Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

100 км роҳи Гулсунбӣ то расидан ба президент


Эмомалӣ Раҳмон дар Шугнов

Эмомалӣ Раҳмон дар Шугнов

Зане, ки аз шаҳри Кӯлоб барои расонидани шикояташ ба президент ба Шугнови Ховалинг рафта буд, бино бар беморӣ дар ҳамон ҷо мондааст.

Гулсунбӣ Акрамова, сокини шаҳри Кӯлоб ҳангоме ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар бо сокинони ҷамоати Шугнов сӯҳбат мекард, аз миёни издиҳом бо ранҷи зиёд назди президент ҳозир шуд ва бастаи ҳуҷҷатҳоеро баҳри чораҷӯӣ ба раҳбари давлат дод. Сӯҳбати кутоҳи ин зан бо раҳбари давлатро телевизионӣ давлатӣ нишон надод, аммо худи ӯ дар як тамоси телефонӣ гуфт, ки раҳбари давлат ба ҳал шудани мушкилоташ ваъда додааст.

«Дар Кӯлоб нагузоштанд, ба Шугнов рафтам»

Шикояти ӯ аз болои раиси ҷамоати Кӯлоб ин будааст, ки мегӯяд, заминҳои кишти марбут ба хонаводаи онҳоро пас аз фавти падараш ба сокинон ғайриқонунӣ тақсим кардаанд, аммо талоши беш аз даҳсолаи ӯ барои соҳиб шудан ба як қитъаи замин бенатиҷа анҷом ёфтааст.


Хонум Гулсунбӣ дар як тамоси телефонӣ гуфт, пас аз сӯҳбат бо президент ӯро каме ранҷ додаанд ва ҳоло бемор буда, дар бемористони маҳаллӣ дар Шугнов табобат мегирад. Аммо ӯ афзуд, бовар дорад, ки президент ба додаш мерасад ва ҳақиқат барқарор мегардад.

Ин занро, ба гуфтаи худаш, «ноадолатии аз ҳад зиёд» маҷбур кардааст, то наздики сад километр роҳи харобро тай карда, ба мулоқоти президент бирасад, зеро дар Кӯлоб борҳо чунин талошҳояш ноком анҷом ёфтааст.

«Танҳо президент мушкили моро ҳал мекунад»

Алиҷони Нуралӣ, фарзанди ин зан мегӯяд, онҳо дар хонавода панҷ фарзанданд ва қабалан аз ҳисоби ҳамин заминҳои бобоӣ, ки ҳоло ҷамоати Кӯлоб онро барои сокинон ҳамчун манзили зист додааст, зиндагӣ мекарданд, вале ҳоло дар хонаи иҷорае дар шаҳри Кӯлоб бо мушкил ба сар мебаранд.

Салим Бобохонов

Салим Бобохонов

Ӯ гуфт, ки модарашон сахт азоб кашидааст. Ду бародараш дар Русия будаанд ва каму беш пул равон мекунанд. Баро гирифтани заминҳо ба ҳамаи ҷо муроҷиат кардаанд, вале бенатиҷа мондааст. Вай мегӯяд, дар ҳеҷ ҷо ба додаш нарасиданд. «Маблағе, ки меёбем, дар роҳкирои модарам сарф шудааст. Чи қадаре, ки гӯи, ҳамин қадар азоб дорем. Мо бовар дорем, ки президент мушкилоти моро ҳал мекунад,» - мегӯяд Алиҷони Нуралӣ.

Раиси ҷамоат: «Ин зан умуман дар қайди мо нест»

Аммо Салим Бобохонов, раиси ҷамоати Кӯлоб мегӯяд, даъвоҳои ин зан асосӣ қонунӣ надоранд. Ӯ гуфт, ки ин зан умуман дар қайди ҷамоати онҳо нест. Ба гуфти вай, ин оила 12 сол пеш дар ин ҷамоат зиндагӣ мекард ва ҳоло танҳо модарашон дар ҷамоати Кӯлоб зиндагӣ дорад. Салим Бобохонов гуфт, онҳо дар ин бора ҳамаи маводи лозимо ба додситонии кулл равон кардаанд.

Шикояти ин зан аз ноадолатиҳои раиси ҷамоати Кӯлоб ягона нест. Соли гузашта наздики даҳ сокини ин ҷамоат бо чунин мазмун ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, аммо мақомот пас аз санҷиш шикоятҳои онҳоро беасос донист.

Ҷӯрахон Кабиров

Ҷӯрахон Кабиров

Ҷӯрахон Кабиров, як сокини ин ҷамоат мегӯяд, беш аз сад мактуб аз қонуншиканиҳо раиси ҷамоати Кӯлоб ба мақомот ирсол кардааст, аммо пас аз тафтишҳо онҳоро ғайривоқеӣ медонанд. Кабиров мегӯяд, Салимов дар мақомоти болоӣ одам дорад, бинобар ин, ҳама гуна шикоят алайҳӣ ӯ бенатиҷа аст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, миқдоре аз заминҳои обӣ аз ҷониби раиси ҷамоат ба хешовандони наздикаш барои бунёди манзили зист тақсим шудаанд ва ӯ ба ҷуз манфиати шахсӣ дар ҷамоат ҳеҷ коре намекунад.


Охирин умеди аксар - муроҷиат ба президент


Аксари сокинони ҷамоати Кӯлоб, аз ҷумла Ҷӯрахон Кабиров, шикояти Гулсунбӣ Акрамова ба президенти кишварро кори дуруст медонанд.

Шикояти Гулсунбӣ Акрамова аз заминфурӯшӣ дар ҳудуди ҷамоати Кӯлоб дар ҳолест, ки соли гузашта муовини раиси ин ҷамоат ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 500 долари амрикоӣ аз ҷониби Ожонсии зидди фасод боздошт шуда буд.

Муроҷиат ба президенти кишвар ба охирин умеди сокинони Тоҷикистон табдил ёфтааст, ки корашон дар ҳеҷ ниҳоде ҳали худро пайдо намекунад. Аммо ба сокинони ангуштшуморе, ба мисли Гулсунбӣ Акрамова даст медиҳад, ки шикояташонро ба президенти кишвар бирасонанд. Ҳангоми сафарҳои президент ба маҳалҳо бештар онҳое ба сӯҳбати президент роҳ дода мешаванд, ки танҳо ба мадҳу ситоиши шахси Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати давлати ӯ пардохта, аслан ҳарфҳои интиқодӣ намегӯянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG