Пайвандҳои дастрасӣ

Пажӯҳишгарони NASA мегӯянд, ки дар сайёраи Миррих нишонаҳои обро ошкор кардаанд. Мавҷудияти об дар ин сайёра заминаи мавҷудияти ҳаётро бештар мекунад.

Донишмандони NASA− созмони миллии тадқиқоти кайҳонии Амрико эълон карданд, ки дар сайёраи Миррих обӣ шӯрро пайдо карданд. Ин кашфиёт дар асоси аксҳои бо сифати баланд фиристодаи таҷҳизоти MRO (Mars Reconnaissance Orbiter), ки дар сатҳи сайёраи Миррих ин шабу рӯз қарор дорад, имконпазир шудаст. Дар нишасти хабарии вежа, ки дар қароргоҳи NASA рӯзи 28 сентябр баргузор шуд, олимон дар мавриди кашфи на танҳо оби шӯр, балки дарёҳои мавсимӣ дар сатҳи сайёраи Миррих хабар доданд. Ба таъкиди пажӯҳишгарон, дар фасли гармо дар Миррих яхҳо об шуда дарёҳои оби шӯрро ба вуҷуд меоранд, аммо дар фасли сармо ин моеъ комилан нопадид мешавад.

Ба кашфиёти донишмандони амрикоӣ дар Тоҷикистон ҳам таваҷҷӯҳ карданд. Профессор Хурсанд Ибоддинов, раҳбари анҷумани нуҷумшиносони Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ рӯзи 1 октябр гуфт, нуҷумшиносон кайҳо боз мавҷудияти обро дар сайёраи Миррих тахмин мекарданд, аммо тасдиқи расмиву дақиқи он то ба ҳол вуҷуд надошт. Ӯ мегӯяд, исботи мавҷудияти об дар Миррих дастоварди бузурги илмӣ аст. Зеро мавҷудияти об заминаи мавҷудияти ҳаётро дар ин сайёра бештар мекунад. “Албатта, ин ба маъное, нест, ки дар ин сайёра ба мисли Замин рустаниву дигар набоботот вуҷуд дорад. Аммо тахмин кардан мумкин аст, ки унсурҳои соддатарини ҳаёт, ба мисли сафедаҳо дар ин сайёра вуҷуд доранд”,− гуфт донишманд Ибоддинов.

Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд ҳарорати ҳаво дар экватори Миррих дар сатҳи сифр қарор дорад ва дар ду қутбаш дараҷаи сардӣ ба -150 мерасад, кашфи об дар Миррих, ки як сайёраи ҳамшафати Замин дар системаи офтобӣ аст, аз вуҷуд доштани фаслҳои сол дар ин сайёра дарак медиҳад.

Хабари кашфи оби шӯр дар сатҳи Миррих дар аксарияти расонаҳои байналмилалӣ ба таври густурда пӯшиш ёфт. Ин кашфиёт инсониятро ба орзуи деринааш - парвоз ба Миррих ва ҳатто сукунат дар “сайёраи Сурх”-ро, ки то ба ҳол рӯъёе беш набуд, наздиктар мекунад.

“Марс шоколад аст!"

Аммо сӯҳбатҳои сарироҳии мо бо баъзе сокинони кишвар собит кард, ки аксарият аз ин кашфиёт на танҳо хабар надоранд, балки дар бораи худи сайёраи Миррих ҳам огаҳии чандоне надоранд. Ин дар ҳолест, ки хабари кашфи об дар Миррих саҳифаҳои Интернетро пур карда ҳатто дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон пӯшиш ёфт. Аз 15 ҳамсӯҳбати сарироҳии мо дар кӯчаҳои пойтахт танҳо 4 нафарашон аз мавҷудияти сайёрае бо номи Миррих маълумот доштанд. Бахши умда ба ин суоли мо, ки “Оё дар бораи Миррих ва ё Марс” чӣ медонед?“, посух доданд, ки чизе намедонанд. Ҳатто баъзеҳо гуфтанд, ки “Марс” ин шоколад аст..

Профессор Ибоддинов мегӯяд, дар мавриди сохти сайёраи Замин ва системаи офтобӣ натанҳо мардуми авом, балки баъзе донишҷӯёне, ки дар ихтисоси нуҷумшиносӣ таҳсил мекунанд, тасаввуроте надоранд. Ин олими тоҷик мегӯяд, Вазорати маорифи Тоҷикистон дар тақлид ба Русия фанни астрономиро аз ҷадвали таълимӣ дар мактабҳои ҳамагонӣ берун кард ва ҳоло дар доираи фанни физика танҳо якчанд соат барои астрономия ҷудо шудааст.

Миррих чорумин сайёраи системаи офтобӣ буда пас аз сайёраҳои Аторуд, Зӯҳра ва Замин қарор дорад. Ин сайёра аз ҷиҳати ҳаҷм аз Замин хурдтар буда, қутр ва ё диаметраш 53 дарсади сайёраи мо, яъне 3396,9 километрро ташкил медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG