Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Смартфону Samsung S6 барои бурди лотереяи варзишӣ


Смартфон ё телефони ҳушманди Samsung S6 ва соатҳои ҳушманди Samsung Gear S бурдҳои лотереяи бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Австралия мебошанд.

Смартфон ё телефони ҳушманди Samsung S6 ва соатҳои ҳушманди Samsung Gear S бурдҳои лотереяи бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Австралия мебошанд.

Баъди анҷоми бозии даври чаҳоруми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Австралия, ки рӯзи 8 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 18:00 шурӯъ мешавад, мухлисони футбол метавонанд бо билетҳои тамошои ин дидор инчунин дар бозии лотерея ширкат намоянд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, се адад смартфон ё телефони ҳушманди Samsung S6 ва се адад соати ҳушманди Samsung Gear S бурдҳои лотерея мебошанд.

Нархи билети оддӣ, ки аз рӯзи 24 август ба фурӯш мебарояд, 20 сомонӣ, билетҳои махсус 50 сомонӣ, VIP-билетҳо 700 сомонӣ муқаррар шудааст. Бо VIP-билет мухлис бозиро дар курсии мулоим тамошо карда, ҳангоми танаффус ба ӯ дар нуқтаи ғизо хидмат расонида мешавад.

Доварони бозии сабқати гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Австралия аз Баҳрайн мебошанд.

Довари ФИФА Ҷамил Ҷумъа Абдулҳусейнин 42-сола сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Муҳаммад Ҷаъфар Моуҳаммад Салмони 35-сола ва Наваф Шоҳин Халифа Мӯсои 36-сола ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард. Абдулазиз Юсуф Абдулло эҳтиётиро бар дӯш дорад. Масъуд Муродӣ аз Эрон нозири доварон ва Ту Силианг из Чин комиссари ин бозӣ таъин шудаанд.

Дарвоқеъ, Ҷамил Ҷумъа ду бор бозиҳоро бо ширкати мунтахаби миллии Тоҷикистон ба ҳайси сардовар ҳакамӣ кардааст. Вай соли 2013 дар бозии сабқати интихобии Ҷоми даъвати АФК-2014 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Макао (3:0), имсол бошад, дар бозии марҳилаи интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 байни

ҷавонони зери 23-сола миёни дастаҳои Тоҷикистон ва ИМА (0:3) сардовар буд.

Ҳоло дар гурӯҳи “В” се даста – Урдун, Қирғизистон ва Австралия сеимтиёзӣ, Тоҷикистон ва Бангладеш якимтиёзӣ доранд. Урдун ва Австралия як бозӣ, се дастаи дигар ду бозӣ анҷом додаанд.

Ёдовар мешавем, сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Мубин Эргашеви 41-сола, ки 28 июли соли равон иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таъин шуд, мунтахаби кишварро ба бозиҳои сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 омода месозад. Эргашев дар ин вазифа Мӯҳсин Муҳаммадиевро, ки баъди нокомии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар оғози сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 аз вазифааш истеъфо дод, иваз кард.

Ба ситоди мураббиёни мунтахаби миллии кишвар мутахассиси 48-солаи украинӣ Роман Пилипчук, Аслиддин Ҳабибуллоев ва Никола Лазаревич, ки дар дастаи “Истиқлол” ёварони Эргашев мебошанд, дохил шудаанд. Ҳабибуллоев мураббии дарвозабонҳо, мутахассиси сербиягӣ Лазаревич бошад, мураббӣ оид ба омодагии ҷисмонии мунтахаби Тоҷикистон мебошанд.

Тақвими бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2018 дар гурӯҳи «В»:

Даври 1-ум

11 июн (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Урдун – 1-3

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 2-юм

16 июн (сешанбе)

Бангладеш – Тоҷикистон – 1-1

Даври 4-ум

8 сентябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Австралия. Соати 18:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 5-ум

8 октябр (панҷшанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Даври 6-ум

13 октябр (сешанбе)

Урдун– Тоҷикистон

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Бангладеш. Соати 17:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 9-ум

24 марти соли 2016 (панҷшанбе)

Австралия – Тоҷикистон

Даври 10-ум

29 марти соли 2016 (сешанбе)

Тоҷикистон – Қирғизистон. Соати 18:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

XS
SM
MD
LG