Муҳорибаҳои бидуни қоида тадриҷан дар миёни тоҷикистониҳои муқими Маскав ҳам маъруфият касб мекунад. Танҳо дар як клуби варзишии пойтахти Русия аз 20 ширкатдори ин бозиҳо, 15 нафарашон тоҷикон мебошанд. Муҳорибаҳои бидуни қоида аз маҷмӯи ҳаракатҳое иборатанд, ки ҳама намуди муҳорибаҳои варзиширо дар худ гунҷоиш додаанд ва аз навъи варзишҳои бидуни маҳдудият ҳам маҳсуб меёбанд.
Ифтихор Мӯъминови 22-сола мегӯяд, чор сол қабл барои “фатҳи Маскав” омад ва баъди нокомӣ дар таҳсили мактаби олӣ, ба муҳорибаҳои тан ба тан аз рӯи системаи ММА (истилоҳи ихтисоршудаи англисии Mixed Martial Arts) машғул шуд. Ҳоло Ифтихор яке аз фаъолтарин варзишгарони мактаби “Пересвет”-и Алексей Олейник, паҳлавони маъруфи рус ва иштирокчии мусобиқаи UFC мебошад.
Мисли Ифтихор, ҷавонҳои дигари тоҷик баъди анҷоми кор дар сохтмон ё соҳаҳои дигар, маъмулан шомгоҳон барои тамрин ба ин мактаб меоянд ва ҷиддан дар фикри инанд, ки ин мактаб барояшон воситаи расидан ба зиндагии нав мешавад. Ба гуфтаи онҳо, дар оғоз онҳо дар мусобиқаҳои байни даставӣ қувваи худро месанҷанд ва баъдан ба марҳилаҳои дигар баланд мешаванд.
Абдулҳамид Давлатов, ситораи FIGHT NIGHTS – мусобиқаи русиягии шабеҳи UFC мегӯяд, бисёр ширкатдорони ин бозиҳо ҳамин майдонро ҳам барои муаррифии худ, мардуми тоҷик ва баланд бардоштани парчами Тоҷикистон барои худ ифтихор медонанд.