Пайвандҳои дастрасӣ

Шоҳнаврӯз Раҳматшоев: "Шоҳҷон ҳамагӣ як моҳ пеш арӯсӣ карда буд"


Шоҳҷон Раҳматшоев (акс аз "Lifenews")

Шоҳҷон Раҳматшоев (акс аз "Lifenews")

Бародари Шоҳҷон Раҳматшоеви 32-сола, ки шаби 26 декабр дар Маскав ба таври ваҳшиёна кушта шуда, мегӯяд, ки ӯ ҳамагӣ як моҳ пеш аз маргаш издивоҷ карда буд.

Шоҳнаврӯз Раҳматшоев рӯзи 29 декабр дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфт, бародараш Шоҳҷон Раҳматшоев ҳамагӣ як моҳ пеш издивоҷ карда, арӯсашро аз Бадахшон ба Маскав овард ва дар минтақаи Беляево як ҳуҷраро иҷора гирифт. Шоҳнаврӯз мегӯяд, ҳамон шаби шуми 26 декабр ӯ аз ҳуҷраи иҷорааш барои чанд лаҳзае берун рафта, ғайб зад ва танҳо фардояш нозири минтақавии пулис ба Шоҳнаврӯз Раҳматшоев занг зада, хабари кушта шудани бародарашро расонд: "Ман аввал бовар накардам, вале вақте рафтаму телефонашро дар бараш дидам,ҷонам баромад."

Шоҳнаврӯз гуфт, Шоҳҷон ҳарчанд дар Беляево, як минтақаи воқеъ дар ҷануби ғарби Маскав, иҷора менишаст, дар сохтмоне дар шаҳраки Химкӣ, дар шимоли пойтахти Русия кор мекард: “Ӯ ҳар рӯз соати шаши субҳ кор мерафт ва соати ҳашти шом бармегашт. Мо ҳамеша ҳамроҳ будем, вале баъди арӯсиаш маслиҳат кардем, ки ӯ ягон ҳуҷраро ҷиора гирифта, ҷудо зиндагӣ кунад.“

Шоҳнаврӯз Раҳматшоев мегӯяд, муфаттишон дар бораи ҷараёни тафтиш иттилоъе ба ӯ намедиҳанд ва ҳатто бо вуҷуди ваъдаҳои зиёд, дар амри зудтар таҳия кардани асноди лозим барои гирифтан ва таҳвили ҷанозаи бародараш ба Тоҷикистон кумаке накардаанд: “Рӯзи 28 декабр рафтем ва ҷасадашро шиносоӣ кардем. Муфаттиш ваъда дод, ки то шаб ҳамроҳат меистам ва ҳуҷҷатҳоятро тахт мекунам. Вале телефонашро кушт ва ба зангҳои батакрори ман ягон бор ҷавоб надод. Акнун рӯзи душанберо нигоҳ дорем, ки рӯзҳои истироҳат тамом шаванду ҳуҷҷатҳои даркорӣ барои бурдани ҷанозаи акаамро дуруст кунанд. Мегӯянд, ки гӯё 3 қирғзро ҳамчун гумонбар даст гирифтаанд. Вале мо дигар аз паси ин нестем. Акаамро куштанд дигар. Ягона чизе ки ҳоло мо мехоҳем, ҳарчӣ зудтар гирифтану ба Тоҷикистону бурдан ва гӯру чӯб кардани Шоҳҷон аст. Дигар ҳеҷ!”


Шоҳҷон Раҳматшоев соли 1981 дар рустои Пишори ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнону Бадахшон ба дунё омада, баъди 12 соли мардикорӣ дар сохтмонҳои Русия ҳамагӣ як моҳ пеш хонадор шудааст. Бародари хурдии ӯ Шоҳнаврӯз, ки ҳамагӣ 22 сол дорад, мегӯяд, марги Шоҳҷон арӯси ӯро дар ҳоли шок андохтааст ва ӯ Худо мегӯяд, ки то бурдани ҷаноза падару модари пираш дар Бадахшон аз марги Шоҳҷон хабар наёбанд.


Қаблан сафорати Тоҷикистон аз анҷоми шиносоии ҷасади сарбуридаи Шоҳюҷон Раҳматшоев хабар дод. Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 29 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади Шоҳҷон рӯзи 28 декабр тавассути бародараш Шоҳнаврӯз ва ҳамкорони ӯ анҷом шудааст ва ин ҳаракати тафтишотӣ дақиқ кард, ки нафари шаби 26 декабр дар кӯчаи генерал Антонов дар ҷанубу ғарби Маскав ба сурати ваҳшиёна кушташуда, шаҳрванди Тоҷикистон Шоҳҷон Раҳматшоев будааст. Мақомоти пулис ба сафорат гуфтаанд, ки тафтиши куштор идома дорад, вале тафтишот ҳанӯз як фарзияи асосиро ҷудо накардааст.

Шоҳҷон Раҳматшоеви 32-сола, ки дар як сохтмон дар ҷануби ғарби Маскав кор мекард ва дар манзиле дар кӯчаи генерал Антонов иҷора менишаст, шаби 26 декабр дар наздикиҳои манзили иҷорааш бо 25 зарби корд кушта шуд. Қотилон, ки ба гуфтаи манобеъи "Lifenews" дар пулиси Маскав, ғолибан гурӯҳҳои қавмгароянд, сари ин муҳоҷири тоҷикро низ аз тан ҷудо кардаанд.

Муҳаммади Эгамзод гуфт, ба далели зарурати анҷоми ҳаракатҳои тафтишотӣ масъалаи барои интиқол ба Тоҷикистон ба хешовандонаш супурдани ҷанозаи марҳум то имрӯз ҳал нашудааст ва сафорат умедвор аст, ки асноди лозим барои анҷоми ин кор дар оғози ҳафтаи оянда омода хоҳанд шуд.

Нотаи Душанбе


Рӯзи 28 декабр вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар робита ба қатли ваҳшиёнаи шаҳрванди кишвар Шоҳҷон Раҳматшоев дар Маскав, ба ҷониби Русия ёддошт ва ё нотаи эътирозӣ фиристод. Тибқи иттилоъи дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин ёддошт рӯзи 28-уми декабр ба сафорати Русия дар Душанбе таслим шуд ва дар он аз мақомоти Русия тақозо шудааст, ки нисбати ин ҳодиса ба таври оҷил таҳқиқоти бетарафона ва мӯшикофона анҷом дода ва омилони ин ҳодисаи ваҳшатнокро дастгир ва муҷозот намоянд.

Дар нотаи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳамчунон аз матолиби бархе аз расонаҳои русӣ, ки ба бегонаситезиро доман мезананд, нигаронӣ шудааст. Ҳамчунин дар ёддошти эътирозии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба изҳоротҳои бархе аз ходимони ҷамъиятии Русия ишора шудааст, ки ба бегонаситезӣ мусоидат мекунанд.

​Ба дунболи қатли ин шаҳрванди Тоҷикистон, рӯзи 27-уми декабр Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, ки масъулони сафорат бо бародари Шоҳҷон Раҳматшоев сӯҳбат кардаанд ва дар назар аст, рӯзи 28 декабр ба вазорати умури хориҷии Русия ёддошт фиристанд.

Куштори ваҳшиёна

Бино бар хабари раёсати умури дохилии Маскав, ҷасади шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон Шоҳҷон Раҳматшоев соати 22-и шаби 26-уми декабр дар кӯчаи ба номи генерал Антонов кашф шуд. Пулис мегӯяд, ба тани Раҳматшоев 25 бор корд зада, сипас сари ӯро ҷудо кардаанд. Дар айни замон, ҷинояткорон ба пул ва дороиҳои қурбонии худ даст нарасондаанд.

Талошҳои полис, ки барои ёфтани қотилон аз сагҳои бӯйгир истифода кард, натиҷа надодаанд. Ҷасадро танҳо субҳи рӯзи 27-уми декабр, ҳамдиёрони Шоҳҷон Раҳматшоев, ки дар ҳамин минтақаи Маскав кор мекунанд, шиносоӣ кардаанд. Ин ҷавон дар ин минтақа як ҳуҷраро иҷора гирифта буд.

Полис гумон дорад, Шоҳҷон Раҳматшоев аз тарафи гурӯҳи миллатгароён ва нажодпапрастон кушта шудааст.

Ин аксҳоро аз маҳалли ҳодиса нашрияи "Lifenews" бардоштааст:


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG