Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куртаи наркобарон "муд" шуд


"Эл Чапо" ҳангоми мусоҳиба бо Шон Пен
"Эл Чапо" ҳангоми мусоҳиба бо Шон Пен

Баъди мусоҳиба бо Шон Пен, харидорони куртае, ки наркобарони мексикоӣ Хоакин Гузман дар ин сӯҳбат дар тан дошт, зиёд шудаанд.

Баъди нашри акси ҳунарманди маъруфи амрикоӣ Шон Пен бо раҳбари бузургтарин шабакаи қочоқи маводи мухаддири Мексика Хоакин “Эл Чапо” Гузман куртаҳои ҳамсон дар фурӯшгоҳҳои аёлати Техаси ИМА серхаридор шудаанд. Гузман, ки раҳбарии шабакаи ҷиноии “Синалоа”-ро бар ӯҳда дорад, моҳи июл аз зиндон фирор карда буд.

Дар шумораи ахири маҷаллаи “Роллинг Соунз” мусоҳибаи Шон Пен бо Гузман нашр шуд ва баъд аз он куртаи ӯ ба мӯд табдил ёфт.

Дар шаҳри Даллас тоҷире бо номи Гомеc мегӯяд, пираҳани Гузман, ки дар ширкати “Барабас” дӯхта шудааст, харидори зиёд пайдо кард. Ширкати мазкур акси Шон Пен ва Гузманро дар саҳифаи аввалаш нашр кард. Дар пайи он вуруд ба сайти ширкат чунон зиёд шуд, ки он аз кор монд.

Рӯзи сешанбе мақомоти Мексика амалиёти боздошти Гузманро пахш карданд. Нерӯҳои таъйиноти хос хабар ёфтанд, ки Гузман дар меҳмонсарое дар шаҳри Лос Мочиси вилояти Синалоа пинҳон аст. Муҳофизони Гузман ба сарбозон мухолифат нишон доданду худи ӯ мисли фирор аз зиндон тавассути канализатсия аз меҳмонсаро берун шуд. Ин дафъа кори ӯ омад накард ва пас аз ним соат ӯро ба ҳабс гирифтанд. Ба эҳтимоли зиёд Гузман, ки ду дафъа аз зиндонҳои Мексика фирор кардааст, ба ИМА истирдод шавад.

Баъди ҳабс куртаи "наркобарон" мӯд шуд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:30 0:00

XS
SM
MD
LG