Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Блоги зинда: СҲШ: раёсати даврӣ ба дасти Тоҷикистон гузашт

Амнияти марзҳо пас аз хуруҷи Амрико аз Афғонистон ва вокуниш ба бӯҳрони давомдори Сурия дар садри дастури кори нишасти сарони СҲШ -- Созмони ҳамкориҳои Шанхай қарор дорад.


Чакида

Нукоти асосӣ:

- Сарони кишварҳои СҲШ дар эъломияи ниҳоии ин нишаст вазъи Сурияро нигаронкунанда номиданд ва аммо ба мудохилаи беруна мухолифат карда, хостори ҳалли сиёсии бӯҳрон аз тарафи худи суриягиҳо шуданд.

- Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфт, ки бояд кишварҳои Осиёи Марказӣ дар масъалаи истифодаи захираҳои оби минтақа ба ризоият даст ёбанд.

- Сарони кишварҳои узв дар СҲШ гузориши солонаи Дабири кулли он ва раҳбарияти Шӯрои зиддитеррористии созмонро тасдиқ ва нақшаи кори СҲШ-ро то сол 2017 тасвиб намуданд.
17:26 13.9.2013
Дар Бишкек мулоқоти президентҳои Русия ва Эрон Владимир Путин ва Ҳасани Рӯҳонӣ баргузор гашт. Ду раҳбар ҳамкориҳои миёни ду кишвар, авзоъ дар Ховари Миёна, ба хусус Сурия, дурнамои баҳси барномаи ҳастаии Эрон ва густариши ҳамкориҳои ҳастаии байни ду кишварро баррасӣ мекунанд.
16:59 13.9.2013
Дар хотимаи нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Бишкек Тоҷикистон раҳбарии ин эътилофро барои як соли оянда бар зимма гирифт. Ҳамоиши навбатии сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай соли 2014 дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор хоҳад гашт.
16:34 13.9.2013
Дар поёни нишасти сарони кишварҳои СҲШ чунин ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ ба имзо расид:

- Эъломияи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Бишкек.

- Қарори Шӯрои
сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар бобати тасдиқи Барномаи фаъолиятҳо дар солҳои 2013-2017 дар роҳи татбиқи Шартномаи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории дарозмуддати миёни кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай.

-
Қарори Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар бобати тасдиқи Гузориши Дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Шанхай роҷеъ ба фаъолияти созмон дар соли гузашта.

- Қарори Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар бобати тасдиқи Гузориши Шӯрои Минтақаии ниҳоди зиддитеррористии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар соли 2012.

16:11 13.9.2013

Ёфтҳои бештар

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG