Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маркази миллии тестӣ барои довталабони маъюб бар изофаи холҳои ба даст овардаашон 300 холи дигар тӯҳфа мекунад. Дар маҷмӯъ холҳои максималӣ 500 аст.

Зулфияи 17-сола, ки бо асобағал роҳ меравад дар қатори ҳамсолони дигараш ин шабу рӯз ҷиддан барои шомил шудан ба донишгоҳ омодагӣ мегирад.

Вай мегӯяд, набуди пойи равон монеъи муваффақияти ӯ дар зиндагӣ, ба вижа соҳибмаълумот шуданаш намегардад. Зулфия ҳам дар қатори беш аз 50 ҳазор довталаб исми худро дар Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон сабт кардааст ва интизори мавсими имтиҳонсупорӣ аст. Вай мегуяд: «Ман мехоҳам дар риштаи иқтисод таҳсил кунам. Ҳоло худомузӣ мекунам ва аз як устодам ҳам дарс мегирам. Аз волидонам минатдорам, ки барои таҳсил дар мактаби миёна ба ман кумак карданд. Орзу дорам соҳиби маълумот шавам ва дар зиндагӣ ниёзманди касе набошам».

Дар зимн як имтиёзи Маркази миллии тестӣ умеди ӯ ва ҳамтақдиронашро барои шомил шудан ба донишгоҳ бештар кардааст.

Ҳамакнун дар баробари ятимони кул, афроди дорои нуқси ҷисмонӣ ҳам бо ба даст овардани камтарин хол метавонанд шомили донишгоҳ шаванд. Бино ба иттилои ин марказ агар барои довталабони маъмулӣ холи максималӣ 500 муайян шуда бошад, ятимони кул ва афроди маъюб бар изофаи холҳои ба даст оварда 300 холи дигар тӯҳфа мегиранд.

Маҳмадалӣ Раҳмонов, муовини раҳбари Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 23-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, довталабоне, ки гурӯҳи маъюбии 1 ва 2 доранд аз холҳои имтиёзӣ танҳо дар асоси рӯйхати тасдиқкардаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ дар маҳалли зисти худ бархурдор хоҳанд шуд.

Вобаста ба ин, довталабони мазкур бояд дар шаҳру ноҳияҳои худ ҳатман ба намояндагии Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва гурӯҳи маълулии худро пешниҳод кунанд. Ҷаноби Раҳмонов гуфт: «Барои довталабоне, ки ятими кул ҳастанд ҳамингуна имтиёз, яъне 300 хол туҳфа дода мешавад. Аммо довталабоне, ки маъюби гуруҳи 3 доранд, аз чунин имтиёз бархурдор нестанд. Ҳадафи дубора пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маъюбӣ аз сӯи довталабон, ба он хотир аст, ки муҳлати баъзе аз чунин маълумотномаҳо гузаштааст. Аз ин руй мо ба хулоса омадем, ки дар ҳамкорӣ бо вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ онҳо аз ташхичи тиббӣ гузаранд ва баъдан марказ ба онҳо имтиёз диҳад».

Бино ба иттилои ҷамъияти маъюбон имрӯз дар кишвар ҳудуди 200 ҳазор афроди дорои имконоти маҳдуд ба сар мебаранд. Асадулло Зикрихудоев, раҳбари ҷамъияти маъюбони Душанбе мегӯяд, дар миёни ҷавонони маълул афроди болаёқату соҳибистеъдод хеле зиёданд, вале мушкилоти иқтисодии хонаводаҳо ва ҳам набуди имконияти мусоид дар роҳу таълимгоҳҳо аксаран боис ба он мешаванд, ки ин гуруҳи ҷавонон аз таҳсил дур монанд.

Зикрихудоев аз пешниҳоди имтиёз, барои афроди дорои имконияти маҳдуд истиқбол мекунад, аммо мегӯяд дар ин маврид як нуқтаи муҳим ба назар гирифта нашудааст. Вай гуфт барои истифодаи имтиёзи маркази милии тестӣ бояд довталабони маъюб санади тасдиқкунандаи маъюбӣ пешниҳод кунанд, ки ин ҳуҷҷат ба аксари онҳо, ки маълулии модарзодӣ доранд баъди сини 18 солагӣ дода мешавад: «Мо ҳам пешниҳод карда будем, ки ҳангоми пешниҳоди имтиёз ба довталабони маъюб, афроде ки маъюбии модарзодӣ доранд ба назар гирифта шавад. Вале ин тавр нашуд, аксари онҳое ки довталаб ҳастанд, 18 сола нестанд ва шояд ҳамин боис шавад, ки онҳо натавонанд аз ин имтиёз истифода кунанд».

Аммо масъулони маркази миллии тестӣ мегӯянд, онҳо дар ин бора комиссияи вижае таъсис додаанд, ки бар асоси фаъолияти ин комиссия довталабони маъюби то 18-сола ҳам метавонанд бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маъюбӣ аз ин имтиёз бархурдор шаванд.

Ба асоси омори маркази миллии тестӣ 197 нафар маъюбон худро дар нуқтаҳои бақайдгирии ин марказ сабтином кардаанд, ки то ҳол маъюбии 34 нафари онҳоро Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ пурра тасдиқ кардааст. Ва онҳое ки ҳануз ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маъюбиашонро пешниҳод накардаанд метавонанд то 15-уми июни соли ҷори гурӯҳи маъюбиашонро муайян созанд.

Масъулони ҷамъияти маълулони кишвар мегӯянд, аксари наврасону ҷавонони ҷисман маълул, вале дорои ақли солим, орзӯи дар қатори ҳамсолони дигари худ омӯзиши касбу ҳунар ва соҳибмаълумот шуданро доранд, аммо мушкилоти зиёде, аз ҷумла вазъи бади молии хонаводаҳо ва бетаваҷӯҳии волидон нисбат ба ояндаи онҳо, монеи амалишавии орзӯи ҷавонони маълул мешавад.

Ҳарчанд ба гуфтаи масъулин солҳои қаблӣ ҳам барои дохилшавӣ ба муассисаҳои олӣ, ба ҷавонони дорои имконияти маҳдуд имтиёз пешниҳод мешуд ва аксаран ин афрод ба риштаҳои иқтисодӣ таваҷҷӯҳи зиёд доштаанд. Мисли мусоҳиби мо Зулфия, ки умед дорад донишҷӯ мешавад ва новобаста ба ҳама мушкилоте, ки пеши роҳи афроди дорои имконоти маҳдуд қарор доранд, метавонанд ихтисоси дилхоҳашро аз худ кунаду дар зиндагӣ соҳиби мавқеи сазовор гардад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG