас буд ва аз сӯи ниҳодҳои гуногун, ба шумули вазорати дифои Украина, ироа мешуд". Ӯ меафзояд, "ин гузориш ба Немтсов ҳам кам нисбат дорад, зеро баъд аз куштораш ҳама навиштаҳои ӯ аз сӯи мақомоти тафтишотӣ мусодира шуда буданд. Маводи гузориши “Путин.Ҷанг” аз рӯи тарҳи ӯ ва ба ёди ӯ ҷамъ оварда шудааст ва ба он арзёбиҳои наве аз сӯи Алексашенко дар бораи хароҷоти эҳтимолии Русия дар ҷанги Украина илова шудаанд. Аммо Алексашенко низ миқёси маблағгузории Русияро намедонад, аз ҷумла, дар бораи он ки Русия ба Донбасс чӣ қадар техникаи низомӣ ва чӣ теъдод сарбозонро фиристодааст ва ба ин сарбозон чӣ қадар пул медоданд, иттилоъи дақиқ надорад".

Павел Фелгенгауэр

Павел Фелгенгауэр

Аз Павел Фелгенгауэр пурсидем, ки аз нигоҳи ӯ, Киев аз ин гузориш дар муқовимати сиёсияш бо Маскав оё истифода хоҳад бурд, бигирем, ин гузориш метавонад замимае барои шикояти Украина ба Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ аз таҷовузи Русия ба қаламраваш шавад? Ӯ мегӯяд, ки "аслан Киев ҳамин гуна иттилоъро қаблан нашр карда буд, аз ҷумла, дар нашрияи "Новая газета" рӯзи 2 март ҷавоби катбии вазорати дифои Украина дар бораи ширкати низомиёни Русия дар ҷангҳои Донбасс чоп шуда буд. Дар расонаҳои Украина ҳам дар ин бора зиёд навиштаанд. Вале, албатта, дар ҷанги иттилоотӣ ин гузориши Немтсовро ба ҳадде истифода хоҳанд кард".

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи мусоҳиби мо, "азсаргирии низоъ дар фасли тобистон аз эҳтимол дур нест, вале он батадриҷ шурӯъ мешавад. Фикр мекунам, ки аз нимаи дуввуми июн то июл даргириҳо шадид хоҳанд шуд. Албатта, беҳтарин моҳҳо барои амалиёти низомӣ - июл ва августанд. Нерӯҳои низомии Русия ҳам, таври маъмул, аз нимаҳои дуввуми моҳи июн дар ҳоли омодагии ҷиддӣ қарор мегиранд. Вале то он вақт тирандозиҳои ҷудогона сурат хоҳанд гирифт".

Аз сӯи дигар, меафзояд Павел Фелгенгауэр, ягон хел сармоягузории ҷиддӣ барои мунҷамидсозии низоъ ва ба хотири эҳёи иқтисоди Донбасс нест, баръакс сармоя асосан барои боло бурдани сатҳи омодагии ҳарбӣ сарф мешавад ва ин ҳам далолат ба он мекунад, ки ҷонибҳо ба амалиёти низомӣ омодагӣ мегиранд. "Агар мунҷамидшавии низоъро мехостанд, каме ҳам бошад барои иқтисоди Донбасс сармоягузорӣ мекарданд, бигирем чун дар Абхозистон ё Соҳили Днестр. Аммо ба назар намерасад, ки барои ин талошҳои ҷиддиро ба харҷ диҳанд", гуфт коршиноси рус.

XS
SM
MD
LG