Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳақталошӣ"-ҳои беш аз ду солаи як сокини Душанбе


Дмитрий Лапшин
Дмитрий Лапшин

Як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳарчанд ду сол аст, талош мекунад, натавонистааст, аз мақомоти Тоҷикистон маълумотномае гирад, ки ӯ ҷанговари интернатсионалист аст.

Дмитрий Лапшин, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, аз ду сол ба ин тараф, талош дорад маълумотномае гирад, ки ӯ ҷанговари интернатсионалист, вале муваффақ нашудааст ва дар ин замина вай чандин мансабдору ниҳоди давлатиро ба додгоҳ кашонда бошад ҳам, то ҳол ба ҳадафаш нарасидааст.

Дмитрий Лапшин мегӯяд, миёнаҳои солҳои 1979-то 1980 вай дар машқҳои ҳарбии марбут ба кӯмаки интернатсионалистӣ ба Афғонистон ширкат карда, дар он маҷрӯҳ шуд ва дар бемористонҳои ҳарбии Тирмизу Самарқанд табобат гирифт. Лапшин ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт муроҷиат карда мехоҳад дар мавриди ширкати ӯ дар ин машқаҳои ҳарбӣ ва ҷароҳат бардоштанаш дар ҷараёни онҳо маълумотнома бидиҳанд.

Вай мегӯяд: «комиссари ҳарбии қаблии ноҳияи Сино Бойназаров ба ман иттилоъ дод, ки онҳо ин хел ҳуҷҷат надоранд. Баъдан ман ба унвонии президенти Узбакистон Ислом Каримов нома навиштам. Вай ба ниҳодҳои масъул дастур дод ва аз он ҷо ман маълумот гирифтам. Боз аз сарбойгонии ҳарбии шаҳри Санкт-Петербург низ дар мавриди ширкатам дар ин машқҳои ҳарбӣ нома гирифтам».

Лапшин дар асоси ин ду ҳуҷҷат бори дигар ба комиссарияти ҳарбӣ муроҷиат карда хост, онҳо барояш маълумотнома диҳанд, вале боз ҳам ҷавоби рад гирифт. Дар ҳамин ҳол, Лапшин аз «футболи бюрокротӣ» хаста нашуда, дар нисбати амалкарди мақомот ба президент Эмомалӣ Раҳмон шикоят навишт. Раисҷумҳур дар навбати худ ба вазорати мудофиа дастур дод, ки ба дархости ин шаҳрванд расидагӣ кунанд. Аммо Лапшин мегӯяд, на ин дархости раисҷумҳур ва на шикоятҳои ӯ дар нисбати ин амалкарди мақомодорон ба унвонии Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон то ба ҳол натиҷае надодааст.

Дар ҳамин ҳол, дар додгоҳҳое, ки ҷаноби Лапшин ба онҳо бо аризаи даъвогӣ муроҷиат кардааст, дар сӯҳбатҳои алоҳида ба «Озодӣ» гуфтанд, Лапшин бо вуҷуди гирифтани посухҳои зиёд ба аризаҳои шикоятиаш қонеъ намешавад ва боз ба зинаҳои болоии додгоҳӣ шикоят мебарад. Дар яке аз додгоҳҳои шаҳри Душанбе яке мақомдорон бидуни бурдани номаш гуфт, «рӯзе Лапшин ҳатто сояашро ба додгоҳ мекашонад».

Як мутахассиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон ба радиои «Озодӣ» дар мавриди Лапшин гуфт: «Ин шаҳрванд воқеан ба судҳои гуногун бо масъалаҳои зиёд шикоят бурдааст. Ба унвонии Шӯрои адлия низ шикоят оварда буд. Аммо мо ба ҳамаи шикоятҳои ӯ посухи мушаххас додаем».
Дмитрий Лапшин ва баҳсҳои додгоҳии ӯ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:20 0:00

Аммо Лапшин мегӯяд, мақомоти додгоҳии Тоҷикистон бидуни далел ва мадракҳои кофӣ шикоятҳои ӯро ба инобат намегиранд ва дар бархе аз мавридҳо ҳукми додгоҳ ҳам иҷро намешавад. Лапшин афзуд, вай борҳо аз болои раҳбарони сатҳи аввали ниҳодҳои кишвар, назири Рустам Менглиев, вазири адлияи Тоҷикистон, раиси Шӯрои адлия Зафар Азиззода низ ба додгоҳ шикоят бурда буд, аммо ин нафарон ба мурофеаи додгоҳӣ ҳозир нашудаанд ва дар бархе маврид намояндаи худро фиристодаанд.

Дар таҷрибаи Лапшин ҳолате низ иттифоқ афтодааст, ки аризаи вай аз сӯи додгоҳ қонеъ гардонида шудааст. Лапшин аз рӯи ду ҳамсояи хеш ба додгоҳ шикоят бурда аст, ки онҳо ба гуфтаи вай ғайриқонунӣ аз айвони худ ба берун дар кушодаанд: «Додгоҳ ин амали онҳоро ғайриқонунӣ хонда, ҳукм кард, ки ин дарҳо маҳкам карад шаванд. Чунки ин афрод талаботи қонунро дар мавриди меъморӣ нақз кардаанд».

Аммо ҷаноби Лапшин дар ҳузури мо нишон дод, ки ин дарҳо то ба ҳол ҳастанд ва ҳамсояҳояш аз он даробаро кардаву назди тирезаи хонаи ӯро ба халоҷо табдил додаанд.

Лапшин мегӯяд, аз ҳақталошӣ дар ниҳодҳои Тоҷикистон хаста шудааст ва акнун бо онҳо бештар тариқи почта ва хаттӣ муроҷиат мекунад. Чунки ба гуфтаи вай, дар сурати шахсан ҳозир шудан ба ниҳодҳои масъул ва дархости додани маълумотнома, мақомот ҳатман аз ӯ пул талаб мекунанд.

Лапшин мегӯяд, пас аз ин ҳама ҳақталошиҳо дар додгоҳҳо ӯ ба ин хулоса расидааст, ки мақомот бо сӯиистифода аз дониши ками ҳуқуқии аксарияти аҳолии кишвар, ба нақзи ҳаққи шаҳрвандон одат кардаанд.
XS
SM
MD
LG