Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хотироти модаре аз Самарқанд


Донагул Назарова. Акс аз Радиои Замона

Донагул Назарова. Акс аз Радиои Замона

Дар шаҳри Амстердами Ҳолланд дар як ҳамоиш бо номи “Шаби адабии Самарқанд” се китоб, аз ҷумла “Хотироти модаре аз Самарқанд”-и Донагул Назарова рӯнамоӣ шуд.

Шоми 31 июл дар маркази фарҳангии “Мизроб” дар шаҳри Амстердами Ҳолланд “Шаби адабии Самарқанд” доир шуд. Дар ин шабнишинӣ шоираи афғонистонӣ Накҳати Дастагирзода китоби шеърҳои наваш бо номи “Дар мафсалаи дурӯғ ва дуо” ва ду адиби зодаи Самарқанд - Шаҳодати Улуғ китоби “Ҳамосаҳои Ҷайҳун” ва Донагул Назарова китоби “Хотироти модаре аз Самарқанд”-ро рӯнамоӣ карданд.

Абдулғаффор Сафаров, раҳбари Конуни Рӯдакӣ – созмони фарҳангии тоҷикони Ҳолланд рӯзи 1 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Дар ҷараёни шабнишинӣ, ки аҳли фарҳангро аз миёни зодагони Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон гирди ҳам овард, Парисо - набераи устод Раҳими Мусулмониён, ки дар Белгия илми тибб меомӯзад, дар бораи бобояш суханронӣ кард. Ҳамчунин як навозандаи эронӣ низ бо сетор ҳунарнамоӣ кард. Донагул Назарова, ки ҳунари овозхониву доиразанӣ ҳам доштааст, бо доира таронаҳои мардумии Самарқандро хонд ва духтараш, ки ҳамроҳ бо ӯ аз Инглистон ба ин маҳфил омада буд, дар ҳавои хонданҳои модараш рақсҳои миллии тоҷикиро иҷро кард.”

Шаҳодати Улуғ китоби “Ҳамосаҳои Ҷайҳун”-ро, ки таърихи подшоҳони Хоразмро қисса мекунад, аслан ба забони узбакӣ навиштааст, вале ба гуфтаи Абдулғаффор Сафаров, ин китоб ба тоҷикӣ ҳам тарҷума ва ба хатти кирилик низ чоп шудааст.

Аммо “Хотироти модаре аз Самарқанд”-и Донагул Назарова, ки дар Лондон дар нашриёти "H&S Media" нашр шудааст, тавре ҳам ки аз номаш бармеояд, китоби ёддоштҳои зиндагии зани тоҷикест, ки шояд барои нахустин бор ба як сурати хеле бараҳнаву ошкор дар намунаи зиндагии худ ҳаёти мазлумонаи модарони тоҷикро ба риштаи тасвир кашидааст.

Донагул Назарова модари хабарнигори шинохта Шаҳзодаи Самарқандӣ мебошад.

Шаҳзодаи Самарқандӣ бо модараш дар "Шаби адабии Самарқанд".Акс аз Радиои Замона

Шаҳзодаи Самарқандӣ бо модараш дар "Шаби адабии Самарқанд".Акс аз Радиои Замона

Шаҳзодаи Самарқандӣ, ки зимнан масъулияти гардонандагии “Шаби адабии Самарқанд” дар Амстердамро бар ӯҳда дошт, рӯзи 1 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи китоби “Хотироти модаре аз Самарқанд” гуфт: “Ин аввалин дафтари хотироти як модари тоҷик аст, ки бидуни худсонсурӣ, бидуни ин ки шавҳараш ё хешу табор нороҳат шавад, ҳамаи зулму сахтиҳо, ҳамаи занситезиҳое, ки шуда, тамоми саддироҳҳое ки буда, масалан, ӯро нагузоштанд, ки донишгоҳ дарс хонад, нагузоштанд, ки кор кунад, нагузоштанд, ки наққошӣ кунад, ва ҳамаи ин ҳунарҳояш дар дарунаш мондааст, ҳамаи инро навиштааст. Хотироти модари 8 фарзанд аст, ки ба унвони намунае аз зиндагии модарони тоҷик бо дард, бо ҷасорат навиштааст. Тамоми зулмеро, ки дар хонаи падару модар ва баъд аз дасти шавҳар дидааст, ва талош кардааст, ки фарзандонаш набинанд, рӯи қоғаз овардааст.”

Шаҳзодаи Самарқандӣ мегӯяд, ҳамзамон бо хотироти модар ёдддоштҳои падараш Холиқ Назаровро, ки дар солҳои бунёди нирӯгоҳи Норак котиби комсомоли ин шаҳр буд, рӯи чоп овардаанд. Ӯ мегӯяд, бардоштҳои падараш аз зиндагӣ аз ончӣ ки модар навиштааст, албатта, фарқ мекунад.

Шаҳзодаи Самарқандӣ афзуд, як паёми нашри хотироти падару модараш ба боқии падару модарони тоҷик ин аст, ки онҳо низ хотироти худро барои ояндагон бинависанд ва монеи хушбахтии фарзандони худ нашаванд.

Дафтари аввали хотироти Донагул Назарова аз солҳои 50, ки хонаводааш дар Оқсойи Самарқанд ба сар мебурд, оғоз ёфта, то замони суқути Иттиҳоди Шӯравиро дар бар мегирад. Донагул Назарова, ки ҳоло 61 сол дорад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, боз 5 китоби дигари хотирот дорад, ки бо ҳамин шеваи бозу ошкор навишта шудаанд.

Донагул Назарова: Ёддоштҳои ман достони духтароне дар кӯҳистон аст, ки дар дил ҳазор орзу доранд, истеъдод доранд, вале падару модаронашон онҳоро дарк намекунанд, орзуҳояшонро барбод медиҳанд, дилашонро мешикананд ва ба марде, ки дӯст намедоранд, нопурсида ба шавҳар медиҳанд. Аз ҷумла ба хешу табор. Ва ин духтар бо орзуҳои мурда дар хонаи шавҳар як умр бандӣ мешавад, шаллоқ мехӯрад, азоб мекашад. Дар бораи он духтарони ҳамсинфам, ки ба ҳолати мазлумиашон тоб наоварда, худро оташ заданд, низ дар ин китоб навиштаам.

Радиои Озодӣ: Худи шумо ҳам яке аз чунин дилшикастаҳоед?

Регистони Самарқанд

Регистони Самарқанд

Донагул Назарова: Хеле дилшикастаам. Ман замони таҳсил дар мактаб расм мекашидам, гулдӯзӣ мекардам, суруд мехондам ва хеле орзу доштам, ки донишгоҳ биравам. Дар мактаби миёна хеле ҷасуртар будам нисбат ба дигар духтарҳо. Аммо аз модар барои ин фақат сарзаниш мешунидам. Ман 16 сол доштам, ки маро ба писари тағоям, ки 33 сол дошт, ба шавҳар доданд. Модарам мегуфт, ӯ марди хондагӣ аст, туро ба Душанбе мебарад ва мехононад. Вале шавҳарам, ки аз ӯ умеди калон доштам, алакай дар шаби арӯсӣ диламро шикаст. Ӯ ба ман гуфт, ба ман зани хонагӣ лозим, зани кӯчагӣ пур дорам. Дилам сахт шикаст. Аз аввал меҳрам наомад. Ба ҳамин марди хондагӣ меҳрам наомад. Бо сахтиҳо зиндагӣ кардам, вале ба ду орзуям нарасидам – мехостам донишгоҳ бихонам, натавонистам, гуфта будам, ки дӯст дошта, издивоҷ мекунам, ба ин орзуям ҳам нарасидам. Ҳамин чизҳоро аз номи занҳои дилшикаста навиштам.

Радиои Озодӣ: Ва аммо шумо бо шавҳаратон 45 сол зиндагии муштарак доштед ва 8 фарзанд ҳам ба дунё овардед. Ҳоло муносибататон чӣ гуна аст?

Донагул Назарова: Муҳаббат надорам, вале ӯ писари тағоям аст, мешинем, сӯҳбат мекунем, гузаштаро ба ёд меорем. Чанд бор аз ман бахшиш ҳам пурсид, ки маро кам дид, ҳунару истеъдоди маро надид, нагузошт, ки ақалан дар хона наққошӣ кунам. Вале дар ниҳоят ӯ ҳам азоб кашид, ман ҳам азоб кашидам. Ва дилам ҳоло ба ӯ месӯзад.

Радиои Озодӣ: Аммо паёми асосии “Хотироти модаре аз Самарқанд” чист? Инки падару модарон монеи ба орзуҳояшон расидани фарзандон, бахусус духтарон нашаванд?

Донагул Назарова: То ҳол дар Самарқанд ин урфи бепурсиш ба хешу табор ба шавҳар додани духтар ваё ҳатман ба духтари хола, амак, ё тағо хонадор кардани писар боқӣ мондааст. Ба ҷавонон иҷозат намедиҳанд, ки бо муҳаббат издивоҷ кунанд. Ман, ки худ натиҷаашро дар зиндагии худам дидам, муқобили ин урфҳоям. Шавҳарам хеле исрор карда буд, ки ба духтаронат озодӣ надеҳ, онҳоро ба хешу табор ба шавҳар медиҳем. Вале ман мухолифат кардам. Ягона писарамро ба духтари дӯстдоштааш додам. Ҳарчанд падараш мехост, ки ӯ ба духтари тағояш издивоҷ кунад. Ҳамаи 5 духтарамро ҳам имкон додам, ки ҳар кадом бо хости дили худ издивоҷ кунад. Падарашон дигар мухолифат накард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG