Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози мардум алайҳи бебарқӣ ва бегазӣ


Соати ҳафти шоми 21 декабр сокинони норозии Саховат ҳанӯз дар кӯча буданд

Соати ҳафти шоми 21 декабр сокинони норозии Саховат ҳанӯз дар кӯча буданд

Сокинони аз бебарқӣ ва бегазӣ норозии маҳаллаи “Саховат” дар шаҳри Марғилони вилояти Фарғонаи Узбакистон аз рӯзи шанбе бо талаби таъмини ин маҳалла бо газу барқ дар кӯчаҳо ҷамъ шудаанд.

Сокиони биноҳои бисёрқабата дар маҳаллаи “Саховат”, воқеъ дар қаламрави корхонаи собиқи абрешими шаҳри Марғилони вилояти Фарғонаи Узбакистон аз рӯзи 19 декабр ба ин тараф ба нишони эътироз ба қатъи интиқоли нирӯи барқу газ ба ин маҳалла дар кӯчаҳо гирди ҳам меоянд. Манобеи бахши узбакии Радиои Озодӣ мегӯянд, сокинонро ба чунин шакли эътироз иқдоми сокинони ноҳияи ҳамсояи Қиргулӣ, ки бо чунин гирдиҳамоиҳо мақомотро маҷбур ба таъмини манзилҳояш бо газу барқ карданд, таҳрик додааст.

Як манбаи Озодӣ дар Марғилон гуфт, “мардум аз рӯзи шанбе дар кӯчаи назди корхонаи собиқи абрешим нишастаанд. Сокинони маҳаллаҳои Саховат ва Гулистон ба кӯчаҳо рехтаанд. Дар ин минтақа асосан биноҳои бисёрқабата ҷойгир шудаанд. Онҳоро пайваста қатъ шудани интиқоли нирӯи барқу газ ба чунин иқдом тела додааст. Вақте онҳо шуниданд, ки сокинони норозии Қиргулӣ бо газ таъмин карда шуданд, онҳо ҳам нотарсида ба кӯча баромаданд.”

Гуфта мешавад, дар маҷмӯъ аз 150 то 200 нафар дар Марғилон эътироз доранд.

Мақомоти интизомии Марғилон мегӯянд, аксари эътирозарон занонанд. Ба гуфтаи ин мақомот, рӯзи шанбе ба назди сокинони норозӣ намояндагони ҳокимияти шаҳр ва ниҳодҳои масъул омада, ваъда доданд, ки мушкили онҳоро ҳал хоҳанд кард. Баъди ин, меафзоянд мақомоти расмӣ, сокинони норозӣ хона ба хона шуданд.

Аммо манбаи Озодӣ дар мақомоти интизомии Марғилон мегӯяд, баъди онки интиқоли газ рӯзи якшанбе аз нав қатъ шуд, сокинон дигарбора ба кӯча рехтанд: “Рӯзи шанбе корхонаҳои барқу газ талош карданд, ки мушкилро ҳал кунанд. Вале фишори паст дар лӯлаҳо имкон намедиҳад, ки мардум бо газ таъмин карда шавад. Рӯзи душанбе ҳам, баъди онки интиқоли газ боз қатъ шуд, мардум аз нав ба кӯчаҳо баромаданд.”

Дар ҳокимияти шаҳри Марғилон ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки рӯзи 21 декабр ба назди занони эътирозгар дар маҳаллаи Саховат як гурӯҳи намояндагони ҳокимияти шаҳр, Хадамоти амнияти миллӣ, милиса ва дигар идораҳои масъул омада, бо онҳо “корҳои фаҳмондадиҳӣ” бурдаанд. Манбаи Озодӣ дар ҳокимияти Марғилон мегӯяд, ки ҳокими шаҳр ва додситони вилояти Фарғона низ ба назди эътирозгарон омад: “Рӯзи 21 декабр намояндагони ҳокимият боз ба назди сокинони маҳаллаи Саховат рафта, ба онҳо фаҳмонданд, ки дигар ягон нафарашон ба кӯча набарояд.”

Аммо бино ба охирин гузориши расида, соати ҳафти шоми 21 декабр ҳам як гурӯҳи сокинони аз набуди газу барқ норозии маҳаллаи Саховат ҳанӯз дар кӯча буданд. Ба ин далел, ба қаламрави ин маҳалла маъмурони милиса, амният ва корхонаи гази шаҳр низ сафарбар шудаанд.

Як рӯз қабл аз шурӯъи эътирозҳо дар шаҳри Марғилон, шоми 18 декабр ҳудуди 200 сокини биноҳои бисёрқабата дар ноҳияи Қиргулии шаҳри Фарғона ба нишони эътироз ба қатъи интиқоли газу барқ ба кӯча рехтанд. Оеҳо тӯли як соат роҳеро, ки ба Марғилон меравад, бастанд. Издиҳом танҳо баъди онки мақомоти маҳаллӣ ва милиса ба онҳо ваъда доданд, ки ҳамаро бо балонҳои газ таъмин хоҳанд кард, пароканда шуд.

Ин нахустин мавриди эътироз алайҳи камбуди газу барқ дар Узбакистон нест. Дар моҳи январ ҳудуди 50 зани сокини хоҷагии деҳқонии Мирзо Улуғбеки ноҳияи Хотирчии вилояти Навоӣ ба нишони эътироз ба қатъи интиқоли барқ роҳи Хотирчӣ-Зарафшонро бастанд. Занон танҳо баъди онки ҳокими ноҳия пеши онҳо ҳозир шуд ва ваъда дод, ки дигар нирӯи барқашонро қатъ намекунанд, хона ба хона шуданд.

Бо онки Узбакистон як кишвари содиркунандаи газ ба шумор меравад ва дар замони Шӯравӣ як манбаи умдаи таъмини барқи Осиёи Марказӣ низ маҳсуб мешуд, дар даҳ соли охир тақрибан дар ҳамаи вилоятҳояш пайваста мавридҳои қатъи интиқоли барқу газ мушоҳида мешавад. Сокинони бархе рустоҳо то 20-22 соат дар шабонарӯз аз нирӯи барқу газ маҳруманд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG