Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳмон ба Назарбоев: "Муваффақиятҳои Қазоқистон аз Шумост"


Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи 27 апрел, ҳамагӣ баъд аз чанд соати поён ёфтани интихоботи президентии Қазоқистон, Нурсултон Назарбоевро бо пирӯзияш табрик гуфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳамтои қазоқаш Нурсултон Назарбоевро ба муносибати дигарбора интихоб шуданаш ба мақоми президенти ин кишвар табрик кардааст.

Дар паёми ҷаноби Раҳмон ба Назарбоев, ки 27 апрел ирсол шудааст, омада, ки "халқи Қазоқистон бо изҳори ризоияти худ пуштибонии васею бешубҳаи сиёсати созандагии Шуморо ба манзури шукуфоии кишвар, дар арсаи ҷаҳон бемайлон баланд бардоштани обрӯи он ва беҳбудии халқи он ба тамоми ҷаҳон намоиш дод. Муваффақиятҳое, ки дар ин ҷода ба даст омадаанд, бо номи Шумо зич алоқаманданд."

Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро бори дигар раисиҷумҳур эълон кард. Ин ниҳод гуфт, рӯзи 26 апрел дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Қазоқистон 97,5 дарсад аз афроди қобили раъй ба тарафдорӣ аз Назарбоев овоз додаанд. Нурсултон Назарбоев аз замони истиқлоли Қазоқистон дар соли 1991 раиси ҷумҳури ин кишвар буд, бори дигар барои як давраи панҷсола ба курсии президентӣ такя зад.

Дар интихоботи президентии Қазоқистон бо Нурсултон Назарбоев Тургун Сиздиқов, раиси Ҳизби коммунисти Қазоқистон ва Абелгазӣ Кусаинов, раиси Иттиҳодияҳои синфии кишвар рақобат карданд. Тургун Сиздиқов 1,87 дарсад ва Абелгазӣ Кусаинов ҳамагӣ 0,63 дарсади орои интихобкунандагоин қазоқро тавонистаанд ба даст биоранд.

Ин интихобот бояд моҳи апрели соли 2016 баргузор мешуд, вале онро як сол пеш оварданд. Далели расмии як сол пеш овардани интихоботи президентии Қазоқистон ҷилавгирӣ аз дар як вақт иттифоқ уфтодани он бо интихоботи парлумонӣ гуфта мешавад. Аммо бисёриҳо инро ба азми худи Назарбоев бастагӣ медиҳанд, ки дар шароити бӯҳронии имрӯз мехоҳад, мавқеи бе он ҳам қавиаш дар мақоми раҳбарии Қазоқистонро боз ҳам қавитар кунад.

Пешниҳоди баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ дар Қазоқистон рӯзи 14 феврали соли ҷорӣ бори аввал аз сӯи Анҷумани халқи Қазоқистон, як ниҳоди машваратии таҳи раҳбарии раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев садо дод. Ба дунбол ҳизби ҳокими "Нур Отан" ва рӯзи 19 феврал маҷлиси болоии парлумони Қазоқистон низ аз ин пешниҳод ҳимоят карданд.

Назарбоев ҳамагӣ 4 сол пеш, дар баҳори соли 2011 бо баргузории чунин як интихоботи пеш аз мӯҳлат ва касби 95,5 дарсади оро давраи раҳбариашро бар Қазоқистон барои 5 соли дигар тамдид карда буд. Он дуруст соли инқилобҳои маъруф ба “Баҳори Араб” буд, ки чандин ҳокими мисли Назарбоев дарозумр дар кишварҳои арабиро аз тахт афканд ва бисёриҳо ҳадс мезаданд, ки Назарбоеви дар соли 2011 аллакай 70-сола бо чунин интихоботи пеш аз мӯҳлат курсиро аз зери пои довталабони кӯчондани чунин “инқилоб” ба сарзаминаш аз пеш бизанад.

Нурсултон Назарбоев соли 1940 ба дунё омада, аз соли 1989, инак 26 сол боз бо ислоҳи пайвастаи Қонуни асосӣ бар Қазоқистон, бузургтарин кишвари Осиёи Марказӣ аз лиҳози қаламрав, захираҳои табиӣ ва ҳаҷми иқтисод раҳбарӣ мекунад. Дар ин муддат танҳо як дафъа – дар соли 2005 интихоботи президентии Қазоқистон дар замони барояш муқарраршуда доир шуд ва низ бо пирӯзии Назарбоев анҷом ёфт. Дар навбатҳои дигар ӯ бо баргузории ё интихоботҳои пеш аз мӯҳлат ( дар солҳои 1991, 1999, 2011) ва ё аз тариқи референдум (дар соли 1995) замони раёсаташро тамдид кардааст. Ӯ бори охир дар моҳи апрели соли 2011 бо касби 95,5 дарсади овозҳо дигарбора раисиҷумҳури Қазоқистон интихоб шуд.

Дар соли 2010 бо таҳия ва тасвиби як қонуни вижа ба Нурсултон Назарбоев унвони Раисиҷумҳури нахустини Қазоқистон ва Пешвои Миллат (Элбошӣ) дода шуд. Қонуни асосии Қазоқистон замони раҳбарии як шахс бар ин кишварро бо ду давраи панҷсола маҳдуд кардааст, вале бар асоси қонуни соли 2010 ин маҳдудиятраисиҷумҳури нахустин ва Пешвои Миллат, яъне ба Назарбоевро фаро намегирад.

Тарафдорони Назарбоев мегӯянд, ки ӯ тавонист суботи иҷтимоӣ ва сиёсиро дар ин кишвари аз нигоҳи ҳам қаламрав ва ҳам таркиби қавмӣ хеле мураккаб ҳифз кунад ва ба пешрафтҳои зиёди иқтисодӣ даст биёбад. Назарбоев ҳоло як барномаи пуриддаои то соли 2050 ба сафи 30 кишвари пурқувваттарини дунё расондани Қазоқистонро дар сар дорад. Аммо мухолифон Назарбоев ва ҳукумати вайро ба сохтани як низоми худкомаи мабнӣ бар шахспарастӣ ва беш аз будаш нишон додани натиҷаҳои воқеии ҳукмронии ӯ айбдор мекунанд ва мегӯянд, ин 90-у 95 дарсаде ки гӯё аз Назарбоев ва атрофиёни ӯ дар интихоботҳо ҷонибдорӣ мекунанд, дар асл рақамҳои ҳавоист.

Нурсултон Назарбоев 3 духтар, 8 набера ва 2 абера дорад. Духтари калониаш Дариға вакили порлумон, духтари дуюмаш Динора бо 1,3 миллиард доллар бойтарин зан дар Қазоқистон ва духтари хурдиаш Алия раҳбари ширкат сохтмонии “Элитстрой” аст. Домоди калонии ӯ – Роҳат Алиев, ки як муддат вазири андозу баъдан муовини вазири амнияти Қазоқистон буд, баъди “гурехтани гапаш” бо Назарбоев дар соли 2007 тарки Қазоқистон кард ва дар Австрия паноҳ бурд. Ӯ, ки аз моҳи июни соли 2014 дар Вена дар боздошт қарор дошт, рӯзи 24 феврали соли ҷорӣ дар зиндон худкушӣ кардааст.

Домоди дуюмаш Тимур Қулибоев раиси Иттиҳодияи “Қазэнержӣ”-ст, ки ҳамаи корхонаҳои соҳаҳои нафту газ ва энержии Қазоқистонро муттаҳид мекунад. Қулибоев ҳоло яке аз пурнуфузтарин мӯҳраҳо дар арсаи сиёсии Қазоқистон ба шумор меояд. Алия – духтари хурдии Назарбоев, ки ҳоло 35 сол дорад, дар соли 1998, дар синни 18-солагиаш ба Ҳайдар Акаев -- писари раисиҷумҳури вақти Қирғизистон издивоҷ карда буд. Вале онҳо дар соли 2001 ҷудо шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG