Пайвандҳои дастрасӣ

Иршод Сулаймонӣ, Шарифи Мисайзод... барандагони ҷоизаи Лоҳутӣ. ВИДЕО


Шарифи Мисайзод, хабарнигори маъруфи радиои Тоҷикистон соли ҷорӣ дра 50-солагӣ даргузашт

Шарифи Мисайзод, хабарнигори маъруфи радиои Тоҷикистон соли ҷорӣ дра 50-солагӣ даргузашт

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон зимни маросиме барандагони ҷоизаи Лоҳутиро эълон кард.

Зинатулло Исмолизода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон рӯзи душанбеи 17 октябр зимни маросими тақдими ҷоизаҳо дар толори Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гуфт, ки ҳайати комиссия дар бахши матбуот ҷоизаи Лоҳутиро ба Маҳмадалӣ Мақсадулло аз нашрияи “Чархи Гардун”, Иршод Сулаймонӣ аз Озодагон ва Абдулмаҷид Бобоиён аз радиои маҳаллӣ тақдим кард. Хабарнигори марҳуми радиои давлатии Тоҷикистон Шарифи Мисайзод пас аз маргаш барои саҳмаш дар журналистикаи тоҷик қадрдонӣ шуд. Иловатан, Исматулло Азизов аз телевизион ва дар бахши таҳқиқоти журналистӣ ба Шариф Муллоев, як устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия соҳиби ин ҷоизаи мӯътабари журналистӣ шуданд.

Иршод Сулаймонӣ бо таҳлилҳои сиёсӣ ва сӯҳбатҳои чолишбарангезаш маъруф аст

Иршод Сулаймонӣ бо таҳлилҳои сиёсӣ ва сӯҳбатҳои чолишбарангезаш маъруф аст

Дар ин маросим Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раиси ҷумҳур, Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг ва хабарнигорон ширкат доштанд. Зимни тақдими ҷоизаи Лоҳутӣ ба ҳамсари журналисти марҳум Шарифи Мисайзод, Абдуҷаббор Раҳмонзода аз ӯ ба унвони "як инсони самимӣ" ёд кард.

Зиннатулло Исмоилзода дар фарҷоми ҷоизасупориҳо шурӯи даври нави озмуни соли 2016-ро эълон кард ва гуфт, имсол ба хотири гиромидошти хотири раиси собиқи Иттифоқи журналистон марҳум Акбари Саттор ҷоизаи хосае таъсис шудааст. Вай гуфт, ҷоизаи мазкур ба соҳибкор, намояндаи мақомот ё ниҳоде дода мешавад, ки давоми як сол барои дастгирӣ ва ҷилавгирӣ аз басташавии расонаҳо ёрӣ мерасонад.

​Ба таъкиди ҷаноби Исмоилзода, ҷоизаҳо дар чор бахш - матбуот, телевизион, радио ва таҳқиқоти журналистӣ тақдим шуданд. .

Ҳарчанд дар солҳои гузашта тақдими Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ дар Рӯзи матбуоти тоҷик ба таърихи 11 март сурат мегирифт, аммо имсол аввал эълон шуд, ки дар арафаи таҷлил аз ҷашни Истиқлол -- 9 сентябр ва баъдан ба моҳи октябр гузаронида шуд.

Ҷоизаи ҷумҳуриявии ба номи Лоҳутӣ соли 1968 таъсис ёфтааст ва ҳар сол барои беҳтарин дастоварди рӯзноманигорӣ дар Рӯзи матбуот тақдим мегардад. То замони касби истиқлолияти Тоҷикистон, рӯзноманигорони кишвар 5-уми май, рӯзи нашри рӯзномаи «Правда» - нашрияи асосии Ҳизби Коммунистии Шӯравии пешинро чун иди касбии худ таҷлил мекарданд.

Аммо дар соли 1994 бо пешниҳоди Пайванди Гулмуродзода, устоди равоншоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва муаҳққиқи таърихи матбуоти тоҷик, Рӯзи матбуоти тоҷик, 11-уми март муқаррар шуд. Ин сана аз чопи нахустин шумораи нашрияи тоҷикии “Бухорои Шариф” гирифта шудааст. “Бухорои шариф” бори аввал 12 марти соли 1912 чоп шуда буд.​

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG