Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тибқи як пажӯҳиш, баъди издивоҷ дар Русия, мардони тоҷик дигар ба хонаводаҳои худ дар Тоҷикистон бетаваҷҷӯҳ мешаванд ва баръакс тамоми даромаду меҳрубониҳои онҳо насиби зану фарзандони нав мешавад.

Гулнораи 28-сола, аз зумраи заноне аст, ки шавҳари муҳоҷираш дигар ӯву фарзандонашро бо оилаҳои рус иваз кардаанд. Зимистони 4 соли пеш шавҳари Гулнора бо қасди дарёфти рӯзӣ ба муҳоҷират рафт ва бо ҳамин дигар аз худ дарак надод. Хабари оиладор шудани шавҳарашро дар муҳоҷират, Гулнора аз бародари ӯ шунид.

“Дигар аз шавҳарат дасту дил шуй” ҳамин тавр ба Гулнора расонданд, ки дигар интизори падари фарзандон нашавад. Вай мегӯяд, ки “ман бо ин вуҷуд бовар накардам, гуфтам аз шавҳарам ин гапро нашунидаам. Моҳҳои аввали рафтааш бароям пул мефиристод, баъд бас кард. 3 сол интизор шудам, ҳамин соле пеш фаҳмидам, ки дигар беҳуда. Вақте ин хабаро шунидам, аз қаҳр чанд қути доруи "димедрол" хӯрдам, ҳоло аз дарди ҷигар ва меъда азоб мекашам.”

Гулнора ҳоло мегӯяд, ки сиҳатии худро аз даст додааст ва наметавонад кори зиёд кунаду фарзандонашро пурра таъмин намояд. Духтари бузургаш дар ятимхона тарбия мегирад, писараш ҳам гоҳе ҳамроҳаш ва гоҳе ҳам дар хонаи падар аст. Гулнора мегӯяд, баъди рафтани шавҳар ба муҳоҷират, ӯ дар хонаи онҳо дигар ҷой наёфт ва баъди ҷангу ҷанҷолҳо ба назди модараш баргашт.

Ҳоло баъзан дар рӯзҳои таътил духтараш Хушбӯй барои кӯмак ба хонавода ва хариди ашёҳои мактабӣ ба талбандагӣ мебарояд. Шаҳринисо Сабурова, модаркалони Хушбуй мегӯяд, “гадоӣ ҳам мекунем, ана ҳоло мактаб ҳам сар шуд, вале мо ҳанӯз барои Хушбӯй дафтару қалам нахаридем.”

Мисли шаҳвари Гулнора, дар як соли ахир 12 ҳазор марди тоҷик, аксаран ҷавонон дар Русия оилаҳои нав бунёд карда, хонаводаҳои худро дар Тоҷикистон ба гӯшаи фаромӯшӣ супурдаанд. Ин омор дар пайи як пажӯҳиши муштараки созмону барномаҳои кор бо муҳоҷирон муайян шудааст.

Раҳмон Ӯлмасов.

Раҳмон Ӯлмасов.

Раҳмон Улмасов, раҳбари институти масоили муҳоҷират дар донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия, мегӯяд, баъди издивоҷ дар Русия, мардони тоҷик дигар ба хонаводаҳои худ дар Тоҷикистон бетаваҷҷӯҳ мешаванд ва баръакс тамоми даромаду меҳрубониҳои онҳо насиби зану фарзандони нав мешавад: “Барои мактаб, боғча таҳсилу либос ва хӯроки фарзандони зани рус кор мекунанд, онҳоро аз ҳар ҷиҳат таъмин мекунанд, аммо кам фикр мекунанд, ки бачаҳои дигари онҳо дар Тоҷикистон чӣ рӯзгоре доранд.”

Фишор, набуди дастгирӣ, шароити бади рӯзгор, мушкилоти фаровон дар хона ва тарбияи кӯдакон -- ҳолату шароити аксар заноне мебошад, ки шавҳарони муҳоҷирашон моҳҳову солҳо суроғашон намекунад. Ин хулосаи пажӯҳиши муштараке аст, ки Созмонҳои кор бо муҳоҷирон ва занон анҷом дода буд. Ин пажӯҳиш маълум карда буд, ки афсурдаҳолӣ ва ҳолати бади равонии занони таркшуда ба фарзандони онҳо, ки ҳамчунин аз шароити бади зиндагии бидуни падар ва таъқибу озор дар мактабу маҳалла азият мекашанд, таъсир мерасонад.

Акбар Субҳонов.

Акбар Субҳонов.

Акбар Субҳонов, ки дар Пажӯҳишгоҳи демография ва иқтисодиёт дар масъалаи муҳоҷират таҳқиқот мебарад, мегӯяд, ки “тадқиқоти сотсиологии мо дар ин раванд нишон дод, ки 27 дарсади оилаҳое, ки шавҳарҳояшон гузошта ба муҳоҷират рафтаанд, дар тарбияи фарзандон мушкилӣ мекашанд. 44 дарсади ин гуна оилаҳо барои иҷрои корҳои вазнини хонаводагӣ мушкил мекашанд ва 18 дарсади хонаводаҳо гуфтанд, ки раванди муҳоҷират ба таҳсили фарзандонашон таъсири манфӣ расонидааст”.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, дастёбӣ ба шароиту имконоти беҳтари кору зиндагӣ дар Русия, яке аз далелҳои афзоиши издивоҷи муҳоҷирон дар берун аз кишвар аст. Аммо ба гуфтаи муҳаққиқ Раҳмон Ӯлмасов, як сабаби аслии дигари пеш омадани ин мушкил, ҷавон шудани муҳоҷират аст.

Ин муҳаққиқи тоҷик мегӯяд, ки “ҳоло бештар ҷавонон талоши ба муҳоҷират рафтанро доранд.Ва ин ҳам як сабаби вайрон шудани институти оила мешавад Яъне, агар пештар муҳоҷирон ба фарзандону падару модари худ муносибати хуб доштанду онҳоро кӯмак мекарданд, акнун онҳо ҷавонтаранд ва омодаанд, берун аз кишвар оила бунёд кардаву он ҷо бимонанд. Ин раванд ҳатман ба вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар таъсир мерасонад.”

Раҳмон Улмасов бо нигаронӣ аз афзоиши раванди издивоҷҳо дар муҳоҷират, мегӯяд, паёмади ин раванд бадтар аз онест, ки интизор меравад ва дар сурати идомаи ин раванд то 10 соли дигар, кишвар ба бӯҳрони гендерӣ рӯ ба рӯ мешавад. Яъне имкон ҳаст шумори духтарони бешавҳар боз ҳам бештар аз ҷавонони сини издивоҷ шавад.

Ӯ бо ишора ба боло рафтани сини издивоҷ миёни духтарон, мегӯяд, аз ҳоло ҳам таъсири раванди издивоҷҳо дар хориҷ эҳсос мешавад. “Масалан пештар духтарон бештар аз сини 18 - 19 оиладор мешуданд, ҳоло бештар духтарон дар сини 26- 27 оиладор мешаванд.”

Иқтисоди бисёре аз хонаводаҳо дар Тоҷикистон бар рӯи маблағҳои муҳоҷирони корӣ устувор шудааст ва тибқи ҳисобҳои расмӣ, беш аз 1 миллион муҳоҷири тоҷик, дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Нозирони умур ва созмонҳои байналмилалӣ бар инанд, ки бояд мизони фақру бебизоатӣ поён ва ҷойи кор эҷод шавад, то батадриҷ бахше аз муҳоҷирон битавонанд дар назди оилаҳои худ кору зиндагӣ кунанду онҳоро бо оилаи нав дар Русия иваз накунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG