Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Дуздии "парол"-ҳои Mail.ru корбарони тоҷикро нигарон кард


Истифодабарандагони пойгоҳи интернетии маъруфи русии «Mail.ru» дар Тоҷикистон аз шикаста шудани рамзҳои почтаи электрониашон дар ин сомона шикоят мекунанд.

Дар як ҳафтаи охир ҳакерҳо тавонистанд рӯйхати миллионҳо корбари почтаҳои электрониро ба даст биоранд. Бино ба хабарҳо, мушаххасоти 4,9 миллион почтаи Gmail, қариб 4,5 миллион почтаи Mail.ru ва беш аз 1 миллион корбари Yandex ба дасти “дуздони интернетӣ” афтодааст. Аз ин миён барои корбарони тоҷик ҳамлаи ҳакерҳо бахусус ба Mail.ru хеле маҳсус аст, чунки ин пойгоҳ дар Тоҷикистон садҳо ҳазор корбар дорад.

Даҳҳо истифодабарандаи почтаи Mail.ru ба Радиои Озодӣ аз гум шудани мактубҳо ва иваз шудани рамзи почтаи электрониашон сӯҳбат карданд. Бархе мегӯянд, зоҳиран афроде аз Русия почтаи онҳоро боз мекунад ва инро барояшон хабарномаи тақвимии “mail.ru” нишон медиҳад.

Мазҳаб Ҷумъа аз ҷумлаи корбаронест, ки мегӯяд, худ аз худ мактубҳояш аз почтаи “mail.ru” ҳазф мешаванд. Мазҳаб се сол инҷониб аз шабакаи “mail.ru” истифода мекунад ва чандин маротиба ба чунин мушкил дучор шудааст. Ба қавли Мазҳаб, имрӯзҳо амнияти почтаи электронии ӯ таъмин нест. Зеро бидуни ҳеҷ далел аз почта ғайб задани маълумотҳои лозима, ки дӯстонаш фиристодаанд, ба он маъност, ки амнияти почтаҳо таъмин нест. Вай мегӯяд: “Чизи дигар, ки барои ман ташвишовар аст вақте аз компютори кориям ба касе нома равон мекунам. Ё касе аз он тараф чат мезанад ба ман баробари нишастан дар компютори дигар ҳамаи онҳо дубора гашта ба почтаам меоянд.”

Мазҳаб ҳамчунин мегӯяд чанде пештар дар шабакаи “mail.ru” рамзи яке аз дӯстонаш шикаста шуд, ки ҳар қадар талош карданд, натавонистанд, ки дубора почтаро барқарор кунанд, е иттилооти дар почта бударо ҳифз намоянд. Мазҳаб мегӯяд, ҳоли ҳозир бештар аз Фейсбук истифода мекунад ва бо “mail.ru” камтар кор мебарад.

Садбарг Ғаффорова, корбари фаъоли дигари “mail.ru” мегӯяд, бештар аз се сол аст, ки аъзои ин шабака аст ва борҳо рамзи почтааш лағв шудааст. Садбарг мегӯяд маротибаи охирин, ду моҳи пеш, рамзи почтаашро нафаре шикастааст, ки на ҳакер аст ва на техникаро дар сатҳи аъло медонад:“Таъмини амният он ҷадар суст аст, ки дар ин шабака ҳар касе хоҳад осонакак рамзҳоро шикаста вориди почтаат мешавад. Вақте пароли почтаи маро шикастанд, аз номи ман ба ҳар касе ҳар чизе хостанд, навишта карданд. То дӯстонам хабар доданд, ки аз номам хело гап гуфта шуд. Баъди ин ҳодиса маҷбур шудам ба ҳама як як телефони хабар диҳам ,ки ба ҷой ман каси дигар нависта истодааст.”

Садбарг мегӯяд, ҳоли ҳозир дигар аз почтаи “mail.ru” истифода намекунад.

Аммо иддаи дигари корбарони ин шабака мегӯянд, солҳост аз он фаровон истифода мекунанд ва боре ба мушкил рӯ ба рӯ нашудаанд.

Шаҳноза Дилаёрова, як корбари дигар гуфт, бештар аз 7 сол боз ҳамарӯза аз тариқи “mail.ru” нома ирсол мекунад ва нома мегирад. Аммо ба гуфтаи вай, ягон маротиба рамзи почтааш шикаста нашудааст ва ҳатто ягон маротиба чунин мушкилеро эҳсос накардааст.

Ҳакерҳо ё онҳое, ки корро бо техникаи муосир хуб анҷом дода метавонанд, мегӯянд, аз ҳама осон шикастани рамзҳо дар “mail.ru” аст. Ҷовидон, ки ҷавони 24-сола, ки нахост насабаш гуфта шавад, гуфт, 5 сол инҷониб яке аз корбарони фаъоли ин шабака аст ва бештар аз 90 рамзро шикаста ё ба истилоҳи худаш шикастааст. Ҷовидон мегӯяд, аввалин бор се сол пеш барои санҷидани дӯстдухтараш ба ин кор даст зада буд. Ба гуфтаи ин ҷавони тоҷик, вай бештар рамзҳои дӯстонашро мешиканад ва шикастани рамзҳо аз ҳама осонтар дар “mail.ru” аст: “Дар Одноклассники, Gmail ва Facebook шикастани парол мушкилтар аст. Дар “mail.ru” ду карат ду аст. Тариқи барномаи махсус бе ягон проблема ҳар паролеро хоҳӣ дар “mail.ru” шикастан мегирӣ.”

Шикояти корбарони тоҷикии “mail.ru” дар ҳолест, ки бар асоси иттилои расонаи “Хабрахабр” бештар аз 4 миллион рамзҳои почтаи ин шабака дастрасӣ умум қарор гирифтааст. Тавре гуфта мешавад дар ин пойгоҳ бештар аз 4 миллиону 664 ҳаор сабтҳои шахсии истифодабарандагони “mail.ru” гирдоварӣ шудаанд.

Асомиддин Атоев

Асомиддин Атоев

Аммо Асомиддин Атоев, раҳбари Ассосиатсияи дастраскунандагони интернет дар Тоҷикистон мегӯяд, дар шикастани рамзҳои почта худи истифордабарандагон низ гунаҳкор ҳастанд. Чун ба гуфтаи ҷаноби Атоев, истифодабарандагон рамзҳои оддӣ ва осоншикан мегузоранд: “Ё кор дар почтаро қатъ накарда (выход) мераванд. Ё рамзи худро ба дӯстонашон мегӯянд, ки ин ҳам барои амниятӣ почтаҳо хатар дорад. Дар компюторҳо набояд парол ё рамз ҳифз карда шавад.”

“Майл.ру” аз пойгоҳҳои пуристифодабарандатарини интернетӣ дар Тоҷикистон аст, ки бино ба ҳисобҳо, дар ин кишвар беш аз ними миллион корбар дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG