Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Toure de Tajikistan бо саёҳони... харсавор


Дар ин минтақа наздик ба 500 сокини маҳаллӣ аксар сайёҳони харсавори аврупоиро раҳбаладӣ мекунанд. Хатсайри сайёҳони хориҷӣ аз Ҳафткули ноҳияи Панҷакент тариқи кӯҳҳои Фон оғоз меёбад ва давоми 6 рӯз то Искандаркӯли ноҳияи Айнӣ мерасад. Дар ин манотиқи кӯҳӣ истифодаи мошин мушкил аст, аз ин рӯ маркаб ягона нақлиёти дастрас боқӣ мемонад.

Муҳаммадӣ Беков, ҷавони 28-солаи деҳаи Артучи ноҳияи Панҷакент устоди забони фаронсавист. Хардорони маҳаллӣ, ки бо сайёҳон сару кор доранд, назди ӯ забони фаронсавӣ меомӯзанд. Муҳаммадӣ рӯзи 29-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, таваҷҷӯҳ ба омӯзиши забони фаронсавӣ хеле зиёд аст. “Ин ҷо аз ҳама бештар сайёҳони фаронсавӣ меояд. Худам ҳам раҳбаладӣ мекунам ва ҳам дар курсҳои кӯтоҳмуддат ба соҳибони маркабҳо забони фаронсавӣ дарс медиҳам”, - гуфт ӯ.

Каримбой, роҳбаладе аз Панҷакент
Каримбой, роҳбаладе аз Панҷакент

Падари Муҳаммадӣ беш аз даҳ сол тариқи чаҳор хари боркаш сайёҳонро аз минтақаҳои кӯҳӣ ба тамошо мебарад. Нурмуҳаммад Беков мегӯяд, таҷрибаи роҳбаладии ӯ бо маркаб даҳ соли пеш шурӯъ шуд. Ӯ мегӯяд, чун дид, ки зебоиҳои қаторкӯҳҳои Фон аз ҳама бештар сайёҳони фаронсавиро ҷалб мекунад, соли 2010 писарашро барои шомил шудан ба факултаи забони фаронсавии Донишгоҳи омӯзгорӣ ба шаҳри Душанбе ҳидоят кард.

Ӯ гуфт: “Мо ба як донандаи забони фаронсавӣ ниёз доштем. Агар дар як сол мо сад сайёҳро раҳбаладӣ кунем, аз он ҳисоб тақрибан 80 нафараш аз Фаронса аст. Ҳоло бо чаҳор хар ва ду писарам ба ин кор машғул аст. Писарам пас аз хатми донишгоҳ ҳам соҳибони харҳоро дарс медиҳад ва худаш гурӯҳҳои бузургтари сайёҳонро раҳбаладӣ мекунад.”

Ба гуфтаи ӯ, рӯзе як хар ба буҷаи хонаводаи онҳо то 10 доллар даромад меорад ва аз ҳисоби ин кор хонавода дар як муддат тавонист барои худ мошини кӯҳгарди навъи “Шевроле” харидорӣ кунад.

Асадулло Раҳимов, як сокини маҳаллӣ мегӯяд, забономӯзӣ барояшон хеле фоида овард: “Мо ҳамин чизҳои оддии забони фаронсавиро меомӯзем. Бо сайёҳон гап зада тавонем ва ҳамдигарро фаҳмем шуд. Мо ин сайёҳонро аз 6 то 12 рӯз ҳамроҳӣ мекунем. Дар ин муддат забоне, ки меомӯзем, боз такмил мешавад".

Роҳбаладон дар ноҳияи Панҷакент ва Айнӣ дар баробари забондонӣ минтақаи кӯҳистонро ҳам хуб мешиносанд ва бо ширкатҳои сайёҳӣ ҳам ҳамкорӣ мекунанд. Руслан Ҳамроҳқулов, раҳбари ширкати «Orient Adventure» дар Тоҷикистон мегӯяд, сайёҳони фаронсавӣ тамошои қаторкӯҳҳои Фонро хеле хуш доранд. Ӯ мегӯяд, ширкати онҳо дар ду моҳи ахир наздик ба дусад сайёҳро барои дидани минтақа овардааст ва аксари онҳо фаронсавиҳо буданд.

“Фаронсавиҳо ба ин минтақа як дилбастагии хос доранд. Албатта, русҳо, немисҳо ва дигар миллатҳо ҳам ҳастанд, вале фаронсавиҳо аксарият ҳастанд. Пештар мо ба соҳибони харҳо дар варақаҳо забони муоширати оддии фаронсавиро навишта медодем. Ҳоло давоми ду сол онҳо худашон курсҳо ташкил карда, ин забонро дар сатҳи муоширати оддӣ хуб ёд гирифтаанд”, - гуфт Ҳамроқулов.

Ҳоло 11 ширкати сайёҳие, ки дар водии Зарафшон кор мекунанд, ҳама ба хидмати хар эҳтиёҷ доранд. Дар ин минтақаи кӯҳи роҳи нақлиётгард вуҷуд надорад ва тариқи хар аслан хӯрокворию ҷои хоби сайёҳон бурда мешавад. Худи хар ҳам як ҷонвари ҷонсахт буда, хароҷоти нигоҳубинаш чандон гарон ё мушкил нест – обу алаф кофист, ки ин нақлиёти зиндаи мусофирбар беминнат кор кунад. Тӯли умри кории маркаб ҳам 20-30 сол аст, аз ин рӯ хизматаш ба хонавода назаррас аст.

Авҷи сафари ҷаҳонгардон ба водии Зарафшон, шимоли Тоҷикистон аз охирҳои моҳи апрел шурӯъ шуда, то моҳи ноябр давом мекунад. Мавзеи шаҳри куҳани Саразм, Панҷаканди қадима, Ҳафткӯл, Арчамайдон, баландиҳои кӯҳи Фон, Искандаркӯл, Яғноб аз мавзеҳои дидании водииЗарафшонанд, ки ҳамасола ҳазорон сайёҳи хориҷиро ба ин минтақа ҷалб мекунанд. Соли гузашта ба водии Зарафшон аз 32 давлати дунё ҳудуди даҳ ҳазор сайёҳ ворид шудааст.

XS
SM
MD
LG