Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иқтидори пойгоҳи 201 аз артиши Тоҷикистон 10 баробар бештар будааст


Паради ҳарбии нирӯҳои Қазоқистон.

Паради ҳарбии нирӯҳои Қазоқистон.

Пажуҳишгоҳи байналмилалии мутолеоти стратегӣ дар гузориши худ ба тавозуни низомӣ дар Осиёи Марказӣ баҳогузорӣ кардааст.

Ин гузориш, ки ахиран дар Лондон муаррифӣ шуд, вазъи артишро дар 171 кишвар таҳлил кардааст.

Дар гузориши “Тавозуни низомӣ-2013” омадааст, барои боло бурдани тавоноии низомӣ Қазоқистон бо Русия дар бораи сохтмони корхонаҳои низомӣ қарордод имзо кардааст ва акнун дорои саноати низомии худ низ шудааст ва артишро бо муҳимот ва қисмҳои эҳтиётии худ таъмин мекунад. Сохтмони корхонаи тавлиди мушакҳои дифои ҳавоии S-300 дар ҳоли анҷомёбист.

Қазоқистон ҳамзамон талош дорад тавоноии низомии худро дар обҳои Баҳри Хазар боло бибарад ва бо кӯмаки Фаронсаву Испания се муҷтамаи тавлиди мушакҳои зидди киштӣ месозад. Ин мушкҳо метавонанд дар масофаи 180 километр ҳадафро аз байн бибаранд. Дар маҷмӯъ, Қазоқистон дорои 20 ҳазор нирӯи низомӣ дар артиш, 3 ҳазор нафар нирӯҳои обӣ ва 12 ҳазор нафар нирӯҳои ҳавоист.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки артиши Тоҷикистон тибқи нақша аз 8 ҳазору 800 нафар бояд иборат бошад, вале ҳоло дар ин артиш 7 ҳазору 300 нафар хидмат мекунанд. Тоҷикистон дар минтақа ягона кишварест, ки ҳавопаймоҳои ҷангӣ
сарбозони тоҷик дар паради низомии 23.02.2013

сарбозони тоҷик дар паради низомии 23.02.2013

надорад, вале 1500 нафар нирӯи ҳавоиро нигаҳдорӣ мекунад.
Артиши Қирғизистон бар асоси штат бояд 10 ҳазору 900 нафарро ташкил диҳад, вале ҳоло аз 8 ҳазору 500 нафар иборат аст. 2 ҳазору 400 нафар нирӯи ҳавоӣ ва 33 ҳавопаймои ҷангӣ низ дар ихтиёр дорад.


Тоҷикистону Қирғизистон дорои камтарин нирӯи низомӣ мебошанд. Дар гузориш гуфта мешавад, ки тавоноии низомии Тоҷикистон маҳдуд аст ва ҳатто нигарониҳои дохилии амниятӣ дар ин кишвар боқӣ мондааст. Сарбозону афсарон шароити хуби машқ надоранд. Дар Тоҷикистон ҳамчунин 5000 нирӯи низомии Русия мустақаранд, ки дар ихтиёрашон техникаи низомӣ ва ҳавопаймои ҷангӣ гузошта шудааст, вале онҳо ба Тоҷикистон итоат намекунанд ва зери фармондеҳии артиши Русия қарор доранд.

Артиши Узбакистон аз 24 ҳазор нафар пиёданизом ва 7,5 ҳазор нирӯҳои ҳавоӣ иборат аст. 135 ҳавопаймои мухталифи ҷангӣ дорад. 340 тонку мошинҳои дигари низомӣ дорад, ки нисбат ба Қирғизистону Тоҷикистон дар маҷмӯъ бештар аст. Вале таҳлилгарон доштани артиши бузургро сарфи беҳуда медонанд ва мегӯянд, дар шароити имрӯза дар ҳеҷ гӯшаи дунё артишҳо байни худ ҷанг намекунанд, балки барои амалӣ сохтани барномаву нақшаҳои сиёсӣ на аз нирӯи низомӣ, балки аз роҳҳои дигар истифода мебаранд.

Комёб Ҷалилов, коршиноси тоҷик

Комёб Ҷалилов, коршиноси тоҷик

Комёб Ҷалилов, таҳлилгари умури амниятии Тоҷикистон мегӯяд, солҳои ахир вазъият тағйир ёфтааст. Вай мутмаин аст, ки дар шароити кунунӣ на барои Тоҷикистон ва на минтақаи Осиёи Марказӣ ”артиши сершумор лозим нест. Таҷрибаи имрӯза нишон медиҳад, ки дар ҷаҳон дигар ҷангҳо тавассути артиш пеш бурда намешавад ва артишҳо ҳам як шакли дигарро гирифтаанд. Онҳо шартномавӣ ва аслан тахассусӣ шудаанд”, мегӯяд ин таҳлилгар.

Оқои Ҷалилов мегӯяд, Тоҷикистон бояд артиши камшумор, вале зудамал ё муҳаррик дошта бошад, то дар шароити зарурӣ дар сурати сар даровардани гурӯҳҳои террористӣ ба Тоҷикистон битавонад худро зуд ба маҳал расонад. Вале истифодаи артиш дар баробари таҳдидҳои дохилӣ ҷоиз нест ва аз чунин кор сиёсати давлат метавонад осебпазир шавад. Барои баргардонидани таҳдидҳои дохилии кишвар нирӯҳои дохилӣ ҳастанд. Ба ин сабаб нигоҳ доштани артиш дар ноҳияҳо ё минтақаҳои Тоҷикистон зарурат надорад. Ба ақидаи оқои Ҷалилов, Тоҷикистон дар рӯ ба рӯи таҳдиди ягон кишвари хориҷӣ қарор нагирифтааст ва худаш низ нақшаи ҳамла ба кишвареро дар сар намепарварад.

Александр Голтс, таҳлилгари умури низомӣ дар Маскав ба омодагии низомии артишҳои Осиёи Марказӣ дар маҷмӯъ нигоҳ мекунад ва ба он баҳои чандон баланд намедиҳад. Ӯ мегӯяд, таҷҳизоту техникаи низомии ин артишҳо фарсудаанд ва аз даврони Шӯравӣ мондаанд, ки ҳатто собиқаи то 40 сола Александр Голтс, коршиноси низомӣ

Александр Голтс, коршиноси низомӣ

доранд. Вай мегӯяд, “агар мо дар муқоиса бо омодагии кишварҳои НАТО баҳо диҳем, албатта, омодагии артиши кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле заиф аст. Аслиҳаи аслии ҷангии онҳо аз давраи Шӯравӣ мондааст ва собиқаи 30-40 сола дорад. Гузашта аз ин, афсарон чандон касбӣ ва аз лиҳози ҳарбӣ босавод нестанд. Худи ҳамин омил нишон медиҳад, ки тавононии ҷангии онҳо чандон баланд нест”.

Бо вуҷуди ин Алексанр Голтс мегӯяд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ баъд аз хуруҷи нирӯҳои байналмиллалӣ аз Афғонистон мумкин аст, то ҳадде соҳиби аслиҳаву муҳимоти ғарбӣ шаванд, зеро кишварҳои паймони НАТО бахше аз аслиҳа ва техникаи низомии худро дар ин кишварҳо боқӣ мегузоранд. Агар чунин шавад, дар он сурат мушовирони низомии ғарбӣ низ дар ин кишварҳо ба фаъолият шурӯъ мекунанд, то истифода аз ин таҷҳизоту техникаро омӯзонанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG