Пайвандҳои дастрасӣ

Коршинос: Танга пули миллии ҳамсояҳоро беқурб мекунад


Дар хиёбонҳои Алматӣ баъди якбора беқурб шудани танга нархҳо боло рафтанд. Як кафее дар даромадгоҳаш муштариёнро ба ин муносибат ба нӯшидани коктейл даъват кард

Дар хиёбонҳои Алматӣ баъди якбора беқурб шудани танга нархҳо боло рафтанд. Як кафее дар даромадгоҳаш муштариёнро ба ин муносибат ба нӯшидани коктейл даъват кард

Рӯзи 20 август дар Қазоқистон қурби пули миллӣ якбора поён шуд ва то 30 дар сади арзиши худро аз даст дод.

Дар паи суқути 30-дарсадаи арзиши пули миллии Қазоқистон дар баробари доллари амрикоӣ, бозорҳои Тоҷикистон ҳассосият нишон медиҳанд, мегӯянд коршиносон. Ба иттилои “Азия-Плюс” рӯзи ҷумъа, 21 август аксар саррофиҳои Душанбе муомиларо бо доллар қатъ карда, танҳо чанд саррофии алоҳида арзи амрикоиро бо қурби баландтари ғайрирасмӣ – 6,85 сомонӣ пешниҳод мекарданд. Дар ҳоле, ки арзиши доллар аз рӯи муқаррароти Бонки миллӣ ҳамоно 6,52-6,54 сомонӣ мемонад. Таҳлилгари иқтисодӣ Нозим Ишонқулов гуфтааст, ки набояд интизори бетағйир мондани қурби пули миллӣ – сомонӣ дар баробари суқути арзҳои кишварҳои ҳамсоя дар минтақа буд.

Рӯзи 20 август дар Қазоқистон қурби пули миллӣ якбора поён шуд ва то 30 дар сади арзиши худро аз даст дод. Ба гуфтаи мутахассисон, ин натиҷаи сиёсати нави молии Қазоқистон аст, ки қурби тангаро озод нигоҳ дорад. Тасмим дар бораи қурби озоди танга дар ҳоле қабул шуд, ки қимати нафти хом – ашёи асосии содиротии Қазоқистон ҳам ҳамоно коҳиш меёбад. Субҳи панҷшанбе як доллар баробар бо 188 танга буд ва дар давоми чанд соат баъди ин то 255 танга гарон шуд. Президент Нурсултон Назрабоев гуфт, ки буҷаи кишвар бояд бо назардошти аз 30 то 40 доллар қимат доштани як баррел нафт таҳия шавад.

Ин вазъро Мерҳат Шарифҷон, шореҳи масоили Қазоқистон дар радиои Озодӣ шарҳ медиҳад.

Радиои Озодӣ: Онҳое, ки 30 дар сади сарвати молии худро дар як рӯз аз даст доданд, чӣ вокунише нишон медиҳанд? Чунин ҳолат бори охир соли 2009 ҳам рух дода буд.

Мерҳат Шарифҷон: Албатта, мардум вокуниш мекунанд. Вале ҳама талошҳо барои эътироз ҷилавгирӣ мешавад. Худи президент Нурсултон Назарбоев ҳам дар ҷаласаи ҳукумат гуфт, ки ҳама гуна кӯшиши арзи норизоият пешгирӣ мешавад. Яъне мардум норозӣ ҳастанд, вале ин ақидаро танҳо дар доираи худу дӯстон ё дар хона баён мекунанд. Ҳеҷ як вокуниши ошкоро садо надодааст. Полис ҳама талошҳоро барои

Мерҳат Шарифҷон

Мерҳат Шарифҷон

таҷаммӯи мардум дар майдонҳо ҷилавгирӣ кард. Тафовут бо соли 2009 ин аст, ки ҳоло беқурбшавии танга дар пасманзари коҳиши башиддати қурби рубл дар Русия рух медиҳад. Русия дар минтақаи собиқи шӯравӣ мисли як локомотив аст. Бори аввал девалватсия ё беқурбшавии танга моҳи феврали соли 2014 мушоҳида шуд. Бо вуҷуди ин ки ҳукумат талош кард мардумро мутақоид созад, ки чизе намешавад, боз ҳам бисёриҳо ба ин ҳолат омодагӣ медиданд.

Соли гузашта мизони беқурбшавии танга назар ба рубли русӣ бештар буд ва шумори зиёди мардум ба Русия рафта ба пасандозҳои худ мошину хона хариданд. Мардум омода мешуд ва кӯшиш мекард захираҳоро бо доллар нигоҳ дошта аз бонк қарзи камтар гирад. Ҳамин аст тафовути калони ин ҳолат бо соли 2009. Ҳолати имрӯза ба онҳое таъсир мекунад, ки аз бонк қарзи хона гирифтаанд, ҳамчунин дар нарху навои ғизо ва ҳама намуди маҳсулот инъикос мешавад. Қазоқистон, ки як содиркунандаи захираҳои энержии хом аст, ҳама чиз – аз хӯрок то масолеҳи сохтмониву либосро аз хориҷа ворид мекунад – аз Чин, Русия ва дигар кишварҳо. Аз сӯи дигар, бисёриҳо ин ҳолатро пешгӯӣ мекарданд. Агар дар гузашта қурби доллар 32 буду ҳоло 67 рубл шуд, беқурбшавии танга камтар эҳсос мешуд, вале ҳоло ин ҳолат бояд баробар шавад.

Радиои Озодӣ: Коршиносон мегӯянд, ки дар асл он чи ки дар Қазоқистон шуд, то ҷое натиҷаи фишори таҳримҳо болои ҳамсояи наздики ин кишвар ва муттафиқаш дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё - Русия аст. Ба фикри шумо, он ин таҳаввулот ба иқтисодҳои кишварҳои узви ин созмон чӣ таъсире хоҳад гузошт?

Мерҳат Шарифҷон: Ман фикр мекунам, ки масъалаи таҳримҳои зидди Русия ва ҳам фаъолияти Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро бояд ҳам ҷудо кунем. Чаро? Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё амалан кор намекунад. Дигар ин ки беқурбшавии танга, ки 30 дарсадро ташкил додааст, хеле камтар назар ба беқурбшавии рубли русӣ дар баробари доллар аст. Сабаб дар ин аст, ки бахши аъзами иқтисоди Қазоқистон ба нафт вобаста аст. Нафт арзон мешавад, чунин пастравии нарх дар тамоми ҷаҳон мушоҳида мешавад.

Девалватсияи танга ҳам дар пасманзари поинравии шадиди нархи нафти навъи “Бренд” сурат гирифт, ки камтар за 47 доллар аст. Назарбоев гуфт, ки то 30 доллар паст шудани нархи нафтро бояд интизор шуд. “Себрбанк” ҳам гуфт, ки агар нафт то 40 доллар паст шавад, арзиши доллар ҳам 70 рубл мешавад. Омили дигари ин вазъ беқурб шудани арзиши юани чинӣ шуд, ки дар ду ҳафтаи охир мушоҳида шуд. Чин як бозигари муҳим дар иқтисоди Шӯравии собиқ ва бахусус, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Ин ҳолат ба беқурбшавии пулҳои давлатҳои дигар ҳам дар минтақа сабаб шуд.

XS
SM
MD
LG