Пайвандҳои дастрасӣ

Маркази таҳқиқоти журналистии Global Witness мегӯяд, Максим Боқиев, писари раисиҷумҳури собиқ ва фирории Қирғизистон, дар Бритониё дар манзили беш аз 5 миллиондолларӣ зиндагӣ мекунад.

Маркази таҳқиқоти журналистии Global Witness дар гузориши тозаи худ аз манзили беш аз 5 миллиондолларии Максим Боқиев -- писари Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури собиқ ва фирории Қирғизистон, дар Бритониё хабар додааст. Марказ мегӯяд, ин дар ҳоле ки Максим Боқиев дар ватани худ ба фасодкорӣ ва сӯиқасд ба ҷони як тоҷири бритониёӣ ғоибона маҳкум ба зиндон шудааст.

Ин дувумин таҳқиқоти Global Witness дар бораи Максим Боқиев аст. Том Мейн, намояндаи марказ дар сӯҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, дар гузориши дувум чизи тозае, ки пайдо кардаанд, ҳамин манзили писари раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон мебошад.

"Мо медонем, ӯ дар ҳамин манзил зиндагӣ мекунад, аммо он дар як ширкати оффшорӣ сабтином шудааст. Ин нишониро Максим Боқиев ҳамчун маҳалли зисти худ ба додгоҳ пешниҳод карда буд, вақте масъалаи истирдодаш ба Амрикоро баррасӣ мекарданд. Мо ба ин фикрем, ки соҳиби манзил худи Максим Боқиев аст,"-шарҳ додааст Том Мейн. Намояндаи маркази таҳқиқоти журналистӣ мегӯяд, онҳо ҷавоби ин суолро аз мақомоти Бритониё низ хостаанд, ки чигуна Максим Боқиев соҳиби манзили 5 миллиону 200 ҳазордолларӣ (3,5 миллион фунт стерлинг​) шудааст?

Максим Боқиев

Максим Боқиев

Global Witness мегӯяд, ин манзил дар ҷанубу шарқи Бритониё воқеъ буда, бар асоси санади расмӣ ба ширкати Limium Partners Limited тааллуқ дорад. Ин ширкат моҳи июни соли 2010, ҳамагӣ баъд аз 15 рӯзи рафтани Максим Боқиев ба Бритониё таъсис ёфта, манзилро моҳи августи ҳамон сол гирифта шудааст.

Максим Боқиев дар айёми ҳукумронии падараш Қурмонбек Боқиев раёсати оҷонси давлатии рушду сармоягузорӣ ва навовариҳои Қирғизистонро бар уҳда дошт. Аммо баъд аз суқути давлати ӯ дар натиҷаи ошӯбҳо дар моҳи апрели соли 2010 тарки Қирғизистон кард ва ба Лондон рафт. Вай дар ин муддат ду бор аз сӯи мақомоти Бритониё боздошт, аммо дар ҳарду дафъа дар ивази васиқа раҳо гардид.

Дар даврони ҳукуматдории падарон соҳиби мақом шудани фарзандон хоси натанҳо Қирғизистон, балки ҳамаи кишварҳои Осиёи миёна, аз он ҷумла Тоҷикистон аст.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ки аз соли 1992 зимоми қудратро дар даст дорад, 16 марти соли ҷорӣ писари калонияш Рустами Эмомалии 27-соларо раҳбари оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъин кард. Ӯ соҳиби рутбаи генерал-майор аст ва тайи тақрибан ду соли охир раиси хадамоти гумрук буд.

Хабари як расонаи туркӣ дар бораи мақоми нави Рустами Эмомалӣ

Хабари як расонаи туркӣ дар бораи мақоми нави Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ 19 декабри соли 1987 ба дунё омада, риштаи равобити байналмилалии иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм ва дар Академияи дипломатии Русия ҳам таҳсил кардааст. Вайсоли 2009, алакай дар синни 21 муовини раиси созмони ҷавонони Тоҷикистон (комсомоли собиқ), соли 2011 дар синни 23 ба ҷои генерали як замон пурнуфуз Сӯҳроб Қосимов раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон шуд.

Озодаи Раҳмон, духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳоло муовини аввали вазири умури хориҷии кишвар аст ва духтари дигари ӯ - Парвина Раҳмонова, ки соли 2002 коллеҷи тиббии ҷумҳуриявиро хатм кардааст, ноиби сардори хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббии назди вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолист.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG