Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар миёни даҳҳо бонуи зебо аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба лоиҳаи “Харитаи зебоӣ” аз Тоҷикистон акси духтаре роҳ ёфтааст, ки аз ӯ дар ин харита “зеботарин кӯчарӯб” ном бурдаанд.

Дар миёни даҳҳо бонуи зебо аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба лоиҳаи “харитаи зебоӣ” аз Тоҷикистон акси духтаре роҳ ёфтааст, ки аз ӯ дар ин харита “зеботарин кӯчарӯб” ном бурдаанд, вале ӯ дар асл кӯчаҳои Душанберо гулкорӣ мекунад. “Харитаи зебоӣ” як лоиҳаи интернетиест, ки онро суратгире аз Руминия бо номи Миҳаила Норок роҳандозӣ кардааст. Муаллифи лоиҳа бо дурбини худ ба сайри ҷаҳон баромада, мехоҳад зеботарин чеҳраҳоро аз ҳар гӯшаи дунё аксбардорӣ кунад ва баъди анҷоми сафар ин аксҳоро дар шакли китоб ба нашр расонад. Моҳе қабл чеҳраи Мунира Мирзоева ба дурбини суратгир афтод, ки ин дафъа Тоҷикистонро макони сафар интихоб кард.

Ин акси Мунира, ки дар саҳифаи фейсбукии Миҳаила Норок бо зернавишти “Кӯчарӯби зебои Душанбе” нашр шудааст, дар чанд соати аввал ҳазорҳо “лайк” овардааст. Азбаски либос ё камзӯли кории роҳрӯб ва гулпарварон дар Душанбе якранг аст, аз ин рӯ суратгир ӯро “кӯчарӯб” пиндоштааст. Аммо худи Мунираи 19-сола, ки дар бахши кабудизоркунии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт кор мекунад, аз ситоиши зебоиаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ аслан хабар надорад. Ӯ ноновари

аслии хонаводаи 7-нафарааш аст ва тамоми рӯзаш ба ороишу гулгашту хиёбонҳои Душанбе сипарӣ мешавад.

Вай мегӯяд, ки фарзанди бузурги хонадон аст ва 4 бародари дигар дорад. Шароити бади молии хонавода ӯро гулпарвар кард. Мунира мегӯяд, нонашро бо арақи ҷабин ҳалол мекунад, вале аз ин машғулияташ ифтихор дорад. Мунира, ҳамон тавре, ки дар акси “Харитаи зебоӣ” тасвир шудааст, бо вуҷуди он ки дасташ ҳамеша олуда ба обу лой аст, ба зоҳири худ таваҷҷӯҳ мекунад ва мутмаин аст, ки зан новобаста аз хусусияти кораш, бояд ҳамеша тозаву зебо бошад. “Шояд ҳамин одатам буд, ки диққати он зани хориҷӣ ба ман афтид ва хоҳиш кард чанд аксамро бигирад. Рӯзе, ки ҳамин аксро бардоштанд, мо каме аз кор таннафус карда, бо духтарон сӯҳбат доштем.

Он суратгир ҳам наздамон омаду хоҳиш кард аксамро бигирад. Гуфт, барои як барномааш лозим аст”. Мунира ҳам баъди хатми мактаби миёна мисли ҳазорҳо духтарони дигари тоҷик орзуи идомаи таҳсилро дошта, мехост, табиб шавад. Аммо шароити молӣ чунин имкониятро надод. Ҳоло мегӯяд, зиёд озурда ё нороҳат нест, чунки «ҳар кас бояд пояшро баробари кӯрпа дароз кунад”. Дар воқеъ, ин духтари ба зиндагӣ хушбин дар гӯшае аз хаёлаш орзуи маликаи ҳусн буданро надорад ва мегӯяд, ҳоло бештар аз ҳама мехоҳад зиндагии хубу осуда дошта, дастнигари касе набошад. Мунира танҳо духтаре нест, ки аз Тоҷикистон диққати аккосро ба худ ҷалб кардааст. Миҳаила ҳангоми гузаштан аз ҳудуди Тоҷикистон даҳҳо чеҳраҳои дигарро ҳам аксбардорӣ кардааст, аммо дар саҳфаи фейсбукиаш дӯстон маҳз акси Мунираро барои нашр дар китоби ояндааш тавсия кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG