Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додхоҳии сокини Шӯрообод дар сари қабри модари президент


Сафармоҳ Раҷабова

Сафармоҳ Раҷабова

Як сокини Шӯрообод дар рӯзи Иди Қурбон ба сари қабри модари президенти Тоҷикистон рафтааст, то ба ҳангоми дуохонӣ омадани раисиҷумҳур ба ӯ арзашро гӯяд.

Сафармоҳ Раҷабова, сокини ҷамоати Саричашмаи Шӯрообод, рӯзи 28-уми январ ба дафтари Радиои Озодӣ омада гуфт, тайи як соли охир барои расидагӣ ба қазияи марги фарзандаш ба Додситонии ноҳия, Додситонии кулли Тоҷикистон ва 12 бор ба дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон муроҷиат кардааст. Вале ба гуфтаи Раҷабова, "ҳеҷ мақоме барои ба ҷавобгарӣ кашидани қотилони фарзандаш, Назаралӣ Абдулалиев, чора намеҷӯянд."

Сафармоҳ Раҷабова нақл кард, ки 14-уми ноябри соли 2011 фарзандаш Назаралӣ бо мошини ЗИЛ барои ҳезум ба минтақаи марзии Саричашма меравад ва дигар ба хона барнамегардад. Пас аз панҷ рӯзи ҷӯстуҷӯ ҷасади фарзандашро дар дарёи Панҷ пайдо кардаанд. Раҷабова афзуд, дар пушти гардани фарзандаш сӯрохие буд, ки аз зарби қундоқи автомат пайдо шудааст.

Баъзе аз афроди деҳа гуфтаанд, ки гӯиё Назаралӣ дар дарё ғарқ шудааст,аммо модараш мегӯяд, ӯ шиновар буд ва 7 сол дар собиқ нерӯҳои марзбонии Русия дар Тоҷикистон хизмат кардааст. Модари Назаралӣ мегӯяд, нишондоди як марзбони тоҷик ӯро мутмаин сохт, ки писараш ғарқ нашуда, балки кушта шудааст.

Ба қавли хонум Раҷабова, як марзбон дар Шӯрообод, ки дар манораи назоратӣ навбатдор будааст, рӯзи 14-уми ноябри соли 2011 дидааст, ки як мошини НИВА дар мавзеи Саричашма пайдо шуда, аз он чаҳор нафар ба назди Назаралӣ меоянду ӯро латту кӯб намуда ба мошин бор карда, мебаранд.

Дар ҳамин ҳол, вакили мудофеи ҷабрдида, Суҳроб Сафаров, мегӯяд, баъд аз шоҳидии марзбон, ки номаш Файз будааст, ӯро дигар дар ҳамон қисми ҳарбӣ пайдо карда натавонистаанд. Ба гуфтаи вакили мудофеъ, Файзро ба кадом қисми дигар интиқол додаанд, ки то ҳол суроғаашро пайдо карда наметавонаед.

Додситонии ноҳияи Шӯрообод баъд аз муроҷиати волидони Назаралӣ, парванда боз кардааст. Аммо модари Назаралӣ Абдулалиев мегӯяд, Додситонии ноҳияи Шӯрообод бо ҳар баҳона дар таҳқиқи ин ҳодиса фурсатталабӣ мекунад ва муфаттишеро, ки ба таҳқиқи ин парванда машғул буд, аз кор барканор кардаанд.

Сафармоҳ Раҷабова мегӯяд, муроҷиатҳояш барои расидагӣ ба қазияи марги Назаралӣ, ки чаҳор писари маъюб боқӣ гузоштааст, натиҷае надоданд ва ӯ ночор Иди Қурбони гузашта ба қабристони ноҳияи Данғара рафтааст. Мусоҳиби мо афзуд, онҷо ҷасади модари президент мехобад ва дар рӯзи Иди Қурбон ба хотири он рафтааст, ки ҳатман президент, Эмомалӣ Раҳмон барои дуохонӣ меояду барои расондани арзаш имкон фароҳам мешавад. Лекин дар қабристон ба Сафармо гуфтаанд, ки президент ду рӯз қабл ба сари қабри модараш омад ва ӯ ночор пас мегардад.

Ин модар мегӯяд, талошҳояшро барои ба ҷавобгарӣ кашидани қотилони фарзандаш, қатъ намекунад. Фарзанди вай Назаралӣ Абдулалиев аз соли 1996 пас аз хизмати ҳарбӣ ба нерӯҳои марзбонии Русия дар Тоҷикистон ҷалб мешавад ва то замони аз Тоҷикистон хориҷ шудани марзбонони Русия, то соли 2007 дар минтақаи марзбонии Шӯрообод хизмат кардааст. Баъд аз он Назаралӣ ба зиндагии мулкӣ бармегардад.

Дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, аз сокини ноҳияи Шӯрообод, Раҷабова Сафармоҳ ба ин ниҳод муроҷиати хаттӣ расидааст ва Додситонии кул зимни нома аз Додситонии ноҳияи Шӯрообод тақозо кардааст, ки ин парвандаро бозрасӣ намуда, аз натиҷаи он гузориш диҳад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG