Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ховалинг ҷаҳонгардонро ба худ мехонад


Ҳукумати ноҳияи Ховалинг бо боз кардани хати нави сайёҳӣ, мехоҳад ҷаҳонгардонро ба дидани мавзеҳои табииву таърихии ин ноҳияи кӯҳистонӣ ҷалб созад.

Қодир Валиев, раиси ноҳияи Ховалинг мегӯяд, тариқи ду хатсайр сайҳон метавонанд, аз Чилчанори Ховалинг ба Дараи Мухтору Мазори Ҳазрати Султон, Сурхсақова, ҷое, ки Восеъ барои даъват ба мубориза оташ афрӯхта буд, бираванд.

Аз он ҷо ҳавасмандон имкони дидани мавзеи ҷанги Давлатманди тоҷик ва Анварпошои турк бо аскарони Сурх дар аввали солҳои 20-уми асри гузаштаро дида, ба истироҳатгоҳи бунёдкардаи Миралӣ Маҳмадалиев, дар мавзеи зебоманзар бираванд. Ҳамин тариқ ин сайёҳат бо дидани мавзеи зебои Боғи Зоғон ва Оби Тира то ба Шарашараи Сарихосор мерасад.

Ҷаноби Валиев мегӯяд, яке аз ин хатсайр барои онҳоест, ки пои пиёда мехоҳанд сайёҳат дошта бошанд, аммо хатсайри дуввум роҳи нақлётгард дорад, ки сайёҳон бо воситаи нақлёт метавонанд, сайёҳат кунанд.

Аҳмади Иброҳим, рӯзгонманигор
Аҳмади Иброҳим, рӯзгонманигор
Ӯ гуфт: «Мо агар як ду бор сайёҳонро ба ин ҷо ҷалб кунем, бовар дорам, ки минбаъд аз дохилу хориҷ шумораи хоҳишмандон зиёд мешавад. Ҳоло мо бархе аз шароитро муҳаё кардаем, вале боз се истгоҳ барои дамгирии сайёҳонро низ ташкил карданием. Мо сайёҳоне, ки пиёда мехоҳанд, тамошо кунанд, бо хару асп ва онҳое, ки хоҳиши пиёда рафтан надоранд, бо воситаи нақлёт таъмин мекунем. Дар ин роҳ, сайёҳон ба ҷуз тамошои мавзеҳои диданӣ инчунин, обҳои мусаффо, гулу гиёҳ ва меваҳои табииро низ истеъмол мекунанд.»

Сайёҳат аз тариқи ин масир ҳудуди сад километрро дар бар мегирад, ки аз ноҳияи Ховалинг то ҷамоати Сари Хосори ҷамоати Балҷувон мерасад.

Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори маҳаллӣ, ки аз ин хатсайрҳо дидан кардааст, мегӯяд, беҳтарин мавзеъ барои сайёҳат вуҷуд дорад, аммо мутаасифона онро то кунун дуруст истифода накардаанд. Ба гуфтаи ӯ, барои ҷалби сайёҳон дар ин мавзеъ бояд ҳукумати маҳаллӣ сармояи бештар сарф кунад:

Ӯ гуфт: «Мутаасифона дар мо мехоҳанд, ки яку якбора фоида ба даст оранд. Ин ҷо бояд аввал маблағ сарф кард. Ҷойҳои истироҳатии зиёд сохт, ки ҳар ҷо сайёҳ имкони истироҳат кардан пайдо кунад. Дар ин сурат оҳиста-оҳиста фоида дидан мумкин аст»

Дар ҳамин ҳол, Амир Саиди Мункӣ, мудири осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Ховалинг мегӯяд, дар худуди ин ноҳия беш аз 50 макони таърихӣ вуҷуд дорад, ки сайёҳонро дар ҳайрат хоҳад гузошт. Ӯ мегӯяд, бозёфтҳо шаҳодат медиханд, ки Ховалинг қадимтарин макони сукунати одамон дар Осиёи Миёна ҳаст:

Мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ дар Ховалинг.
Мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ дар Ховалинг.
«Ин нукта барои сайёҳон то ҳанӯз ноошност, ки дар Ховалинг макони зисти одамони ибтидоӣ пайдо шудааст. Ин ҷо 48 қабати хок пайдо кардем. Дар Кулдара бошишгоҳҳои ҷамоаи ибтидоӣ пайдо кардем, ки дар илми ҷаҳонӣ бозёфти нодир аст. Беш аз 3 ҳазор бозёфти нодири таърихиро мо ҳоло нигаҳдорӣ мекунем, ки ҳатман диққати сайёҳонро ҷалб месозанд.»

Эълони хатсайрҳои туристӣ дар ҳолест, ки сокинони деҳаи Шехони Ховалинг мегӯянд, то солҳои 1996 даҳҳо сайёҳӣ турк аз ин мавзеъ дидан мекард. Мавҷигул Қудратова, сокини деҳаи Шехон мегӯяд, пас аз бурдани ҷасади Анварпошшо, генерали турк, ки дар ин мавзеъ кушта шуда буд, рафтуомади сайёҳони турк кам шуд:

«Мо то ҳол додани ҷасади ҳамин туркро хато медонем. Онҳо гуфта буданд, ки роҳҳоятонро дуруст мекунем, вале ҷасадро бурданд, дигар суроғ накарданд. Агар ҳамон ҷасадро мегузоштанд, боз ба фикрам рафтуомади сайёҳон зиёдтар мешуд.»

Дар минтақаи Кӯлоб танҳо ноҳияи Балҷувон минтақаи туризм эълон шудааст, вале барои аввалин бор аст, ки ҳукумати Ховалинг барои сайёҳон аз боз шудани хатсайрҳои ҷадид хабар медиҳад.
XS
SM
MD
LG